Мутаассифона, имрӯза дар бархе аз кишварҳои исломии Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ, родиколисм ва ҷоҳлият чунон густурда шудааст, ки ҳатто дар қурун вусто, ҷаҳон ислом аз ин таассуб ба дӯр буд.
Нависанда: Бахтиёр Ҳамдамов
Дин бояд мубтанӣ бар хирад бошад, на хушунат ва табъиз.
Мубориза сулолаҳои чинӣ барои қудрат муддатҳост, ки фаромӯш шудааст. Имрӯз Чин як кишвари воҳид аст ва ҳама мардуми Чин барои пешрафт ва шукуфоии он сахт талош мекунанд.
Ман ҳамеша ба ин фикр мекардам, ки чаро ин ҳама адён ва мазоҳиб дар Чин вуҷуд дорад, аммо онҳо ҳаргиз бо якдигар низоъ намекунанд. Яке пайрави Конфутсий (конфутсиянизм), дигаре тарафдори ақоиди даосизм ва саввумӣ ҳаводори буддизм. Ба ҳар ҳол, инҳо мазоҳиби мухталиф ва дидгоҳҳои мутафовит дар мавриди ҷаҳон ҳастанд... Аммо ҳамаи инҳо монеъ аз ин намешавад, ки чиниҳо, мисли як миллати воҳид, ба таври мусолиматомез ҳамзистӣ кунанд ва Чини ҷадидро қудратмандтарин иқтисоди ҷаҳон бисозанд.
Як бор аз дӯсти чиниам пурсидам: рози иттиҳоди шумо бо вуҷуд ин ки ба адёни мухталиф эътиқод доред, чист?
Аз посухи ҳакимонаи ӯ шигифтзада шудам:
"Рози муваффақияти Чин дар таъсиргузорӣ бар идеология аз ин се доктрина аст, ки таодулро ҳифз мекунад. Аввалӣ, омӯзаҳои Конфутсий аст, ки мубтанӣ бар инсоният, ростӣ, хирад ва имон аст. Дувум, омӯзаи даосисм мубтанӣ бар тақлид аз табиат ва сабр (инфиол) ва дар ниҳоят омӯзаи буддоӣ аст, ки таҷриба, сахтгирӣ ва инзиботи нафс, шинохти ҳудуди эътиқодот ва эҳтиром ба ақоиди дигарон аст. Ин се омӯза мухолифи якдигар нестанд, балки мукаммили ҳам ҳастанд... Аммо шумо чаҳорумин дини бузурги кишварамон, исломро фаромӯш кардед, - ӯ бо лабханд гуфт. Мо ҳаргиз исломро дини бегона ва мусулмонони худро матруд надонистаем. Мусулмонон ҳамеша аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи мо будаанд ва нақши онҳо дар тавсеаи Чин зарурӣ аст."
Дарвоқеъ, дар ҷараёни ин сафар шоҳид будем, ки мардуми Чин бо сабр, ҳиммат, равшангарӣ, сахткӯшӣ ва аз ҳама муҳимтар меҳанпарастии худ, кишвари худро дар бист соли гузашта ба яке аз пешрафтатарин кишварҳои ҷаҳон табдил кардаанд. Зеро шиори рӯзонаи онҳо "ҳамгомӣ бо замон" аст.
Ман ағлаб фикр мекунам. Мо - мусулмонон чӣ мекунем? Як Худо, як дин, як паёмбар (с) аммо ин монеъ аз он намешавад, ки доиман бо якдигар даргир шаванд ва якдигарро нобуд кунанд. Дар айни ҳол, яке аз аҳкоми аслии ислом нодида гирифта мешавад, зеро дувумин гуноҳ аз бузургтарин гуноҳони ислом, қатли як инсони бегуноҳ аст. Дар оёт Қуръон ба сароҳат омадааст, ки қатли инсон муъмин ё ғайримуъмин ва низ амдӣ ё саҳвӣ бошад, бадтарин гуноҳ аст, зеро тааддӣ ба хилқати Холиқ, ба моликияти Ӯст.
