Оё ба ростӣ Толибон мазҳаби ҳанафӣ доранд?

Нависанда: Муҳиддин Маҳдӣ, сиёсатмадор ва пажӯҳишгар

Яке аз меъёрҳо барои ёфтани посухи равшан ба ин пурсиш, бархӯрди ин гурӯҳ бо забони форсӣ аст, чун форсӣ забони модарии Имом Абӯҳанифа буд ва ӯ пешвои мазҳаби ҳанафӣ аст, имоме, ки садҳо миллион мусулмони ҷаҳон пайрави ӯянд. Имом Абӯҳанифа ҳамон касест, ки фатво дод, ки метавон намозро бо забони форсӣ барпо дошт.

Ва илова бар ин ва болотар аз он, форсӣ забони модарии аксарияти сокинони Афғонистон аст. Форсӣ забони байниқавмии аксарияти қариб ба иттифоқи мардуми Афғонистон аст. Форсӣ забони дувуми ҷаҳони Ислом аст, зеро нахустин забонест, ки Қуръон ба он баргардон ва тафсир шудааст, забонест, ки тамоми Осиёи Муқаддам ва Осиёи Марказӣ ва Осиёи Шарқӣ то Бирма ва Индонезия ва Филиппин, бо ин забон бо Ислом ошно шудаанд.

Форсӣ забони шаш имоми ҳадис, яъне соҳибони Саҳеҳи Ситта: Бухорӣ, Нишопурӣ, Сиистонӣ, Тирмизӣ, Қазвинӣ ва Насоӣ аст.

Форсӣ забони аввали ирфони исломӣ аст; забони Боязиди Бастомӣ; забони Абулҳасани Харақонӣ; забони Хоҷа Абдуллоҳи Ансории Ҳиравӣ; забони Алии Ҳуҷвирии Ғазнавӣ; забони Санои Ғазнавӣ; забони Шамси Табрезӣ; забони Мавлоно Ҷалолуддини Муҳаммади Балхӣ-Румӣ; забони Абдурраҳмони Ҷомии Ҳиравӣ.

Форсӣ забони бузургоне чун Бӯалӣ Синои Балхӣ, Абурайҳони Берунӣ, забони Абубакри Розӣ, забони Муҳаммад ибни Мусои Хоразмӣ аст.

Форсӣ забони муфассирони бузурге чун Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ; Абулфатҳи Розӣ; Абулфазл Рашидуддини Майбадӣ (соҳиби тафсири ирфонии «Кашф-ул-асрор» ба забони форсӣ) аст.

Форсӣ забони фақеҳони бузурге чун Бурҳонуддин Алӣ ибни Абубакр Марғинонӣ, муаллифи «Ал-Ҳидоя»; забони Абубакр Муҳаммад ибни Иброҳими Бухорӣ; забони Абуллайс Наср ибни Муҳаммади Самарқандӣ; забони Шамсул-аимма Муҳаммад ибни Аҳмади Сарахсӣ; забони Наҷмуддин Абӯҳафси Насафӣ (он касе, ки китоби «Ақоиди Насафия»-ашро Охунди Дарвеза ба забони пашту тарҷума кардааст).

Дар ниҳоят: форсӣ забони «Имоми Афғонҳо», Охунди Дарвезаи Нангарҳорӣ аст.

Оё душманӣ бо ин забон далели равшани дурӯғгӯӣ ва тазоҳуркории гурӯҳи Толибон дар мусулмонӣ ва ҳанафият нест?

Толибон на танҳо меросбари душманӣ ва таассубҳои забонии ҳукуматҳои афғонии пеш аз худ нисбат ба забони форсӣ ҳастанд, балки амалан аз онҳо қадамҳои фаротар гузоштаанд. Инҳо забони идораро баргардонидаанд; инҳо забони лавҳаҳоро тағйир додаанд; инҳо номҳои маҳалҳо ва мавзеъҳои таърихиро дар шаҳри Кобул ва ҷойҳои дигар тағйир додаанд [ба наздикӣ як навори видеоӣ дидам, ки рӯйдодҳоеро дар бораи Кӯчаи Харабот гузориш медод. Дар паси гузоришгар, рӯйи лавҳае, ки дар даҳани кӯча гузошта шуда буд, ибораи паштуии “да Харобот кӯча” худнамоӣ мекард].

