Аз мусоҳибаи дипломати олмонӣ дар бораи равобити Тоҷикистону Олмон чӣ хулосаҳо баровардан мумкин аст?
Нависанда: Ҳабибуллоҳ Аминӣ, таҳлилгар
Чанде пеш дипломати олмонӣ Конрад Артс фон Штрауссенбург, ки барои машваратҳои сиёсӣ ба Душанбе ташриф оварда буд, ба як нашрияи бузурги Тоҷикистон мусоҳиба дод. Бархе аз изҳоротҳои ӯ дар байни коршиносони сиёсӣ вокунишҳои мухталиферо ба бор овард. Дар мавриди он, ки дар изҳороти ин дипломати олмонӣ кадом ихтилофҳо ҷой доранд ва имрӯз равобити Тоҷикистону Олмонро чӣ гуна арзёбӣ кардан мумкин аст, бо коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов суҳбат кардем.
Вай гуфт: “Дар мусоҳибаи худ бо нашрияи Тоҷикистон намояндаи Вазорати федеролии умури хориҷии Олмон оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Аврупои Шарқӣ Конрад Артс фон Штрауссенбург изҳор дошт, ки Олмон аҳамияти мустаҳкамкунии робитаҳоро бо кишварҳои шарики Осиёи Марказӣ дар пасманзари "ҷанги таҷовузкоронаи Русия алайҳи Украина" хубтару бештар дарк мекунад. Вале дар маҷмуъ бояд дарк кунем, ки барои Олмон кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, аҳамияте надорад – барқароркунии робитаҳо бо ин кишварҳо танҳо барои истифодаи онҳо ҳамчун абзор дар сиёсати худ алайҳи Русия ва ё Чин зарур аст, ки дар ин бора дипломати немис ба таври кушоду равшан суханронӣ кард ва бо ин тамоми моҳияти сиёсати берунии Олмонро нисбат ба кишварҳои Осиёи Миёна ошкор намуд”.
“Изҳороти Штрауссенбург якҷоя бо баҳодиҳии анъанавии ғайриобъективона ба амалиёти вижаи низомӣ дар Украина собит мекунад, ки ҳадафи “Ғарби дастаҷамъона” дар Тоҷикистон - на ин ки мусоидат кардан ба рушди устувори ҷумҳурӣ, балки халалдор кардани робитаҳои таърихии он бо Русия мебошад” - Сафири Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григорев.
Ҳамчунин, Сафири Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григорев дар ин бора чунин изҳори назар намуд: “Изҳороти Штрауссенбург якҷоя бо баҳодиҳии анъанавии ғайриобъективона ба амалиёти вижаи низомӣ дар Украина собит мекунад, ки ҳадафи “Ғарби дастаҷамъона” дар Тоҷикистон - на ин ки мусоидат кардан ба рушди устувори ҷумҳурӣ, балки халалдор кардани робитаҳои таърихии он бо Русия мебошад”.
Штрауссенбург дар бораи самтҳои афзалиятноки ҳамкории Олмон ва Тоҷикистон сухан карда, кишвари моро ҳамчун “шарики асосӣ дар масъалаҳои амният” ном бурд, аммо ба гуфтаи коршинос Фаридун Усмонов, имрӯз Олмон нисбат ба кишвари мо ва умуман нисбат ба минтақаи Осиёи Миёна ягон нияти ҷиддие надорад: “Ин ҳанӯз аз иштироки Олмон дар корҳои Афғонистон дар тӯли 20 соли ҳузур доштани НАТО дар ин кишвар маълум гардида буд. Нерӯҳои олмонӣ низ яке аз аввалинҳо шуда аз Афғонистон фирор карданд, аз ин рӯ, вақте Штрауссенбург аз аҳамияти ҳамкории Олмон бо Тоҷикистон дар масоили амният ҳарф мезанад, ӯ ҳиллагарӣ мекунад: Олмон тайи 20 соли ҳузур доштанаш дар қаламрави кишвари ҳамсоя ба ҳамкориҳои амниятӣ аҳамияте намедод. Аз ин рӯ, ин изҳоротҳо танҳо рӯякӣ мебошанд ва дар асл ягон маъное надоранд”.
“Маълум аст, ки соҳибкорони Олмон бо ҳокимияти давлат робитаи зич доранд ва ба заминаҳои сиёсӣ такя мекунанд, ва то чӣ андоза ҷалб шудани соҳибкорони олмонӣ ба сармоягузорӣ дар ин ё он кишвар маҳз аз ҳамин заминаҳо вобастагӣ дорад" - коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов.
