Нависанда: Растохези Шуъла (Афғонистон)
Пурсиши аслӣ дигар ин нест, ки «чаро Афғонистон ҳанӯз дар буҳрон аст?» Пурсиши муҳимтар ин аст: «Чаро идомаи буҳрони Афғонистон дигар ҷаҳонро ба андозаи гузашта нигарон намекунад?»
Посух шояд ин бошад, ки ҷаҳон ба буҳрони Афғонистон одат кардааст. Аммо одат кардани ҷаҳон ба як буҳрон, ба маънои поёни он буҳрон нест. Гоҳе хатарноктарин марҳалаи як буҳрон замоне оғоз мешавад, ки дигар касе аз вуҷуди он шигифтзада намешавад.
Афғонистон замоне, ки ҷанг дар он ҷараён дошт, яке аз муҳимтарин мавзӯоти сиёсати хориҷии ҷаҳон буд. Ҳамалоти интиҳорӣ, суқути шаҳрҳо, амалиёти низомӣ, нишастҳои байналмилалӣ ва саранҷом хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз ин кишвар, тақрибан ҳар рӯз дар садри ахбори ҷаҳон қарор дошт.
Аммо имрӯз, бо вуҷуди он ки миллионҳо афғонистонӣ бо фақр, гуруснагӣ, бекорӣ, маҳдудиятҳои густурдаи иҷтимоӣ ва буҳрони инсонӣ дасту панҷа нарм мекунанд, Афғонистон дигар ҷойгоҳи гузаштаро дар хабарҳо ва муҳосиботи сиёсии ҷаҳон надорад. Ин шояд яке аз хатарноктарин тағйирот дар вазъияти Афғонистон бошад: буҳрон аз байн нарафтааст, аммо таваҷҷуҳи ҷаҳон ба он коҳиш ёфтааст.
Афғонистон дигар барои бисёре аз кишварҳои ҷаҳон як «буҳрони фаврӣ» нест. Ба баёни дигар, буҳрони Афғонистон аз як масъалаи изтирорӣ ба як масъалаи музмин табдил шудааст; масъалае, ки ҳама медонанд вуҷуд дорад, аммо камтар касе интизор дорад ба зудӣ ҳал шавад.
Буҳронҳои инсонӣ маъмулан замоне таваҷҷуҳи ҷаҳониро бештар ҷалб мекунанд, ки ҳодисаи тоза ва драматике рух диҳад. Гуруснагие, ки ҳар рӯз такрор мешавад, кӯдаконе, ки ҳар рӯз дучори сӯитағзия мешаванд, хонаводаҳое, ки ҳар рӯз бо бекорӣ зиндагӣ мекунанд ва духтароне, ки солҳо аз мактаб дур мондаанд, ба тадриҷ аз назари журнализми расмӣ «хабари тоза» маҳсуб намешаванд. Ин ҳамон нуқтаест, ки як буҳрони инсонӣ метавонад ба одӣ шудан наздик шавад. Вақте як вазъияти изтирорӣ барои муддати тӯлонӣ идома пайдо кунад, ҷомеаи ҷаҳонӣ низ ба он одат мекунад.
Омили муҳими дигар, тағйири муҳити геополитикии ҷаҳон аст. Пас аз хуруҷи Амрико ва НАТО аз Афғонистон, таваҷҷуҳи қудратҳои бузург ба буҳронҳои дигаре мунтақил шуд. Ҷанги Украина, рақобати Амрико ва Чин, ҷанги Ғазза, буҳрони Ховари Миёна ва рақобатҳои фазоянда дар манотиқи мухталифи ҷаҳон, бахши бузурге аз зарфияти сиёсӣ ва расонаии кишварҳои ғарбиро ба худ ихтисос додааст. Дар чунин шароите, Афғонистон дигар ҳамон аҳамияти геополитикии солҳои ҳузури низомии Амрикоро надорад. Ин ба маънои он нест, ки Афғонистон барои ҷаҳон беаҳамият шудааст, балки навъи аҳамияти он тағйир кардааст.
Афғонистон дигар барои Амрико як майдони ҷанг нест; барои Аврупо як масъалаи бузурги муҳоҷиратӣ дар ҳамон миқёси солҳои гузашта нест; ва барои бисёре аз кишварҳои минтақа низ бештар ба як масъалаи амниятӣ ва иқтисодӣ табдил шудааст, то як буҳрони байналмилалӣ, ки ниёзманди мудохилаи фаврӣ бошад.