Гурӯҳи Толибон мисли аслофи худ исрор бар дарӣ хондани номи забоне доранд, ки номи гӯяндагонаш дар ҳадиси Паёмбар омадааст: “Агар дин назди Сурайё мебуд, марде аз Форс ба он даст меёфт”, дар ҳоле ки дар давраи исломӣ, дарӣ сифате аз сифатҳои забони форсӣ будааст. Ин сиёсат барои он ба вуҷуд оварда шуда буд, ки робитаи ҷамъияти бузурги порсӣ/форсизабони кишварро аз таърих ва фарҳангашон ҷудо созанд ва онҳоро аз бартариҳои ҳамзабонӣ бо форсизабонони кишварҳои дигар маҳрум созанд.

Яке аз шеваҳои маҳрумсозӣ аз бартариҳои ҳамзабонӣ, монеъ шудан ба ба кор гирифтани вожаҳо ва истилоҳоти сараи форсӣ, ба баҳонаи хориҷӣ будани онҳост. Намунаи машҳур ва таърихии ин равиш, ҷилавгирӣ аз ба кор гирифтани вожаҳои "донишгоҳ" ва "донишкада” аст. Бо он ки борҳо нишон дода шуд, ки муодилҳои мазкур дар осори қадимии забони форсӣ вуҷуд доранд, аз ҷумла, инҷониб акси саҳифаҳои китоби Оини Акбарӣ (таълифи Абулфазли Алломӣ — вазири Ҷалолуддин Муҳаммад Акбар)-ро нишон додам, ки дар онҳо вожаҳои донишгоҳ ва донишкада ба кор рафтааст. Вале аз ҷаҳолат ва таассуб даст барнадоштанд.

Ба наздикӣ Вазорати иттилоот ва фарҳанги Толибон, ба фармони раҳбари ғоиби худ, гурӯҳеро вазифадор сохтааст, то лоиҳаи “яксонсозии усули имлои забонҳои пашту ва дарӣ”-ро омода созанд. Аммо аз ҳамон оғози кор, дар сарномаи ин «гурӯҳ» вожаи англисии «воркшоп» (Workshop)-ро гузоштаанд: “Воркшопи панҷрӯзаи ислоҳ ва яксонсозии усули имлои забонҳои пашту ва дарӣ”.

Яъне ба қавли Ҳазрати Саъдӣ:

Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ,

То Сурайё меравад девор каҷ.

Дар ҳоле ки — кам аз кам — аз ҳазор сол ба ин тараф, дар насру назми форсӣ вожаи “коргоҳ” ба маънои маҳалли кор ва истеҳсоли колоҳои моддӣ ё маънавӣ ба кор меравад.

Ба таври мисол:

Дар наср, аз “Таърихи Бухоро”: «Ва Бухоро коргоҳе будааст миёни ҳисор ва шаҳристони наздики Масҷиди Ҷомеъ ва дар вай басот ва шодравонҳо бофтандӣ”.

Дар назм, ду намуна аз Манучеҳрӣ, шоири дарбори Маҳмуд ва Масъуди Ғазнавӣ:

Сад коргоҳи Шуштар кардааст боғи Лош,

Сад коргоҳи Тибет кардааст дашти Тай.

Ё:

Чунон коргоҳи Самарқанд шуд,

Замин аз дари Балх то Ховарон.

Дару бому девори он коргоҳ,

Чунон зангиён, коғазгарон.

Толибон қасдан аз ҳақиқати вуҷуд доштани ин муодилҳо чашм мепӯшанд, зеро, бешубҳа, дар он гурӯҳ касоне ҳастанд, ки аз ин масъала огоҳанд ва ин мавридҳоро ба онҳо ёдрас кардаанд. Вале аз он ҷо ки ин муодил дар забони пашту вуҷуд надорад; ногузир бояд забони форсиро аз пешравӣ боздоранд.

Борӣ, дар давраи ҷумҳурият, дар ҳамин Вазорати иттилоот ва фарҳанг, сухан бар сари номи ҳамин вазорат буд. “Иттилоот ва Култур” варианте буд, ки аксарияти як “коргоҳ” — аз ҷумла яке аз мақомҳои телевизиони “Шамшод” — бар тасдиқ ва тасвиби он пофишорӣ мекарданд, то мабодо “Иттилоот ва фарҳанг” тасдиқ шавад. Дар як ҷаласа, ки аксарият бо онҳо буд, муваққатан муқаррар гардид, ки номи вазорат “Иттилоот ва Култур” бошад. Он мақоми телевизиони мазкур, аз хушҳолӣ аз он ки “Иттилоот ва фарҳанг” тасдиқ ва қабул нашуд, дар беруни саҳни вазорат атан ба роҳ андохт!

Агар таассубро канор гузоранд, бояд бинависанд:

“Коргоҳи панҷрӯзаи ислоҳ ва яксонсозии имлои забонҳои форсӣ ва пашту”.