Аммо, мутаассифона, имрӯза дар бархе аз кишварҳои исломии Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ, радикализм ва ҷоҳилият ба ҳадде густариш ёфтааст, ки ҳатто дар қуруни вусто низ ҷаҳони ислом аз ин таассуб ба дур будааст. Дар ғайри ин сурат, созмонҳои террористӣ, монанди ДОИШ*, Ихвон-ул-муслимин*, Ал-қоида*, Ҷунбиши исломии Туркистони Шарқӣ*, Толибон* ба нобиғаҳое, монанди ал-Хоразмӣ, Ибни Сино , Баравнӣ, Закариёи Розӣ ва Ибни Ҳайсам, ки поя ва асоси тавсеаи илми модернро гузошта буданд, иҷоза медоданд, ки озодона зиндагӣ ва эҷод кунанд? Баид аст…
Агар ба мероси ғании маънавии аҷдодамон бингарем, дармеёбем, ки намояндагони бузурги ҷаҳони ислом дар канори файласуфони номдори ҷаҳон, аз ҷумла Чин ҳақиқат, имон, виҷдон ва билохира як шахсро бар ҳама ихтилофоти мазҳабии ғайримантиқӣ муқаддам медонанд. Имрӯз, мутаассифона, ҷаҳони ислом дар шароити сахте қарор дорад. Иллат ин аст, ки ҳадаф аз ин талошҳои беҳудаи шайхҳо, охундҳо ва муллоҳо дар ҳар замон, ихтилофафканӣ миёни мардум ва дастёбӣ ба қудрату сарват аз ин роҳ будааст.
Тарди илм, тамаддуни модерн ва фанновариҳои ҷадид ва низ маҳдуд шудан ба омӯзаҳои динӣ, моро ба ин вазъият расондааст. Мо одат кардаем, ки ҳамаро муқассири ҳама гирифториҳо ҷуз худамон бидонем. Худатон фикр кунед... Агар мо мусулмонон бо ҷаҳли худ заминаи ихтилоф ва нифоқро эҷод намекардем, оё абарқудратҳое монанди Амрико ва кишварҳои ғарбӣ метавонистанд ҷаҳонӣ исломро дасткорӣ кунанд? Ва ин ки ин кишварҳо бо эҷод ва таъмини молии проектҳое, монанди ДОИШ, Ал-қоъда, Ҷабҳа ал - нусра*, Толибон ва Ҷунбиши исломии Туркистони Шарқӣ, исломи суннатиро нобуд мекунанд ва ин ҷунбишҳои террористиро алайҳи кишварҳое роҳандозӣ мекунанд, ки барои худашон хушоянд нест, монанди Русия, Чин ё кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дигар як роз ҳам нест.
Дар яке аз сафарҳоямон ба Чин, аз гурӯҳи мо даъват шуд то бо фаъолиятҳои проекти пешгирӣ аз биёбоншавии шаҳри Нинся ошно шавад, ки бисёр ҷолиб ва омӯзанда буд. Дар ин нишаст, Вонг Юде, раҳбари ин проект, ки бисёре дар Чин ӯро қаҳрамон медонанд, бар зарурат ва аҳамияти ҳифзи табиат, табдили биёбонҳо ба парку боғ таъкид кард, ки чизе муҳиммтар аз баҳси сиёсӣ дар Ғарб ва талош барои демократиза кардани кулли курраи замин дар тасвири худаш аст.
"Ман ду душмани қасамхӯрда дорам - гуфт оқои Вонг бо лабханд - ҷанг ва биёбон. Ман мусулмонам ва агар ба ҷои шумо шайхҳои араб ё раҳбарони Ал-қоида ё Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ меомаданд, тибқи расми мусулмонони маҳаллӣ онҳоро ба кори халлоқона водор мекардам, яъне дар биёбон гиёҳ бикоранд. Ба онҳо мегӯям, ҷиҳоди воқеӣ ин аст, ки биёбон ба боғ табдил шавад ва хуни ноҳақ рехта нашавад”.
Нохост фикр кардам... Агар ҳама мутакаллимон ва уламои исломӣ монанди Вонг Юде, як коргари соддаи мусулмон аз Чин буданд, ҳаргиз дар ҷаҳони ислом ҷанг ва хунрезӣ рух намедод.
*Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милал аст.