Тоҷикистону Русия ҳамкории гумрукиро чӣ гуна ба роҳ меандозанд?

Нависанда: Ҳабибуллоҳ Аминӣ, таҳлилгар

Охири моҳи октябр дар Маскав Форуми байналмилалии гумрукӣ баргузор гардид, ки дар он барои равобити тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Русия як рӯйдоди муҳим – имзои Созишнома оид ба долони гумрукии содашуда сурат гирифт. Дар мавриди он, ки ин ба фазои иқтисодии Тоҷикистон чӣ гуна таъсир хоҳад расонд, бо коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов суҳбат кардем.

Шароити геополитикии имрӯза равобити навро дар сиёсати иқтисодии берунӣ тақозо мекунад, ки ин махсусан ба ташаббусҳои муҳим оид ба дастгирии тиҷорат тааллуқ дорад. Созишномаи нав низ ба ин тамоюл ҷавобгӯ мебошад. Созишнома барои соҳибкороне, ки фаъолияташон дар доираи қонунгузории ҳарду кишвар ба сатҳи пасти хатар мансуб дониста мешавад, шароити мусоид фароҳам меорад.

“Аз рӯи баҳогузориҳои мо, татбиқи амалии созишнома ба мукаммалкунии тиҷорати дуҷониба ва афзоиши гардиши мол байни Русия ва Тоҷикистон мусоидат мекунад. Ин ҳамкориҳои иқтисодии байни кишварҳои моро, аз ҷумла дар доираи барномаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки аз ҷониби ҳукуматҳои Русия ва Тоҷикистон барои солҳои 2024-2027 тасдиқ шудааст, таҳким мебахшад” – мегӯяд муовини Вазири рушди иқтисодии Федератсияи Русия Дмитрий Волвач.

“Тибқи ҳисобҳои мо, татбиқи амалии созишнома ба такмилдиҳии тиҷорати мутақобила ва афзоиши гардиши мол байни Русия ва Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Ҳуҷҷати нав шарикии иқтисодии кишварҳои моро, аз ҷумла дар доираи барномаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки аз ҷониби ҳукуматҳои Русия ва Тоҷикистон барои солҳои 2024-2027 тасдиқ шудааст, таҳким мебахшад” - хулоса кард муовини Вазир.

Дар ин бора коршинос Фаридун Усмонов бошад чунин мегӯяд: “Долони содакардашудаи гумрукӣ имкон медиҳад, ки маҳсулотро аз як давлат ба бозори давлати дигар бо тартиби содашуда интиқол диҳем. Яъне ин имкон медиҳад, муҳлати таҳвилро кам карда, аз баъзе кашолкориҳои бюрократӣ, ки дар ин раванд ба вуҷуд меоянд, халос шавем ва дар маҷмуъ раванди содироти маҳсулотро аз як кишвар ба кишвари дигар хеле осон кунем. Дар ин ҳолат ба имзо расидани созишнома байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба долони содакардашудаи гумрукӣ, албатта, метавонад ба содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Русия таъсири мусбат расонад ва ҳамчунин, имкон фароҳам оварад, ки маҳсулоти Русия бо тартиби содашуда ба бозори Тоҷикистон ворид карда шавад.

То имзои созишнома як давраи хеле тӯлонии омодагӣ давом кард. Дар доираи фаъолияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба “долони сабз” лоиҳаи алоҳида амал мекард, яъне инфрасохтори зарурӣ таъсис дода шуд, зеро барои ба кор даровардани ин механизм, омода намудани заминаи меъёрии ин раванд ва омода намудани имкониятҳои техникӣ барои Хадамоти гумруки Тоҷикистон муҳим аст. Зеро содагардонии расмиёти гумрукӣ маънои онро дорад, ки дар ҳарду кишвар пойгоҳи корхонаҳое, ки онҳоро истеҳсолкунандагон ва “содиркунандагони боинсоф” мегӯянд, таъсис дода мешавад. Ин маълумотҳо имкон медиҳанд, ки расмиёти назорати гумрукӣ сода карда шавад, то ки корхонаҳо маҳсулоти худро бе ягон ташвиши зиёдатӣ ба бозори нав содир карда тавонанд. Аксар вақт ба ин рӯйхатҳо содиркунандагони ботаҷриба дохил карда мешаванд, яъне он корхонаҳое, ки таҷрибаи ҳамкорӣ бо бозорҳои кишварҳои дигарро доранд ва аллакай аз расмиёти гумрукӣ гузаштаанд ё ин равандро медонанд. Дар мавриди бартариҳои ин созишнома бояд гуфт, ки он пеш аз ҳама ба фоидаи содиркунандагони маҳсулот аст, яъне маҳз тезонидани раванди содирот дар назар дошта шудааст: бор дар дидбонгоҳҳои гумрукӣ банд  намемонад ва аз санҷиши гумрукӣ намегузарад”.

