Сездаҳумин ҷашнвораи байналмилалии филми Забайкал дар шаҳри Чита ба поён расид.
Нависанда: Ҷаббор Воҳидӣ, махсус барои “Сангар”
Имсол баргузоркунандагони ин рӯйдод дар интихоби филмҳо бар осоре тамаркуз карданд, ки бозтобдиҳандаи ваҳдати инсонҳо, ҳақиқатҳои амиқи ахлоқӣ ва арзишҳои суннатии хонавода бошанд.
Ҷуғрофиёи ширкаткунандагон бисёр мунҳасир ба фард буд: Сингапур, Туркия, Маҷористон, Фаронса, Бритониё, Банглодеш, Ветнам, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷопон, Олмон, Ҷумҳурии Чех, Эрон, Тоҷикистон ва ҳамчунин ду ҳамсояи минтақаи Забайкал, яъне Чин ва Муғулистон.
Вижагии хоси ин ҷашнвора дар он буд, ки на танҳо бозигарон ва коргардонони русӣ, балки меҳмонони хориҷӣ низ дар он ҳузур ёфтанд. Онон пас аз намоиши филмҳо ба пурсишҳои тамошобинон посух доданд ва дар бораи роҳи худ дар синамо қисса карданд.
Батделгер Бямбасурен, коргардони аҳли Муғулистон, филме дар бораи шаклгирии гурӯҳи мусиқии машҳури “Татар” (18+) - ро ба доварии мухотабони Забайкал пешниҳод кард.
Ин коргардон барои нахустин бор ба Чита сафар карда буд ва ба бовари ӯ ҷашнвора дар сатҳи бисёр боло баргузор шуд ва истиқболи бисёр гарме аз меҳмонон сурат гирифт. Батделгер Бямбасурен ҳамчунин гуфт, ки саноати синамои Муғулистон имрӯз ба таври фаъол дар ҳоли рушд аст ва филмҳои муғулӣ ағлаб дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ ҳузур ёфта ва дар барномаҳои рақобатӣ ба пирӯзӣ даст меёбанд.
Дар корномаи ин коргардон шаш филм дида мешавад. Ӯ дар моҳи апрел дар марҳилаи рақобатии ҷашнворае дар Маскав ширкат кард ва филми “Татар” (18+)-и ӯ дар миёни 2500 асар, дар феҳристи 12 филми бартар қарор гирифт.
Батделгер Бямбасурен дар посух ба пурсише дар бораи талошҳои Ғарб барои эҷоди тафриқа миёни миллатҳои Русия ва Муғулистон тавзеҳ дод, ки миллатҳои рус ва муғулро бародар медонад. Яке аз филмҳои ӯ дар бораи рӯйдодҳои таърихии рӯди “Халхин Гол” аст; ҷое, ки нерӯҳои Шӯравӣ ва Муғулистон ба таври муштарак таҷовузи Ҷопонро дафъ карданд.
Вай акнун дар ҳоли омодасозии пружае муштарак бо иштироки Русия дар бораи Ҷанги Ҷаҳонии Дувум аст ва дар моҳи июн интихоби бозигарон, аз ҷумла дар шаҳри Чита, оғоз хоҳад шуд.
Ин коргардони муғулӣ мегӯяд:
“Мо ҳақ надорем таърихро тағйир диҳем. Вазифаи мо ин аст, ки рӯйдодҳоро ҳамон гуна, ки воқеан будаанд, нишон диҳем ва ин ҳақиқати таърихиро ба мухотабони худ мунтақил кунем.”
Муҳиддин Музаффар, коргардони тоҷик, низ филми худ бо унвони “Моҳӣ бар чангак” (16+)-ро дар Чита муаррифӣ кард. Ин филм дар бахши рақобатии “Нигоҳи нав” сездаҳумин ҷашнвораи байналмилалии филми Забайкал (18+) ширкат дорад.
Ба гуфтаи ин коргардон, ӯ аз баргузоркунандагони ҷашнвораи филми Забайкал бисёр сипосгузор аст, ки филми ӯро барои намоиши рақобатӣ интихоб карданд.
“Ин мавзӯъ барои ман аҳамияти зиёде дорад, зеро гоҳе дар миёни мардуми Русия тасвире аз Тоҷикистон шакл мегирад, ки бо воқеият мутобиқат надорад. Мо филми “Моҳӣ бар чангак”-ро бо ҳамкории Эрон сохтем ва ҳамчунин гурӯҳи филмбардорӣ, тарроҳони саҳна ва гримёрҳое аз Маскав даъват кардем, ки дар маҷмӯъ ҳудуди ҳафт нафар буданд”, гуфт Муҳиддин Музаффар.
“Ман аз филмбардорони маскавӣ сипосгузорам, ки омаданд ва Тоҷикистони воқеиро диданд. Ин мавзӯъ бисёр муҳим аст! Барои ман аҳамияти фаровоне дорад, ки тамошобинони русӣ филмҳои маро бубинанд. Филми “Толеъ (Фортуна)” (12+), ки пружаи дипломии ман дар Муассисаи синамоии Донишгоҳи давлатии синематографияи Русия ба номи Герасимов (ВГИК) буд, дар Маскав, Санкт-Петербург, Оренбург, Қазон ва Уляновск — дар маҷмӯъ дар 11 ҷашнвораи Русия — ба намоиш даромад. Пас аз тамошо мардум ба ман мегуфтанд: “Пас шумо дар воқеъ ин гуна ҳастед! Табиати кишвари шумо чӣ қадар зебост!” Синамо метавонад содиқона дар бораи кишвари ман сухан бигӯяд. Аз касоне, ки филмҳоро барои Ҷашнвораи байналмилалии филми Забайкал интихоб карданд, сипосгузорам, ки ба ин садоқат таваҷҷуҳ мекунанд”, - гуфт коргардон.
