Оё Қутби Шимол ба муҳимтарин коридори логистикии қарни 21 табдил хоҳад шуд?

Нависанда: Алӣ Аскарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”

Андрей Никитин, вазири ҳамлу нақли Русия, дар 18 майи 2026 эълом кард, ки “Масири дарёии шимол” (NSR) дар оянда танҳо як масири дарёӣ нахоҳад буд, балки ба бахше аз як низоми азими ҳамлу нақл табдил хоҳад шуд, ки анвои мухталифи ҷобаҷоӣ ва боркашониро ба якдигар муттасил мекунад.

Консепсияи “Масири дарёии шимол” (NSR) қарор аст аз тариқи якпорчасозии ҳамлу нақли рӯдхонаӣ, роҳи оҳан ва ҷодаӣ тавсеа ёбад. Ба гуфтаи вазир, ин шоҳроҳ ба тадриҷ аз чаҳорчӯби суннатии як коридори дарёӣ — аз дарвозаҳои Кара то тангаи Беринг — фаротар меравад ва ба як шабакаи логистикии воҳид табдил мешавад.

Никитин тавзеҳ дод, ки чунин рӯйкарди чандвасилаӣ (мултимодал) боиси пойдории бештари занҷираҳои таъминот, беҳбуди пайвастагии ҳамлу нақл ва густариши зарфиятҳои интиқоли коло дар минтақаи Қутби Шимол хоҳад шуд.

Дар апрели соли 2026, Владимир Путин, раисиҷумҳури Федератсияи Русия, дар нишаст бо аъзои ҳукумат эълом кард, ки Маскав омодаи ҳамкорӣ дар минтақаи Қутби Шимол бо тамоми кишварҳои алоқаманд аст, аммо ҳамзамон аз манофеи миллии худ дар ин минтақа дифоъ хоҳад кард.

“Мо барои ҳамкорӣ омодаем; на танҳо барои навъе рақобат ё рӯёрӯӣ, балки барои ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳои алоқаманд. Дар айни ҳол, мо аз манофеи миллии худ дар минтақаи Қутби Шимол дифоъ хоҳем кард ва бидуни шак онҳоро ҳифз хоҳем намуд”, — гуфт Путин.

Раисиҷумҳури Русия ҳамчунин таъкид кард, ки рақобати геополитикӣ ва талош барои таҳкими мавқеъҳо дар минтақаи Қутби Шимол рӯ ба афзоиш аст.

Масири дарёии шимол (NSR) як шоҳроҳи киштиронӣ мебошад, ки аз Аврупо ба Осиё тавассути дарёҳои Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ мегузарад ва дар имтидоди марзҳои шимолии Русия тӯл мекашад.

Дар апрели соли 2026, Алексей Лихачёв, мудири кулли ширкати давлатии “Росатом”, эълом кард, ки ҳаҷми ҳамлу нақли бор тавассути Масири Дарёии Шимол дар соли ҷорӣ метавонад аз 40 миллион тонна бештар шавад.

Анастасия Ильина, раиси Маркази иттилооти ях ва обуҳавошиносии қутбӣ дар Муассисаи пажӯҳишии илмии Қутби Шимол ва Ҷануб, 21 майи соли 2026 дар мусоҳиба бо хабаргузории РИА Новости изҳор дошт, ки киштиронӣ ва навигатсия дар тӯли тамоми сол дар Масири Дарёии Шимол (NSR) дар сурати вуҷуд доштани тақозо аз ҷониби ширкатҳои ҳамлу нақл, дар ихтиёр будани киштиҳои дорои синфи баланди яхнавардӣ ва инчунин арзёбии дақиқи вазъи яхҳо имконпазир аст.

Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки коршиносони ин марказ омодаанд масирҳои беҳини ҳаракатро барои моликони киштиҳое ки дар обҳои Масири дарёии шимол ҳаракат мекунанд, пешниҳод диҳанд.

“Росатом”, ширкати давлатии Русия, масъулияти таъмин кардани киштиронии мулкӣ дар Масири дарёии шимолиро бар уҳда дорад ва то ба ҳол зерсохтҳои лозимро, ки дар масири қутбӣ ҳамлу нақл анҷом медиҳанд, эҷод кардааст.

Аз ҷумла, дар соли 2022, “Росатом” як маркази воҳиди идоракунии киштирониро дар ин масир таъсис дод, ки имкон дод усули “як равзана” барои содир ва мутаваққиф сохтани иҷозати ҳаракати киштиҳо татбиқ гардад. Ин амр иртиботи доимӣ бо ширкатҳои ҳамлу нақли байналмилалиро таъмин карда ва нишондиҳандаи омодагии Русия барои истифодаи муштараки ин масир мебошад.

Ҳамзамон Русия  барномаи мушаххасе барои афзоиши ҳаҷми интиқоли бор низ дар назар гирифтааст, ки бино ба он, ҳамлу нақли коло то соли 2030 бояд ба 100 миллион тон ва то соли 2035 ба 150 миллион тон расад.

Ба тахмини мутахассисон, Масири дарёии Шимол дар қиёс бо Масири дарёии Ҷануб вақт, ҳазина ва масофаи ҳамлу нақли мол аз Аврупо ба ҷанубу шарқи Осиёро ҳудуди 40 дарсад коҳиш медиҳад.

Воқеиятҳои ҷаҳони нав, аз ҷумла кӯч бастани марокизи иқтисодӣ ба Осиё ва ҳам ташдиди авзоъи амниятӣ дар масири дарёии ҷанубӣ – уқёнуси Ҳинду минтақаи Ҳинду Ором - Масири дарёии Шимолро ба як масире беҳтар ва мувофиқ барои тиҷорату ҳаракати киштиҳо табдил мекунад.