Зимни саволдиҳӣ дар бораи вижагиҳои равобити Тоҷикистону Олмон, рӯзноманигорон мавзӯи иқтисодиётро низ нодида нагирифтанд. Рӯзноманигорон ишора ба он карданд, ки бо вуҷуди 40 санади ҳамкории байни кишварҳои мо имзошуда, Олмон, ки дорои бузургтарин иқтисодиёт дар Аврупо мебошад, аз рӯи ҳаҷми сармоягузориҳои ҷамъшуда дар иқтисодиёти Тоҷикистон дар байни кишварҳои ҷаҳон ҷои 16-умро ишғол мекунад. Дипломати олмонӣ ба ин посухи кӯтоҳ дод: “Ширкатҳои олмонӣ дар мавриди сармоягузорӣ ба Тоҷикистон бо назардошти вазъи иқтисодии худ тасмим мегиранд”.
“Маълум аст, ки соҳибкорони Олмон бо ҳокимияти давлат робитаи зич доранд ва ба заминаҳои сиёсӣ такя мекунанд ва то чӣ андоза ҷалб шудани соҳибкорони олмонӣ ба сармоягузорӣ дар ин ё он кишвар маҳз аз ҳамин заминаҳо вобастагӣ дорад” – мегӯяд коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов.
Фаридун Усмонов ин тавзеҳро ниҳоят ихтилофӣ меҳисобад: “Вақте ширкатҳои олмонӣ дар баробари дигар ширкатҳои аврупоӣ ва амрикоӣ аз Русия рафтанд ва кӯшиш карданд сармояҳои худро бозпас гиранд, ин на аз рӯи андешаҳои иқтисодӣ буд, балки як қарори сиёсие буд, ки ҳукуматдорони Олмон таҳти фишори ҳукуматдорони ИМА қабул карданд. Он замон ширкатҳои олмонӣ бо зарари калон бозори Русияро тарк карданд, ва имрӯз дипломати олмонӣ мегӯяд, ки ширкатҳои олмонӣ бар асоси мулоҳизаҳои иқтисодии худ барои сармоягузорӣ тасмим мегиранд. Яъне чӣ хел?
Олмон дар байни кишварҳои Аврупо аз рӯи теъдоди муҳоҷирон пешсаф аст, дар ҳоле ки сиёсати муҳоҷиратии ин кишвар номукаммал аст: бисёре аз муҳоҷирон дар ин кишвар бо кор таъмин нестанд ва аз ҳисоби имтиёзҳои давлатӣ зиндагӣ мекунанд, илова бар ин, сатҳи ҷинояткорӣ дар кишвар ба таври ҷиддӣ меафзояд.
Посухҳои ҷаноби Штрауссенбург намоишӣ (рӯякӣ) мебошанд ва аз сатҳи ҳамкориҳои имрӯзаи кишварҳои мо шаҳодат медиҳанд. Хуб шуд, ки чунин мусоҳиба сурат гирифт: аз ин маълум мешавад, ки Олмон дар асл на ин ки барои густариши робитаҳо бо Тоҷикистон ҳеч коре анҷом намедиҳад, балки ҳатто дар нақша ҳам надорад. Олмон ягона кишварест, ки тавассути сафорати худ дар Тоҷикистон ба шаҳрвандони мо раводиди Шенген пешкаш менамояд ва мо хуб медонем, ки дарёфти ин раводид то чӣ андоза мушкил аст. Ин бори дигар собит мекунад, ки ин кишвар барои пешбурди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон нияти ҷиддие надорад. Ҳатто дар ҳолати риоя кардани тамоми шартҳо ва пешниҳод кардани тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ, дарёфти раводиди Шенген хеле мушкил аст ва ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон тартиби дарёфти раводид ба Тоҷикистонро барои шаҳрвандони Иттиҳоди Аврупо ниҳоят содда кардааст. Фарз кардем, ки байни кишварҳои мо робитаҳои хуб вуҷуд дорад, пас, ҳадди ақал, барои мансабдорони давлатӣ дар дарёфти раводид барои сафарҳои корӣ ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо набояд монеаҳои иловагӣ эҷод карда шаванд, вале мутаассифона, аксар вақт чунин ҳолат (монеаҳо) ба амал меояд" - мегӯяд Фаридун Усмонов.