Ӯ ҳамчунин дидгоҳҳои худро дар бораи талошҳои Ғарб барои “лағв” кардани фарҳанги Русия баён кард ва аз нигариши мардуми Тоҷикистон нисбат ба Русия сухан гуфт.
“Ҷангҳои идеологӣ будаанд, ҳастанд ва хоҳанд буд. Аммо ман мӯътақидам, ки давлат ва миллати Русия ба хубӣ бо чунин фишорҳои хориҷӣ муқобила мекунанд ва арзишҳои аслии худро ҳифз менамоянд; арзишҳое чун инсоният, хонавода, кӯдакон ва ҳамбастагӣ. Ба ҳамин далел ҳеҷ яке аз талошҳое ки барои “лағв” кардани Русия ва фарҳанги он сурат мегирад, ба натиҷа нахоҳад расид. Зеро муҳимтарин чиз дар инҷо вуҷуд дорад: эҳтироми амиқ ба решаҳои худ ва дарки масъулияти хеш. Ин мавзӯъ ҳатто дар намунаи Ҷашнвораи байналмилалии филми Забайкал (18+) низ дида мешавад; ҷое ки баргузоркунандагон бо садоқат кори худро анҷом медиҳанд ва ҳатто филмҳои арзишманди ғарбиро низ барои намоиш интихоб мекунанд. Мегӯянд, дар давронҳои ошуфта метавон фаҳмид, ки як кас воқеан чӣ касе аст. Бинобар ин дар шароити имрӯз, муҳим аст, ки инсон ба арзишҳои худ вафодор бимонад ва ба кори хеш идома диҳад”, - таъкид кард Муҳиддин Музаффар.
Ӯ дар бораи нигариши мардуми Тоҷикистон нисбат ба русҳо низ гуфт, ки ин равобит ҳамчунон ҳамроҳ бо эҳтиром боқӣ мондааст.
“Мо ҳафтод сол дар канори ҳам будем, як миллат будем ва дар арсаи ҳунар якдигарро такмил мекардем. Ин яке аз сарватҳои мост! Бале, дар 35 соли ахири истиқлол мо бештар талош мекунем таърихи Тоҷикистонро мутолиа кунем, аммо ҳамзамон он бахшҳои арзишмандеро, ки Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ поягузорӣ карда буд, низ ҳифз мекунем. Мо сипосгузорем, ки бародароне дорем, ки ҳамеша дар канори мо ҳастанд», мегӯяд ин коргардон.
Дар ҷараёни ҷашнвораи филм, гурӯҳе аз синамогарони Чин эълом карданд, ки филмбардории як мустанад дар бораи амалиёти таҷовумии Манчжурияро дар шаҳри Чита оғоз кардаанд. Ба гуфтаи Сюан Гуо, таҳиякунандаи аҳли Чин, номи Чита борҳо дар асноди таърихии Чин зикр шудааст.
“Дар соли 1945 Артиши Сурхи Шӯравӣ ҳамлае алайҳи ишғолгарони ҷопонӣ оғоз кард — ин рӯйдод яке аз воқеаҳои бисёр муҳим дар таърихи мо ба шумор меравад”, гуфт Сюан Гуо.
Ба бовари ӯ, синамо барои муттаҳид сохтани инсонҳо офарида шудааст:
“Ва чунин ҷашнворае беш аз он ки дар бораи рақобат бошад, дар бораи иттиҳоди инсонҳост. Ва албатта ин ҳақиқат, ки хориҷиҳо метавонанд ба инҷо биёянд ва филмҳои худро пешниҳод кунанд, аҳамияти фаровоне барои наздиктар шудани миллатҳо дорад. Ривоятҳое дар бораи шараф, садоқат, виҷдон, шахсиятҳои сода ва душвортарин озмунҳое, ки онон дар он обдида мешаванд — ҳамаи инҳо дар осори ҷашнвора дида мешавад. Ва муҳим нест бозигарон ба чӣ забоне сухан мегӯянд, агар бо тамошобин содиқ бошанд”, бовар дорад Сюан Гуо.
Мелик Сарачоғлу, коргардони аҳли Туркия, низ мегӯяд:
“Мо дар замоне бисёр душвор зиндагӣ мекунем ва дақиқан дар чунин давроне, ба назари ман, баргузории чунин ҷашнвораҳо бисёр муҳим аст; ҳатто дар сатҳи маҳаллӣ. Мардум бояд дарк кунанд, ки иттиҳод аҳамият дорад, ин ки мо метавонем муттаҳид бошем ва набояд ин тавоноиро аз даст бидиҳем.”
Мелик Сарачоғлу мӯътақид аст, ки тамошобинон ба лутфи филмҳои пешниҳодшуда на чизеро аз даст медиҳанд, балки чизҳои тозае пайдо мекунанд.
“Қаҳрамонони филмҳо бо энержӣ ва имони худ бо мардум саҳим мешаванд; шахсиятҳое, ки инсон метавонад худро дар онҳо бозшиносад. Шояд ба ҳамин далел буд, ки ҳатто дар шаби филмҳои кӯтоҳ низ рӯшноӣ танҳо аз чароғҳо набуд. Ба назар мерасид муҳимтар аз ҳар чиз, ҳамон нуре буд, ки созандагони филмҳо дар осори худ дар бораи муҳимтарин мавзӯъҳои рӯз қарор дода буданд: эҳтиром ба бузургтарҳо, меҳр ба наздикон ва арзишҳои суннатии хонавода.”