Ин тағйири нигоҳ паёмадҳои муҳиме дорад. Яке аз таноқузҳои муҳими вазъияти кунунии Афғонистон ин аст, ки Толибон аз назари бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ҳанӯз ба расмият шинохта нашудаанд, аммо амалан бо бахши бузурге аз ҷомеаи байналмилалӣ дар таомуланд. Кишварҳо бо Толибон гуфтугӯ мекунанд, бахше аз сафоратҳо ва намояндагиҳои дипломатӣ дар Афғонистон фаъоланд, созмонҳои байналмилалӣ дар кишвар кор мекунанд ва кӯмакҳои башардӯстона ҳамчунон идома дорад. Ба иборати дигар, ҷаҳон ба навъе таомул бидуни ба расмият шинохтан бо Толибон расидааст.
Ин вазъият як паёмади нохоста низ дорад: буҳрони сиёсии Афғонистон аз ҳолати «масъалае, ки бояд фавран ҳал шавад» ба вазъияти «воқеияте, ки бояд мудирият шавад» табдил шудааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ дигар лузуман мунтазири тағйири фаврии низоми сиёсии Афғонистон нест. Бисёре аз кишварҳо ба ин натиҷа расидаанд, ки бояд бо воқеияти мавҷуд кор кунанд, ҳатто агар онро матлуб надонанд. Ин ҳамон ҷоест, ки хатари одӣ шудани буҳрон бештар мешавад.
Дар солҳои гузашта, бахши бузурге аз робитаи ҷаҳон бо Афғонистон аз масири кӯмакҳои тавсеаӣ, пружаҳои иқтисодӣ ва ҳимояти мустақим аз давлати Афғонистон анҷом мешуд. Имрӯз бахши қобили таваҷҷуҳе аз ин робита ба кӯмакҳои башардӯстона маҳдуд шудааст. Ин тафовут бисёр муҳим аст. Кӯмаки башардӯстона барои наҷоти як инсон аз гуруснагӣ зарурӣ аст, аммо ба танҳоӣ наметавонад иқтисоди як кишварро бозсозӣ кунад. Тавзеъи ғизо метавонад аз марги як хонавода ҷилавгирӣ кунад, аммо наметавонад барои он хонавода шуғл эҷод кунад. Кӯмаки сиҳӣ метавонад як беморро дармон кунад, аммо наметавонад низоми сиҳии пойдор бисозад.
Агар як кишвар барои солҳо дар вазъияти дарёфти кӯмакҳои изтирорӣ боқӣ бимонад, як иттифоқи хатарнок рух медиҳад: буҳрон ба модели идора шудани ҷомеа табдил мешавад. Афғонистон набояд ба кишваре табдил шавад, ки ҷаҳон ҳар сол барои он пул ҷамъ кунад, то аз як фоҷеаи инсонӣ ҷилавгирӣ шавад, бидуни он ки чашмандозе барои хуруҷ аз ин чарха вуҷуд дошта бошад.
Чаро ранҷи афғонистониҳо дигар шоковар нест?
Шояд душвортарин бахши моҷаро ҳамин бошад. Ҷаҳон дар беш аз ду даҳаи гузашта борҳо тасовири мушобеҳе аз Афғонистон дидааст: кӯдакони гурусна, хонаводаҳои овора, занони маҳрум аз ҳуқуқи асосӣ, рустоҳои вайроншуда, муҳоҷироне, ки дар марзҳо саргардонанд ва шифохонаҳое, ки бо камбуди имконот мувоҷеҳанд.
Такрори ин тасовир метавонад асари онҳоро коҳиш диҳад. Он чи дар нахустин солҳои ҷанг як фоҷеаи такондиҳанда буд, пас аз ду даҳа мумкин аст ба бахше аз тасаввури умумӣ дар бораи Афғонистон табдил шавад.
Ин падида фақат марбут ба расонаҳо нест. Сиёсатмадорон низ ба он вокуниш нишон медиҳанд. Вақте як буҳрон барои муддати тӯлонӣ идома пайдо мекунад ва ҳеҷ роҳи ҳалли содае барои он вуҷуд надорад, ангезаи сиёсӣ барои пардохтан ба он коҳиш меёбад.
Буҳрони Афғонистон қурбонии ҳамин фарсудагии таваҷҷуҳ шудааст. Албатта, ҳамаи масъулият мутаваҷҷеҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ нест. Толибон низ бо сиёсатҳои худ, ба вижа дар заминаи маҳдудиятҳои шадид алайҳи занон ва духтарон, маҳдудияти озодиҳои маданӣ ва сиёсӣ ва набуди ҳукумати фарогир, заминаи таомули одӣ бо ҷомеаи ҷаҳониро душвор кардаанд.
Кишварҳои ғарбӣ наметавонанд ба содагӣ равобити одии сиёсӣ ва иқтисодӣ бо режиме барқарор кунанд, ки бахши бузурге аз ҷомеа, ба вижа занон ва духтаронро аз ҳуқуқи асосиашон маҳрум кардааст. Аммо мушкил ин ҷост, ки фишори сиёсӣ бар Толибон лузуман ба маънои коҳиши ранҷи мардум нест. Мумкин аст як режим таҳрим шавад, аммо ҳазинаи таҳримро гоҳе мардуме мепардозанд, ки ҳеҷ нақше дар тасмимҳои он режим надоранд.
