Афғонистон дигарбора дар миёни кашмакашҳои минтақаӣ ва фароминтақавӣ мемонад.
Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари масоили Афғонистону минтақа (Шветсария), махсус барои "Сангар"
Дар ҳоле ки Афғонистон ҳанӯз аз захмҳои ҷанг, буҳрони сиёсӣ ва бесуботии музмин раҳоӣ наёфтааст, таҳаррукоти тозаи дипломатӣ ва низомӣ дар атрофи ин кишвар нишон медиҳад, ки Афғонистон бори дигар дар ҳоли табдил шудан ба яке аз меҳварҳои муҳими рақобатҳои минтақаӣ ва фароминтақавӣ аст.
Сафарҳои ҳамзамон, аммо мутафовити мақомоти Толибон ва Покистон ба Маскав ва Вашингтон, танҳо дидорҳои сиёсии оддӣ нестанд, балки бахше аз як бозии бузург ва печидаи геополитикӣ мебошанд, ки қудратҳои минтақа ва ҷаҳон талош доранд ҷойгоҳ, нуфуз ва манофеи роҳбурдии худро дар он таҳким бахшанд.
Сафари ахири Мулло Яъқуб, сарпарасти Вазорати дифои Толибон, ба Маскав ва имзои тавофуқномаи ҳамкориҳои низомӣ, техникӣ ва таслиҳотӣ миёни Русия ва Толибон, дар канори сафари Исҳоқдор, муовини нахуствазир ва вазири умури хориҷии Покистон, ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Созмони Милали Муттаҳид, паёмҳои муҳим ва чандқабатаеро дар бораи оғози фасли тозае аз рақобатҳои сиёсӣ, амниятӣ ва истихборотӣ дар атрофи Афғонистон дарбар дорад; рақобатҳое, ки метавонанд муодилоти минтақаро вориди марҳилаи тозае созанд.
Покистон дар ҷараёни сафари Исҳоқдор талош намуд бори дигар худро ба унвони шарики қобили эътимоди Ғарб, ҳомии суботи минтақа ва бозигари калидӣ дар мудирияти буҳронҳои Осиёи Ҷанубӣ муаррифӣ кунад. Исломобод ба хубӣ медонад, ки дар шароити ҳассоси кунунӣ, ҳифзи равобити стратегии худ бо Вашингтон барои убур аз буҳронҳои иқтисодӣ, амниятӣ ва сиёсии ин кишвар аҳамияти ҳаётӣ дорад. Аз ҳамин рӯ, мақомоти покистонӣ кӯшиш доранд нақши кишварашонро дар коҳиши танишҳо, мубориза бо терроризм ва эҷоди ҳамоҳангӣ миёни қудратҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ барҷаста созанд.
Аз сӯи дигар, наздикии рӯзафзуни Русия ва Толибонро метавон яке аз муҳимтарин таҳаввулоти амниятӣ ва стратегии минтақа пас аз хуруҷи Амрико аз Афғонистон донист. Русия талош дорад халои геополитикии ба вуҷуд омада пас аз ақибнишинии неруҳои ғарбиро пур карда, нуфузи сиёсӣ, амниятӣ ва низомии худро дар Афғонистон ва Осиёи Марказӣ дубора эҳё намояд. Нигаронии Маскав аз густариши ДОИШ-и Хуросон, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва бесуботӣ дар марзҳои ҷанубии ин кишвар аз омилҳои асосии наздикии Русия ба Толибон маҳсуб мешавад.
Афғонистон дар тӯли таърих ҳамвора майдони бархӯрди манофеи қудратҳои бузург будааст. Рӯзгоре артиш ва сохтори амниятии Афғонистон вобаста ба Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ буд ва пас аз ҳузури Амрико, сохторҳои низомӣ ва истихборотии кишвар рангу бӯи ғарбӣ ба худ гирифтанд. Акнун нишонаҳои ошкоре дида мешаванд, ки Русия дар талош аст бори дигар ҷойгоҳ ва нуфузи аз дастрафтаи худро дар ин ҷуғрофиёи ҳассос бозёбад ва Афғонистонро ба бахше аз муодилоти нави минтақаии худ табдил диҳад.
Толибон низ аз густариши ин равобит аҳдофи мушаххас ва чандҷонибаро пайгирӣ мекунанд; аз ҷумла касби машрӯъияти сиёсӣ, коҳиши инзивои байналмилалӣ, тавсеаи равобити хориҷӣ ва тақвияти тавоноиҳои низомӣ ва техникии худ. Бидуни шак, ин раванд вокуниши Амрико ва муттаҳидони ғарбии онро низ дар пай хоҳад дошт. Вашингтон эҳтимолан ин ҳамкориҳоро бахше аз рақобати геополитикии Русия бо Ғарб талаққӣ хоҳад кард ва кишварҳои аврупоӣ низ бо нигаронӣ таҳаввулоти Афғонистонро пайгирӣ хоҳанд намуд.
Дар сатҳи минтақа низ Чин, Эрон, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳатто Покистон бо диққат ва ҳассосияти вижае авзоъро зери назар доранд; зеро Афғонистон ҳамчунон яке аз ҳассостарин нуқтаҳои геополитикии ҷаҳон ба шумор меравад; кишваре, ки ҳар таҳаввули он метавонад тавозуни амниятӣ, сиёсӣ ва иқтисодии минтақаро таҳти таъсир қарор диҳад.
Дар хусуси эҳтимоли афзоиши танишҳо бояд гуфт, агар ин ҳамкориҳо сирфан дар чаҳорчӯби мубориза бо терроризм, маҳори ифротгароӣ ва таъмини суботи минтақаӣ таъриф шавад, шояд битавонад ба коҳиши бахше аз ноамниҳо кумак кунад; аммо агар Афғонистон бори дигар ба майдони тақобули қудратҳои ҷаҳонӣ табдил гардад, бидуни тардид хатари густариши буҳрон, афзоиши рақобатҳои истихборотӣ ва ташдиди кашмакашҳои минтақаӣ низ бештар хоҳад шуд.
Дар маҷмӯъ, ояндаи ин равобит вобаста ба сиёсатҳои Русия, навъи амалкарди Толибон ва вокуниши қудратҳои ҷаҳонӣ, ба вижа Амрико ва муттаҳидони ғарбии он хоҳад буд. Ба бовари ман, имзои ин тавофуқнома метавонад нигарониҳои ҷиддиеро барои Амрико ва бархе кишварҳои ғарбӣ эҷод кунад ва сароғози марҳилаи тозае аз рақобатҳои сиёсӣ, амниятӣ ва истихборотӣ дар минтақа бошад; рақобатҳое, ки ҳанӯз абъоди воқеӣ, паёмадҳо ва натоиҷи ниҳоии он барои ҷаҳон комилан равшан ва қобили пешбинӣ нестанд.