Олмон дар байни кишварҳои Аврупо аз рӯи теъдоди муҳоҷирон пешсаф аст, дар ҳоле ки сиёсати муҳоҷиратии ин кишвар номукаммал аст: бисёре аз муҳоҷирон дар ин кишвар бо кор таъмин нестанд ва аз ҳисоби имтиёзҳои давлатӣ зиндагӣ мекунанд, илова бар ин, сатҳи ҷинояткорӣ дар кишвар ба таври ҷиддӣ меафзояд.
Дар Русия 1 миллиону 200 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон кору фаъолият мекунанд. Вале тибқи ҳисобҳои мухталиф, солҳои охир теъдоди шаҳрвандони тоҷик, ки ба Русия рафтаанд, ба 3 миллион нафар расидааст.
Штрауссенбург дар рафти мусоҳиба ба масъалаи рафтуомади шаҳрвандон байни кишварҳоямон низ дахл кард, аммо аҷибаш он аст, ки гап на дар бораи Олмон, балки дар бораи Русия рафт. Намояндаи вазорати хориҷаи Олмон гуфт, "Моро вақтҳои охир масъалаи вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия нигарон мекунад".
Коршинос Фаридун Усмонов мегӯяд: “Оё мардуми Олмон аз ин нигаронанд? Дар кишваре, ки имрӯз яке аз аввалинҳо шуда қабули гурезаҳои Сурияро манъ кардааст ва омода аст садҳо ҳазор суриягиҳоро бадарға кунад, ё шаҳрвандони Украинаро барои иштирок дар амалиёти ҷангӣ ба ватан баргардонад. Ман дар ин изҳоротҳо, аввалан, хоҳиши дахолат кардан ба корҳои дохилии дигар давлатҳоро, дуюм, дар дигар кишварҳо ҷорӣ кардани сиёсатеро, ки дар кишвари худ қабул надоранд, ва сеюм, кӯшиши бе ягон асос эҷод кардани вазъи низоъӣ дар минтақаҳоро мебинам.
Дар Русия 1 миллиону 200 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон кору фаъолият мекунанд. Вале тибқи ҳисобҳои мухталиф, солҳои охир теъдоди шаҳрвандони тоҷик, ки ба Русия рафтаанд, ба 3 миллион нафар расидааст.
Маълум аст, ки дар Русия масъалаи вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аз нав дида баромада мешавад ва барои ба тартиб даровардани ин раванд чораҳо андешида мешаванд. Тавре мебинем, ҳатто дар сатҳи иттиҳоди парлумонии ИДМ вобаста ба масъалаи танзими вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ қарорҳо қабул карда мешаванд. Аммо чунин изҳорот аз ҷониби дипломати олмонӣ аҷиб менамояд, вақте қарорҳо барои танзими муҳоҷират аз ҷониби мақомотҳои дахлдори кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо қабул карда мешаванд. Тавре мебинем, дар ин масъала мушкилиҳои муайян вобаста ба муносибат ба муҳоҷирон аз кишварҳои Африқо ва Осиё ҷой доранд. Кишварҳои аврупоӣ гурезаҳоеро, ки мехостанд бо киштиҳо уқёнусро убур карда, ба ҳудуди Иттиҳоди Аврупо ворид шаванд, қабул накарданд, ҳатто ҳолатҳои ғарқ шудани ин киштиҳо ва ба ҳалокат расидани муҳоҷирон дар баҳр ҷой доштанд. Ҳолатҳои қабул накардани муҳоҷирон ва баргардондани онҳо дар Лаҳистон, Финландия, кишварҳои назди Балтика - садҳо чунин ҳолатҳоро дар кишварҳои Аврупо мисол овардан мумкин аст, аммо дипломати олмонӣ изҳори нигаронӣ фақат дар мавриди ҳолату вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия баён кард, на дар мавриди муҳоҷироне, ки дар Иттиҳоди Аврупо қарор доранд.
Дар маҷмуъ, вазъи муҳоҷирон дар Аврупо хеле душвор аст: худи шаҳрвандони Олмон худро дар амн эҳсос намекунанд, зеро дар шаҳрҳои гуногуни Олмон байни муҳоҷирон ва шаҳрвандони маҳаллӣ муноқишаҳо ба амал меоянд. Ва бо вуҷуди ҳама печидагиҳои маълуми ин масъала, чунин изҳоротҳо дар бораи муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳадафи аслии имрӯзаи дипломатҳои олмониро нишон медиҳанд - онҳо ҷонибдори таҳкими робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, инчунин сармоягузорӣ барои пешрафти саноат ва кишоварзӣ нестанд, онҳо тарафдори халалдор кардани робитаҳои байни кишварҳо ва бад шудани вазъи сиёсӣ дар минтақа ҳастанд”.