Аз ин рӯ, ҷомеаи ҷаҳонӣ бо як муаммои душвор рӯбарӯ аст: чӣ гуна бар Толибон фишор ворид кунад, бидуни он ки мардуми Афғонистонро бештар таҳти фишор қарор диҳад? То имрӯз, посухи комил ва қонеъкунандае барои ин пурсиш пайдо нашудааст.
Шояд бузургтарин хатар барои Афғонистон фақат густариши фақр ё сӯитағзия набошад. Хатари бузургтар, одӣ шудани ин вазъият аст. Агар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин натиҷа бирасад, ки Афғонистон ҳамин аст ва бояд ҳамин гуна бимонад, фишор барои эҷоди тағйир низ коҳиш меёбад.
Агар духтарон солҳо аз мактаб маҳрум бошанд, мумкин аст рӯзе маҳрумияти онон дигар ба унвони як буҳрони фаврӣ дида нашавад. Агар миллионҳо нафар дар фақр зиндагӣ кунанд, фақр метавонад ба як вижагии одии ҷомеа табдил шавад. Агар муҳоҷират ва бозгашти иҷбории миллионҳо нафар такрор шавад, мумкин аст ин низ бахше аз «вазъияти табиӣ»-и Афғонистон талаққӣ шавад.
Ин хатар аз худи буҳрон ҳам ҷиддитар аст; зеро буҳрон то замоне, ки буҳрон талаққӣ шавад, имкони басиҷи манобеъ барои ҳалли он вуҷуд дорад. Аммо вақте буҳрон ба «вазъияти одӣ» табдил шавад, ангезаи тағйир аз байн меравад.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ наметавонад барои ҳамеша робитаи худро бо Афғонистон ба ирсоли бастаҳои ғизоӣ ва кӯмакҳои изтирорӣ маҳдуд кунад. Афғонистон ба иқтисод ниёз дорад; ба сармоягузорӣ ниёз дорад; ба низоми омӯзишӣ ниёз дорад; ба фурсатҳои шуғлӣ ниёз дорад; ба низоми сиҳии пойдор ниёз дорад ва беш аз ҳама, ба як чашмандози сиёсӣ ниёз дорад, ки битавонад бахшҳои мухталифи ҷомеаро дар худ ҷой диҳад.
Кӯмаки башардӯстона лозим аст, аммо кофӣ нест. Агар ҷаҳон фақат ба ин фикр кунад, ки чӣ гуна Афғонистонро аз як зимистон ба зимистони дигар бирасонад, дар воқеъ буҳронро мудирият мекунад, на ин ки онро ҳал кунад.
Афғонистон шояд дигар дар садри ахбори ҷаҳон набошад, аммо буҳрони он поён наёфтааст. Ин кишвар аз як ҷанги тӯлонӣ ба як буҳрони чандлоя ворид шудааст: буҳрони иқтисодӣ, буҳрони инсонӣ, буҳрони машруияти сиёсӣ, буҳрони ҳуқуқи занон, буҳрони муҳоҷират, буҳрони иштиғол ва буҳрони робита бо ҷаҳони хориҷ.
Мушкил ин аст, ки ин буҳронҳо дигар якбора ва инфиҷорӣ нестанд; ором, тӯлонӣ ва фарсоишӣ ҳастанд. Ва шояд ҳамин вижагӣ боис шуда, ки ҷаҳон битавонад бо онҳо зиндагӣ кунад. Аммо мардуми Афғонистон наметавонанд.
Барои як хонаводаи афғонистонӣ, ки кӯдаки гурусна дорад, буҳрон ҳар рӯз иттифоқ меафтад. Барои духтаре, ки аз мактаб маҳрум шудааст, буҳрон як титри хабарӣ нест; бахше аз ояндаи аздастрафтаи ӯст. Барои ҷавоне, ки кор надорад, буҳрон як гузориши иқтисодӣ нест; тамоми чашмандози зиндагии ӯст.
Бинобар ин, пурсиши аслӣ дигар ин нест, ки «чаро Афғонистон ҳанӯз дар буҳрон аст?» Пурсиши муҳимтар ин аст: «Чаро идомаи буҳрони Афғонистон дигар ҷаҳонро ба андозаи гузашта нигарон намекунад?»
Посух шояд ин бошад, ки ҷаҳон ба буҳрони Афғонистон одат кардааст. Аммо одат кардани ҷаҳон ба як буҳрон, ба маънои поёни он буҳрон нест. Гоҳе хатарноктарин марҳалаи як буҳрон замоне оғоз мешавад, ки дигар касе аз вуҷуди он шигифтзада намешавад.