Мо ҳатто шоҳиди як "кӯчи мардумӣ"-и ҷадид ба маконҳое хоҳем буд, ки ҳадди ақал метавонед чизе барои хӯрдан дошта бошед. Фақат ин бор одамон дар тонкҳо ҳаракат хоҳанд кард.
Нависанда: Фарид Аҳмадӣ, сардабири “Сангар”
Инсон мавҷуде зинда аст ва бояд бо масрафи ғизо вуҷуди худро ҳифз кунад. Бархе шикамсерӣ ғизо мехӯранд, бархе дигар дар хӯрдан худдорӣ мекунанд. Паёмбари акрам (салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) мефармоянд: “Бадтарин зарфе, ки онро инсон пур мекунад, шиками ӯст. Барои ҳифзи қудрат кофӣ аст ба андозаи лозим ғизо бихӯред”. Дар айни ҳол, дуруст аст, ки ғизо барои ҳар фарде амре ҳаётӣ аст.
Ҷаҳиши шадиди қимати ҷаҳонии маводи ғизоӣ аз замони шурӯъи ҳамагирии COVID-2019 мушоҳида шудааст. Бар асоси гузориши созмони ғизо ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) дар октябри 2021, арзиши маводи ғизоӣ ба болотарини сатҳи худ дар 10 соли гузашта расид. Тибқи гузориши ФАО-и Созмони Милал, аз октябри 2020 то октябри 2021, қимати маводи ғизоӣ 30 дарсад афзоиш ёфтааст. Ҷаҳиши дигаре дар арзиши маводи ғизоӣ пас аз оғози даргирии Русия ва Украина рух дод. Ва имрӯз дар посух ба ин савол: оё гуруснагӣ хоҳад омад, метавонем ба сароҳат бигӯем: БАЛЕ. Ба тартиб арзёбӣ мекунем.
Маҳсулоти мухталифе, аз ҷумла маводи ғизоӣ, дар манотиқи мухталиф тавлид мешавад. Ва дар ҷое аслан маҳсуле тавлид намешавад, дар ҷое, масалан, манобеъ ва маводи маъданӣ истихроҷ мешавад ва бо даромад аз он маводи ғизоӣ харидорӣ мешавад, ҷое дар тавлиди санъатӣ тахассус доранд ва ғайра... То замоне, ки ҳама кишварҳо бо оромиш дар байни худ тиҷорат мекарданд, ҳеҷ мушкиле эҷод намешуд ва тақрибан дар ҳар кишвари ҳадди ақал каме рушдёфта имкони хариди тақрибан тамоми намуди маҳсулоти тавлидшуда тавассути кишварҳои мухталиф вуҷуд дошт.
Ин низом пас аз Ҷанги ҷаҳонии дувум шакл гирифт ва то ҳамин авохир амалкарди пойдоре дошт. Бо вуруди COVID-2019 ба кураи замин, кишварҳо яке-яке шурӯъ ба эъмоли қарантина карданд, тадорукоти таъминотӣ билофосила печидатар шуд, дар натиҷа арзиши интиқоли коло фавран афзоиш ёфт. Табиатан афзоиши ҳазина дар қимати маҳсули ниҳоӣ таъсир расондааст. Ва дар инҷо бо як морпечи бисёр ҷолиб рӯбарӯ ҳастем. Ҳамли на танҳо ғизо, балки нуриҳои минералӣ низ гиронтар шуд. Ва агар хоҷагии хосе барои ҳайвонот йем харидорӣ мекард, арзиш афзоиш ёфта, шомили интиқоли нурии минералӣ ба тавлидкунандаи ғаллот, таҳвили ғаллот ба корхонаи хӯроки ҳайвонот ва табиатан тавлидкунанда арзишҳои афзоишёфтаро дар арзиши гӯшт ё шир илова мекард.
Лозим ба таъкид аст, ки нуриҳои минералии калийдор мавриди ниёзи ҳама касоне ҳастанд, ки дар кишоварзӣ фаъолият мекунанд. Дар ҷаҳон аз назари захоири нуриҳои минералӣ, Канада ҷои аввал, Русия - дувум ва Белорус ҷои севумро доранд. Ва дар ин ҷо таваҷҷуҳ кунед - пас аз шурӯъи ҷанги Русия ва Украина, Иёлоти Муттаҳида ва соири кишварҳои ғарбӣ таҳримҳоеро алайҳи Русия (мақоми дувум дар ҷаҳон аз назари захираҳои нуриҳои минералӣ) дар заминаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ эъмол мекунанд ва дар айни ҳол масирҳои луҷистикии маъмулро, ки мунҷар ба вахомати бештари вазъият дар бозори маводи ғизоӣ мешавад, аз байн мебаранд.
Ҳамон тур, ки рӯзномаи чинии “Глобал тайм” дар 16 июни соли ҷорӣ ишора кард, ахиран Ғарб бидуни тавҷеҳ дигаронро муқассири камбуди маводи ғизоӣ донистааст, зеро ин Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш ҳастанд, ки маҳдудиятҳоеро барои содироти маводи ғизоӣ эъмол кардаанд. Имрӯз Русия ба унвони як тавлидкунандаи калидии маводи ғизоӣ ва яке аз бузургтарин таъминкунандагони нурии минералӣ дар ҷаҳон боқӣ мондааст ва ин таҳримҳои зидди Русия аст, ки далели аслии камбуди маҳсулоти кишоварзӣ аст.
