Мулло Яъқуб, вазири дифоъи идораи худхондаи Толибон, дар кадом маҷлиси хусусӣ гуфта буд, ки ҳар чӣ мекунем, ки эрониҳо ҷанг кунанд, аммо онон заранганд ва аз ҷанг дӯрӣ мекунанд.

Нависанда: Рустам Рӯшангар, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Мавзеъгириҳои Эрон дар қиболи масъалаи оби Ҳирманд (Ҳилманд), ҳар рӯз ҷиддитар мешавад. Дар як ҳафтаи ахир, аз намояндаи раҳбар шурӯъ то сафир, вазири хориҷа ва раисҷумҳури Эрон пайваста паёми ҷиддӣ ва ҳушдоромез ба Толибон додаанд. Ба ин ҳаҷму паймона мавзеъгирии тунду пайваста дар як зарфи замонии кӯтоҳ дар равобити байналмилалии кишварҳо бесобиқа аст. Ин адабиёт, адабиёт ҷангӣ аст. Дарвоқеъ Эрон, Толибонро мустақим ба ҷанг фаро мехонад.

Чанд рӯз пеш, нақли қавле аз Мулло Яъқуб, вазири дифоъи идораи худхондаи Толибон, дар расонаҳои иҷтимоӣ даст ба даст мешавад, ки гӯё дар кадом маҷлиси хусусӣ гуфта буд, ки ҳар чӣ мекунем, ки эрониҳо ҷанг кунанд, аммо онон заранганд ва аз ҷанг дӯрӣ мекунанд.

Аз ин бигӯмагӯҳо чунин бар меояд, ки ду кишвар дар масири ҷанг қарор гирифтаанд.

То ҷое ки ба Эрон бар мегардад, мавзӯъи об барои ин кишвар ҷузви баҳсҳои марбут ба амнияти миллӣ аст. Яъне Эрон ҷанг барои обро бахше аз талошҳо барои таъмини амнияти миллии худ медонад ва омодагии онро дорад, ки барои таъмини об биҷангад.

Нуктаи дигар, аммо тарси Эрон аз шӯришҳои мардумӣ дар минтақаи Систону Балучистон аст. Ин минтақаи суннимазҳаб аст ва аз назари қавмиятӣ низ гароишҳои ҷудоиталабона дар он ҷо зинда аст. Ин ҳам як мавзӯъи амнияти миллӣ ва тамомияти арзӣ барои Эрон аст ва хатти сурх талаққӣ мешавад. Камбуди об дар Систону Балучистон боиси хашму норизоиятии мардум аз ҳукумат шуда ва дар ду моҳи ахир мардум даст ба тазоҳуроти эътирози ҷиддӣ задаанд. Дарвоқеъ мардуми Систону Балучистон давлати Эронро ба наҳви муттаҳам ба бетаваҷҷӯҳӣ ба ниёзҳои асосии худ мекунанд ва лабаи теғи интиқодҳо феълан бештар мутаваҷҷеҳи давлати Эрон аст. Давлати Эрон маҷбур аст, ки ба ин хостҳо таваҷҷуҳ кунад. Гарчи як таҳлил ин аст, ки мақомҳои эронӣ бо маломат шумурдани Толибони суннӣ дар мавзӯъи об мехоҳанд, ки ба мардуми Систону Балучистон паём диҳанд, ки омили ташнагии шумо бародарони сунниатон аст. Ин паём метавонад мардуми ин минтақаро алайҳи Толибон дар рикоби давлати Эрон басиҷ кунад ё дасти кам ононро мутақоид кунад, ки давлати Эрон ҳатто то марзи ҷанг барои таъмин оби мо пеш рафтааст.

Ба баёни дигар, давлати Эрон маҷбур аст, ки ҳам барои таъмини ниёзмандиҳои мардум ба об ва ҳам барои фурӯ нишондани эҳсосоти ҷудоиталабонаи балучҳо, иқдомоти ҷидиеро рӯи даст гирад.

Ин дар ҳолест, ки Эрон рафторҳои моҷароҷӯёнаи Толибонро тавре таъбир мекунад, ки гӯё Амрико дар пушти ин моҷароҷӯииҳо аст ва Толибонро дикта мекунад, ки ҷанг бо Эронро оғоз кунанд. Ин таҳлил нодуруст нест. Эрон аммо ҷиҳати ҷилавгирӣ аз бурузи таниш ва тақобул, бештар талош карда, ки Толибонро бо додани бархе аз имтиёзҳо розӣ нигаҳ дорад ва ба истилоҳ, аз татмиъу нармш истифода кардааст. Ин рӯйкард аммо Толибонро бештар ҷасур сохта ва ононро ба ин натиҷа расонда, ки Эрон аз мо метарсад ва бинобарин ҳарчи фишор бидиҳем, бештар имтиёз хоҳад дод. Дарвоқеъ натиҷаи маъкуси сиёсати нармиш дар баробари Толибон, метавонад чархиши фаврӣ дар сиёсати Эрон эҷод кунад ва якбора эрониҳоро ба ин самт бикашад, ки нармиш кофӣ аст ва бояд толибро ба зӯр сари ҷояш нишонд.

Аммо то ҷое ки ба Толибон бармегардад, ин гурӯҳ ибое аз даргир шудан бо Эрон надорад. Чанд далел барои ин кор вуҷуд дорад: 1 - Толибон асосан як нерӯи ҷангӣ аст ва ба ҷанг сохта шудаву бо ҷанг зинда аст ва бидуни ҷанг мемирад. 2 - Толиб барои давоми ҳукумати худ ниёз ба пули нақд дорад ва ҳар ки пул диҳад, ҳозир аст ба дастураш ҳатто ҷанг кунад. 3 - Толиб фикр мекунад, ки дар ҷанг чизе ба аз даст додан надорад ва масалан, Эрон ба хотире, ки чизҳое ба аз даст додан дорад, ҷанг намекунад. 4 - Толиб як проекти ҷангӣ аст ва Амрико воқеън ба ин гурӯҳ ба ин далел пул медиҳад, ки дар минтақа таниш биёфаринад. 5 - Толиб ангезаҳои қавии мазҳабӣ ва қавмии ҷанг бо Эрон дорад. Яъне толиб Эронро ҳомии форсизабонҳои Афғонистон медонад ва мазҳаби шиаро низ толиб муодили куфр медонад.

Бинобарин ба назар мерасад, ки ҳар ду тараф далоили илзомоваре ба ҷанг доранд ва бояд эҳтимоли ҷангро ҷиддӣ гирифт. Бавежа агар масоилро ба ҷанги Украина рабт бидиҳем, ки боис шуда равобити байналмилалӣ дучори дигаргунии амиқ шавад ва нақшаи сиёсии ҷаҳон дар маърази тағйироти эҳтимолии ҷиддӣ қарор гирад. Эрон дар ҷанги Украина тарафи Русияро гирифт ва ин амр боис шуда, ки Амрико ва ҳампаймононаш мавзӯъи тағйири режим ё ҳол таҷзияи Эронро дар дастури кор қарор диҳанд.

Роҳи ҳалли камҳазина аммо ин аст, ки Эрон дар канори неруҳои мардумии Афғонистон, ки аз зулми толиб ба сутӯҳ омадаанд биистад. Толиб сарнагун шавад, ҳукумати мардумӣ рӯи кор ояд ва ду тараф мавзӯъи обро дар фазои гуфтугӯи дӯстона ҳал кунанд.