Имрӯз робитаҳои иқтисодии Тоҷикистону Русияро метавон ҳамчун ба таври динамикӣ густаришёбанда арзёбӣ кард, ки ин пеш аз ҳама ба савдои мутақобила тааллуқ дорад: тайи чанд соли охир ҳаҷми умумии гардиши мол байни кишварҳои мо ба нишондиҳандаи баландтарин расидааст: дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистону Русия беш аз 1,2 миллиард долларро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,3% зиёдтар аст.

Дар натиҷаи фаъолияти Шурои тиҷоратии Русияву Тоҷикистон беш аз 40 ташаббуси тиҷоратӣ дар соҳаҳои саноат, технологияҳои рақамӣ ва бонкӣ, маориф, илм ва сайёҳӣ таҳия шудааст. Барои амалигардонии онҳо беш аз 3 миллиард рубл лозим аст.

Дар натиҷаи фаъолияти Шурои тиҷоратии Русияву Тоҷикистон беш аз 40 ташаббуси тиҷоратӣ (бизнес-ташаббусҳо) дар бахшҳои саноат, технологияҳои рақамӣ ва бонкӣ, маориф, илм ва сайёҳӣ таҳия шудааст. Барои амалигардонии онҳо беш аз 3 миллиард рубл лозим аст.

Илова бар ин, дигар самтҳои ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои мо, аз ҷумла сармоягузорӣ, фаъолона инкишоф меёбанд: Русия яке аз сармоягузорони асосӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон маҳсуб ёфта, мустақиман 56 миллиард рубл сармоягузорӣ кардааст. Русия, инчунин, аз рӯи теъдоди ширкатҳояш дар Тоҷикистон пешсаф аст - имрӯз дар Тоҷикистон ҳудуди 330 ширкат бо сармояи Русия дар бахшҳои мухталиф фаъолият бурда, барои ҳазорҳо шаҳрвандони тоҷик ҷойи кор пешниҳод мекунанд.

Моҳи ноябри соли 2023 хадамотҳои гумруки Федератсияи Русия ва Тоҷикистон дар бораи эътирофи мутақобилаи ниҳодҳои ваколатдори оператори иқтисодӣ б созишнома ба имзо расониданд.

Коршинос Фаридун Усмонов мегӯяд: “Дар мавриди робитаҳои Тоҷикистону Русия бояд гуфт, ки созишномаи басташуда дар бораи долони гумрукӣ нишондиҳандаи эътимоди муайян байни кишварҳо, байни баъзе сохторҳои давлатҳои мо, бахусус байни хадамотҳои гумрук мебошад. Онҳо бар асоси мутақобила ба расмиёте, ки ин созмонҳо дар кишвари худ анҷом медиҳанд, ба рӯйхатҳое, ки ба ҳамдигар пешниҳод мекунанд, эътимод доранд. Дар баробари ин, метавон гуфт, ки ҳамзамон раванди роҳандозии ҳамкориҳо байни хадамотҳои гумрук дар сурати ҳамгироии бештари кишварҳои мо ҷараён дорад. Сухан дар бораи пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди ягонаи гумрукӣ меравад. Агар Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шомил шавад, ки ҳамзамон пайвастан ба “Иттиҳодияи ягонаи гумрукӣ”-ро дар назар дорад, пас барои молҳои аз Тоҷикистон ба Федератсияи Русия таҳвилшаванда ва ё баръакс, зарурати анҷом додани расмиёти гумрукӣ аз байн меравад. Вале дар айни ҳол дар Тоҷикистон ба масъалаи шомилшавии кишвар ба ин иттиҳодияҳо бо шубҳа муносибат мекунанд, зарурати содагардонии расмиёт барои ҷомеаҳои тиҷоратии кишварҳои мо ба миён омад, ки аз ин рӯ,  “долони сабз” ҷорӣ карда шуд.

Моҳи ноябри соли 2023 байни хадамотҳои гумрукии Федератсияи Русия ва Тоҷикистон дар бораи эътирофи мутақобилаи ниҳодҳои ваколатдори оператори иқтисодӣ созишнома ба имзо расид.

