Амрико чӣ гуна назорати Ҷоми ҷаҳонии футболро ба даст гирифт?
Муаллиф: Алӣ Аскарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”
Дар Ҷоми ҷаҳонии футболи 2026 (аз 11 июн то 19 июл), ки бо иштироки 48 даста баргузор мешавад, назорати мусобиқот аз ҷониби Агентии зиддидопингии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (USADA) анҷом дода мешавад. Ин дар ҳоле иттифоқ афтод, ки Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) дар моҳи майи соли ҷорӣ аз густариши ҳамкории худ бо ин ниҳод хабар дод.
Ба USADA нақши меҳварӣ вогузор шудааст. Ихтиёроти ин ниҳод ҷамъоварии намунаҳо, ҳамоҳангсозии озмоишҳо ва пуштибонии назорати допингро дар тамоми мусобиқоти футболие, ки дар хоки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико — қисми асосии ин рақобатҳо — баргузор мешаванд, дарбар мегирад.
Эмилио Силверо, мушовири аршади ҳуқуқӣ ва масъули умури мутобиқат ба муқаррароти ФИФА, изҳор дошт, ки баргузории рӯйдодҳои бузурги байналмилалӣ ҳамкориҳои устувор ва қобили эътимодро талаб мекунад. Ӯ таъкид намуд, ки ҳамкорӣ бо USADA талошҳоро барои мубориза бо допинг тақвият мебахшад.
Мавқеи сахтгирона дар арсаи муборизаи байналмилалӣ бо истеъмоли маводи нерӯзо аз ҷониби раиси ин ожонс, Травис Тайгарт, пайгирӣ мешавад. Бо вуҷуди ин, обрӯ ва эътибори USADA ва ҳамчунин Федератсияи байналмилалии футбол дар чорчӯби ин ҳамкорӣ, саволҳои зиёдеро ба миён меорад.
Аз соли 2025, Агентии зиддидопингии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҳти роҳбарии Травис Тайгарт аз тасмими Вашингтон барои ҳифзи саҳми солонаи 3,6 миллион долларӣ ба Агентии ҷаҳонии зиддидопинг (WADA) пуштибонӣ мекунад. Ин маблағ бахши қобили таваҷҷуҳи манобеи молии ин созмонро ташкил медиҳад. Буҷети WADA барои соли 2026 ба 57,5 миллион доллар баробар аст. Тайгарт аз ин тасмим ҳимоят намуда, таъкид мекунад, ки чунин иқдом барои ҳифзи ҳуқуқи “варзишгарони пок” зарур мебошад.
Ҷарақаи ин ихтилоф ба моҷарои марбут ба 23 шиновари чинӣ бармегардад, ки дар аввали соли 2021 сару садои зиёде ба вуҷуд овард. Ин варзишгарон ҳафт моҳ пеш аз Бозиҳои олимпии Токио 28 намунаи мусбат барои моддаи триметазидин (ки дар феҳристи моддаҳои мамнуъ қарор дорад) супурда буданд. Созмони зиддидопингии Чин ин ҳолатро натиҷаи олудагии маводи ғизоӣ арзёбӣ кард ва WADA низ ин тавзеҳотро пазируфт ва аз татбиқи муҷозотҳое, ки маъмулан дар чунин ҳолатҳо пешбинӣ шудаанд, худдорӣ намуд.
Дар натиҷа, ин шиноварон фаъолияти касбии худро идома доданд ва соҳиби медалҳо шуданд; масъалае, ки ба назари коршиносон метавонист ба 96 натиҷаи олимпӣ таъсир расонида бошад. USADA ва Травис Тайгарт WADA-ро ба далели он чӣ “набуди таҳқиқоти кофӣ” номиданд, мавриди интиқод қарор доданд.
Илова бар ин, эътимод ба низоми зиддидопинг аз он ҷиҳат низ коҳиш меёбад, ки лигаҳои касбии Амрико бар асоси барномаҳои зиддидопингии бамаротиб мулоимтар фаъолият мекунанд; барномаҳое, ки ба таври комил ба муқаррароти “Кодекси ҷаҳонии зиддидопинг” мутобиқат надоранд.