Демократияи амрикоӣ вуҷуд надорад
Нависанда: Кейтлин Ҷонстон, нависанда (Амрико)
Томас Масси курсии худро дар Конгресс ба рақибе дар интихоботи муқаддамотӣ бохт, ки ҳимояти молии лоббии Исроил сабаб шуд ин рақобат ба гаронтарин интихоботи муқаддамотии Маҷлиси намояндагон дар таърихи Амрико табдил шавад. Массӣ яке аз ҷумҳурихоҳони нодире буд, ки дар Конгресси Амрико алайҳи сӯистифодаҳо ва таҷовузҳои Исроил мавқеъ мегирифт.
Ҳазинаи барканории Масси дар ниҳоят ба рақами ҳайратангези 32 миллион доллар расид. Дувумин ва севумин рақобатҳои гаронтарини интихоботи муқаддамотии Маҷлиси намояндагон низ ба шиддат таҳти таъсири пулҳои лоббии Исроил қарор доштанд; ҷое ки Айпак миллионҳо доллар барои шикасти демократҳои тараққихоҳ — Кори Буш ва Ҷамол Боуман — ҳазина кард.
Амрикоиҳо бори дигар диданд, ки чӣ гуна лоббии Исроил ошкоро интихоботро дасткорӣ мекунад ва баъд, шояд танҳо ду ҳафта баъд, ҳамон ҳукумат ба онҳо хоҳад гуфт, ки бояд дар кишвари дигар тағйири режим оваранд, то барои мардумаш «демократия» биёранд. Дар ҳоле ки худи амрикоиҳо демократия надоранд.
Оташбас бо Эрон нозук аст ва метавонад ҳар лаҳза поён ёбад. Вашингтон ҳоло ба шакли хандаовар ва комилан ошкор дар ҳоли сохтани баҳонаҳо барои ҳамла ба Куба аст. Ва шумо хуб медонед, ки ҳамин ки бомбҳо бар ҳар кишваре, ки қарор аст ҳадаф қарор гирад, фурӯ резанд, ба амрикоиҳо гуфта хоҳад шуд, ки ин кори хубест, зеро барои мардуме, ки бо маводи мунфаҷираи низомӣ пора-пора мешаванд, озодӣ ва демократия меорад.
Воқеан хандаовар аст, ки мошини таблиғотии Амрико ин қадар дар бораи «демократия» сухан мегӯяд, дар ҳоле ки сарватҳои азим барои каҷ кардани раванди интихоботи Амрико ва пешбурди аҳдофи сарватмандон ва гурӯҳҳои манфиатдор сарф мешаванд.
«Биёед барои мардуми Ироқ демократия биёрем!»
«Оҳ не, русҳо дар демократияи мо мудохила мекунанд!»
Дар ҳоле ки аслан чизе ба номи демократияи воқеӣ дар Амрико вуҷуд надорад. Вақте интихобот ба сӯи касе меравад, ки тавони бештари ҳазина кардан барои фиреб ва дасткории афкори умумиро дорад, ин дигар демократия нест; ин плутократия аст.
Сарватмандон расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоиро мехаранд, ба андешакадаҳо ва гурӯҳҳои лобби маблағ мерезанд ва маъракаҳои интихоботии ҳар касеро, ки бо онҳо мухолифат кунад, ҳадаф қарор медиҳанд ва ба ин васила нуфузи кофӣ барои ҳидояти раъйи мардум ба самти манофеи худ ба даст меоранд.
Ба ҳамин далел амрикоиҳо ҳадди ақали музди хандаовар ва низоми оддии тандурустӣ надоранд. Ба ҳамин далел ширкатҳо иҷоза доранд табақаи коргарро истисмор кунанд ва муҳити зистро беҷазо олуда созанд. Ба ҳамин далел ҳуши сунъӣ бе ҳеҷ назорате ба зӯр ба мардум таҳмил мешавад, дар ҳоле ки оби покро масраф мекунад ва ҷойҳои кориро аз байн мебарад. Ва ба ҳамин далел бомбҳои сохти Амрико ҳанӯз бар Лубнон ва Ғазза фурӯ мерезанд.
Сарватмандон ва қудратмандон ба ин кор идома хоҳанд дод то замоне ки маҷбур шаванд мутаваққиф гарданд. Онҳо ҳамчунон аз сарват ва нуфузи худ барои дасткории рафтори ҷамъиятӣ истифода хоҳанд кард, то вақте ки мардум дигар иҷоза надиҳанд. Шумо наметавонед ин мушкилро бо раъй додан ҳал кунед, зеро онҳо худи раъйҳоро контрол мекунанд.
Фаромӯш кунед, ки мехоҳед барои Куба демократия биёред. Аввал кӯшиш кунед демократияро ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико биёред.