Ба гуфтаи коршиносони чинӣ, кишварҳои ғарбӣ наметавонанд тамоми авоқиби иқдомоти маҳдудкунанда алайҳи Маскавро дарк кунанд. Ба эҳтимоли зиёд онҳо ин иқдомотро огоҳона муаррифӣ кардаанд. Ин амр бо ин воқеият таъйид мешавад, ки кишварҳои ғарбӣ дар воқеъ хоки Украинаро ба пойгоҳи манобеъи маъдании арзони худ табдил кардаанд ва аз ин кишвар барои бойшавии худ истифода ва ба таври мустақил ҳуқуқи худро барои содироти маҳсулоти худ ба кишварҳои мухталиф таъйин мекунанд.
Имрӯзҳо масирҳои арзаи ғизо аз Украина бар хилофи изҳороти раҳбарони ғарбӣ дар мавриди созмондеҳии кӯмак ба фақиртарин кишварҳо аст. Бинобарин, масирҳои аслӣ барои арзаи маҳсулоти ғаллоти Украина ба кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Шимолӣ анҷом мешавад, на кишварҳои Африқоӣ ва Ховари Миёна. Бадеҳӣ аст, ки ғаллоти Украина ба кишварҳои "миллиарди тилоӣ" хатм мешавад ва тавассути онҳо барои фурӯши ҳаннотона дар бозори маводи ғизоии сиёҳ истифода мешавад.
Дар бахши энержӣ низ вазъияти мушобеҳ аст. Бар асоси гузориши идораи гумруки Украина, даромади Киев аз таъмини барқи кишварҳои аврупоӣ дар шаш моҳи аввали соли 2022 1.6 баробар афзоиш ёфтааст. Полша ҳамчунин дар талош аст то вориди тими "баргузидагон" шавад ва ба таври фаъол луҷистики иртибототи роҳи оҳанро барои таҳвили гандуми Украина аз тариқи он модерн мекунад. Мутаоқибан ширкатҳои Полша ин гандумро дар бозори ҷаҳонӣ бо қиматҳои ҳаннотона мефурӯшанд.
Ба назар мерасад, ки кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо мехоҳанд худро бо нуриҳои минералӣ таъмин кунанд, ҳосили ғаллаи соли гузаштаро аз Украина хориҷ кунанд ва дар айни ҳол чеҳраи худро ҳифз намоянд. Аммо, таваҷҷуҳ дошта бошед, онҳо аслан аз ин воқеият хиҷолат намекашанд, ки агар ғаллотро аз Украина хориҷ кунед, дар пасзаминаи камҳосилии имсол, мумкин аст нусхаи 2.0 қаҳтӣ ё “ҳолодомор” – гуруснамурӣ дар он ҷо иттифоқ биафтад, аммо нукта аслӣ барои шумо ин аст, ки худтон бихӯред.
Дар маҷмӯъ, соли бисёр ҷолибе дар интизори мо аст. Дар кишварҳои сарватмандтар сатҳи зиндагӣ андаке пойин меравад, қимати маводи ғизоӣ афзоиш меёбад ва ба эҳтимоли зиёд, рӯзадории пизишкӣ то ҳудуде бар таҷдиди назар дар рӯйкарди сиёсати хориҷӣ таъсир мегузорад. Аммо кишварҳои фақиртари дигар, ҷое, ки мардум воқеан метавонанд аз гуруснагӣ бимиранд, ғизои воқеии кофӣ нахоҳанд дошт. Мо дар дараҷаи аввал дар мавриди Африқо, Амрикои Лотин, Ховари Миёна, Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ (дар дараҷа аввал Афғонистон) сӯҳбат мекунем.
Дар боби Афғонистон. Русия 350 миллион доллар гандумро бо 30 дарсад тахфиф ба Афғонистон фурӯхт. Ин ҳамон гандуме аст, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ваъда дода буд. Кори хубе аст, аммо як чиз нигаронкунанда аст: оё Толибон дар амри тавзеъи одилона асарбахшии худро нишон хоҳанд дод? Оё Русия аз онҳо тааҳҳуд гирифт, ки гандум ба таври мусовӣ байни ҳама мардум тақсим шавад ва на танҳо барои тағзияи артиш, шуракои Толибон - созмонҳои террористӣ ва фақат як гурӯҳи қавмӣ?
Рӯйдодҳои оянда мумкин аст ба муҳаррике табдил шавад, ки парокандагии комили даргириҳои маҳаллиро дар кишварҳои фақир оғоз кунад, фақат ин бор онҳо барои ғизо меҷанганд. Шояд ҳатто шоҳиди як “кӯч мардумӣ”-и ҷадид ба ҷоҳое бошем, ки ҳадди ақал битавонед чизе барои хӯрдан дошта бошед. Фақат ин бор одамон дар тонкҳо ҳаракат хоҳанд кард.
Дар маҷмӯъ, соли бисёр ҷолибе дар интизори мо аст...