Исломобод аз контроли мухолифони Толибон бештар суд мебарад, то аз кумак ба пирӯзии онҳо.

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари сиёсат ва геополитика, махсус барои “Сангар”

Бозии ҷадиди Покистон бо муқовимати зиддитолибон, аз ҳар зовияе, ки ба он нигоҳ кунем, метавонад тардидбарангез бошад. Собиқаи ҳимоят аз Толибон ва мухолифат бо низоми ҷумҳурӣ, дар канори нигаронии рӯзфузуни Исломобод аз густариши нуфузи Ҳинд дар Афғонистон, бар ин тардидҳо меафзояд.

Талоши Покистон дар марҳалаи ҷадиди ин бозӣ, истифода аз аҳроми муқовимат ба унвони абзори фишор барои таҳти контрол доштани Толибон ва расидан ба аҳдофи истихборотӣ, амниятӣ ва умқи стратегӣ, масъалае қобили тааммул аст.

Ин кишвар ҳеҷ гоҳ ба содагӣ дар пайи сарнагунии режими Толибон нест; режиме, ки худаш барои рӯйи кор омадани он, дар сутуҳи мухталифи амниятӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ ҳазина пардохтааст. Ба ҳеҷ ваҷҳ ба нафъи Исломобод нест, ки чунин режиме сарнагун шавад. Аммо эҷоди тавозун дар баробари таҳдидҳо ва талош барои дар контрол доштани абзоре монанди Толибон, метавонад Исломободро ба завоёи мухталифи ин бозӣ бикашонад. Истифода аз ин аҳром барои имтиёзгирии истиротежик аз Толибон ва маҳори таҳдидҳое монанди Таҳрики Толибони Покистон (ТТП), яке аз абъоди қобили баҳси ин бозӣ аст. Дар чунин шароите, Исломобод аз тамоми абзорҳои мумкин барои ҷилавгирӣ аз густариши таҳдиди амниятии ТТП истифода хоҳад кард.

Ҳимоят аз муқовимати зиддитолибон, дар нигоҳи низомиёни покистонӣ, шояд на як фурсат, балки талоше барои ба дом андохтани ин гурӯҳҳо бошад. Вобастагии таслиҳотӣ ва молӣ метавонад заминаи қатъи ногаҳонии ҳимоятҳо ва муомилаи судҷӯёна бо Толибон дар Кобулро фароҳам кунад; муомилае, ки тамоми барномаҳо, сармоягузориҳо ва аҳдофи муқовимати зиддитолибонро бо хатар рӯбарӯ месозад.

Гузоришҳое аз талоши низомиёни покистонӣ барои ҷалби гурӯҳҳои мухталифи муқовимат, фармондеҳон ва афроди муртабит бо ин ҷараёнҳо ба Исломобод, эҷоди дафотир ва пойгоҳҳо ва талош барои инсиҷоми онҳо дар баробари як барномаи эҳтимолӣ барои ворид кардани зарба ба Толибон, аз ҳудуди як сол ба ин сӯ мунташир шудааст. Ин талошҳо, бо таваҷҷуҳ ба истифодаи ҳамзамони Покистон аз чандин корти бозӣ, нишон медиҳад, ки Исломобод мумкин аст барои эҷоди иншиоб ва чандпора сохтани ин гурӯҳҳо, аз ҳар васила ва абзоре истифода кунад.

Ҳамзамон, талоши гурӯҳҳои мухталиф барои дарёфти имконоти бештар, пул ва таслиҳот, метавонад рақобати манфиеро ба вуҷуд оварад; рақобате, ки дар ниҳоят, ин мухолифонро тазъиф карда ва ба абзорҳое барои рақобатҳои баъдии Исломобод табдил мекунад.

Ба ин тартиб, Покистон метавонад аз чанд паёмади ин рақобат ба суди худ баҳрабардорӣ кунад: истифода аз вазъияти мавҷуд барои ворид кардани фишори бештар бар Толибон, интиқоли ҳазинаҳои сиёсӣ ва амниятӣ ба гурӯҳҳои муқовимати зиддитолибон, эҷоди иншиоб ва тазъифи ин гурӯҳҳо дар оянда ва талош барои дар контрол доштани ҳар ду тараф, ба манзури эҷоди мувозина миёни таҳдидҳо ва манофеи ҳамзамон.

Бинобар ин, ин рӯйкарди ҷадидро бояд дар ҳадди як эҳтимол ва дидгоҳи таҳлилӣ баррасӣ кард, на лузуман нишонае аз тағйири пойдор дар роҳбурди Покистон. Шояд дар кӯтоҳмуддат хушбиниҳое эҷод кунад, аммо шинохти Покистон, бо таваҷҷуҳ ба собиқаи бозиҳои истихборотии он дар Афғонистон тайи дастикам чаҳор даҳаи гузашта, нишон медиҳад, ки манофеи стратегӣ ва итминон аз дар ихтиёр доштани контроли бозӣ, метавонад бар сарнавишти гурӯҳҳои муқовимат авлавият дошта бошад.

Аз сӯи дигар, фаҳми бозиҳои амниятӣ мусталзими дарк ва шинохти қавоиди бозиҳои сиёсӣ аст; қавоиде, ки ба назар мерасад гурӯҳҳои муқовимат чандон ҷиддӣ нагирифтаанд. Агар муқовимати зиддитолибон шинохти комиле аз аҳдофи бузургтари бозии қудратҳои минтақаӣ ва фароминтақаӣ ба даст наёварад, гирифтор шудан дар чунин домҳое метавонад бори дигар онро дар гирдоби тӯфонҳои минтақаӣ фурӯ бибарад ва ба тазъиф ё ҳатто фурӯпошии он бианҷомад.