Мисоли истифодаи “долони сабз” кайҳо боз дар Русия бо Туркия, Эрон ва як қатор кишварҳои дигар амалӣ карда мешавад, ин имкон медиҳад, ки маҳсулоти зарурӣ аз ин кишварҳо ба тезӣ дастрас карда шавад. Ин махсусан барои молҳои зудвайроншаванда муҳим аст - аз Туркия ба миқдори зиёд молҳои кишоварзӣ таҳвил дода мешаванд: помидор, бодиринг, мандарин, афлесун, себ, анор, ангур, гелос, қулфинай ва ғайра. Ва маҳз ҳамин маҳсулотҳо аз Ҷумҳурии Туркия ба Федератсияи Русия тавассути “долони сабз” таҳвил дода мешаванд. Ин долон имкон медиҳад, ки таҳвилот зуд анҷом ёфта, маҳсулот аз вайроншавӣ нигоҳ дошта шавад. Айнан ҳамин тавр ин барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон муҳим аст, яъне ба туфайли ворид шудани истеҳсолкунандагони мо ба рӯйхати мақомотҳои гумрукӣ ва имкони истифодабарӣ аз “долони сабз” барои  ба тезӣ дастрас кардани маҳсулоти кишоварзии зудвайроншаванда ба бозори Русия ва ҳамзамон ба таври автоматикӣ аз санҷиши гумрукӣ гузаронидани мол шароит фароҳам оварда мешавад”.

Дар Тоҷикистон барномаи рушди низоми логистикӣ дар кишвар то соли 2028 қабул шудааст, ки дар доираи он барои бунёди маҷмааҳои логистикӣ ба маблағи беш аз 100 миллион доллар лоиҳаҳои сармоягузорӣ таҳия шудаанд.

Вобаста ба самтҳои аз ҷиҳати тавсеадиҳии хамкориҳои тиҷоратӣ ояндадор, пеш аз ҳама дар бораи содироти меваю сабзавот аз Тоҷикистон бояд гуфт. Ба андешаи таҳлилгарон, бастани Созишнома дар бораи низоми содакардашудаи гумрукӣ имкон медиҳад, ки навъҳои гуногуни молҳои кишоварзиро ба бозори Русия таҳвил диҳем.

Масалан, имрӯз дар Русия ва кишварҳои ИИАО ба картошкаи мисрӣ ва марокашӣ талабот зиёд аст, картошкаи навъҳои барвақти тоҷикӣ дар сурати фароҳам овардани шароити мусоид метавонад бо онҳо рақобат кунад. Айни ҳол нишондиҳандаҳои ҳаҷми таҳвили маҳсулоти мевагию сабзавоти Тоҷикистон ба Русия хеле таъсирбахш аст: Танҳо дар давраи соли ҷорӣ беш аз 11 ҳазор тонна сабзавоту мева ва меваи хушк ба маблағи қариб 12 миллион доллар содир шудааст, ки ин назар ба соли гузашта 30 фоиз зиёд аст.

Содакунии расмиёти гумрукӣ барои Тоҷикистон дар баробари рушди нақлиёту логистика як самти муҳимми такмилдиҳии фаъолияти иқтисодии берунӣ мебошад. Ҷумҳурии мо инфрасохтори нақлиётии худро фаъолона такмил дода, роҳҳои нав, аз ҷумла роҳҳои оҳан ва марказҳои логистикӣ бунёд мекунад.

Дар Тоҷикистон барномаи рушди низоми логистикии кишвар то соли 2028 қабул шудааст, ки дар доираи он лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои бунёди маҷмааҳои логистикӣ ба маблағи беш аз 100 миллион доллар таҳия карда шудаанд.

“Дар ҷамъбаст метавон гуфт, ки аз Созишнома дар бораи долони содакардашудаи гумрукӣ, пеш аз ҳама, содиркунандагон ва истеҳсолкунандагони боинсофи маҳсулоти кишоварзӣ самара хоҳанд дид. Дар ояндаи дарозмуддат ин ба мо имкон медиҳад, ки ҳамкориҳои байни сохторҳои гумрукии Русия ва Тоҷикистонро амиқтар гардонида, баҳодиҳии (мониторинги) гардиши мол байни кишварҳоямонро беҳтар кунем. Умуман ин дар роҳандозии ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Русия нақши мусбат хоҳад бозид” - хулоса мекунад коршинос Фаридун Усмонов.