Тавофуқи Исроилу Ҳамос оё ба ҷое мерасад?

Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари масоили Афғонистону минтақа (Шветсария), махсус барои "Сангар"

Баъд аз кушта шудани ҳудуд 45 ҳазори Фаластинӣ ва захмӣ шудани 88 ҳазор нафар ва овора шудани садҳо ҳазор мардуми мусулмони Фаластин билохира тавофуқномаи оташбас миёни Исроил ва Ҳамос пас аз 15 моҳи даргирии хунин дар навори Ғазза ҳосил шудааст. Ин тавофуқ бо миёнҷигарии кишварҳое монанди Қатар, Миср ва Иёлоти Муттаҳида дар Давҳа ба даст омадааст.

 Ҳарду тараф мутааҳҳид ба таваққуфи муваққати амалиёти низомӣ шудаанд. Неруҳои исроилӣ аз манотиқи маскунӣ ба самти марзҳои шарқии навори Ғазза ақибнишинӣ хоҳанд кард.

 Исроил ва Ҳамос озодии 33 гаравгони исроилӣ, ки шомили занон, кӯдакон, солмандон ва маҷрӯҳонро пазируфтааст ва Исроил дар муқобил, ҳудуди 1000 зиндонии фаластиниро озод хоҳад кард.

Ҳамчунон оворагони фаластинӣ муҷоз ба бозгашт ба манотиқи сукунати худ хоҳанд буд. Ин бозгашт дар мароҳили мухталиф ва бо ақибнишинии тадриҷии неруҳои исроилӣ аз манотиқи ишғолӣ сурат мегирад.

Гуфта мешавад вуруди кумакҳои башардӯстона ва тасҳилотӣ барои вуруди кумакҳои инсонӣ ба навори Ғазза фароҳам хоҳад шуд, то ба буҳрони инсонӣ мавҷуд посух дода шавад.

Паёмадҳо ва чолишҳои тавофуқ:

Мухолифатҳои дохилӣ дар Исроил, бархе аз аъзои ростгарои ифротии давлати Исроил бо ин тавофуқ мухолиф буда ва хостори идома амалиёти низомӣ, то нобудии комили Ҳамос ҳастанд. Гузоришҳо ҳокӣ аз истеъфои ду вазири ифротӣ дар эътироз ба ин тавофуқ аст.

Исроил ҳамчунон бар ҳифзи контроли амниятӣ дар навори Ғазза таъкид дорад ва бо мушорикати Ҳамос ё ҳатто ташкилоти худгардони Фаластин дар идора Ғазза мухолиф аст.

Идомаи музокирот, тавофуқи феълӣ ба унвони гоми нахуст дар назар гирифта шуда ва музокироти бештаре барои расидан ба оташбаси пойдор ва ҳалли масоили боқимонда зарурӣ аст.

Натиҷагирӣ:

Тавофуқи оташбас миёни Исроил ва Ҳамос метавонад гоме мусбат дар ҷиҳати коҳиши танишҳо ва беҳбуди вазъияти инсонӣ дар навор Ғазза бошад. Бо ин ҳол, чолишҳо ва ихтилофоти мавҷуд нишон медиҳад, ки дастёбӣ ба сулҳи пойдор ниёзманди музокироти бештар ва тавофуқоти ҷомеътаре аст.

 

“САНГАР”: БАРХЕ МАФОДИ ТАВОФУҚИ ОТАШБАС ДАР МАРҲАЛАИ АВВАЛ 

‏1 - Ақибнишинии комили режими Исроил ба хориҷ аз марзҳои навори Ғазза;

‏2 - Бозгушоии гузаргоҳи марзии Рафаҳ ва ақибнишинии комили Исроил;

‏3 - Сафари маҷрӯҳон ба хориҷ барои дармон;

‏4 - Ворид шудани рӯзона 600 контейнер кӯмакҳои инсондӯстона бо назорати давлати Қатар;

‏5 - Ворид шудани 200 ҳазор адад чодар ва 60 ҳазор конекс ҷиҳати ускони фаврии оворагон;

‏6 - Табодули асирон, озодии 1000 асири аҳли Ғазза ва садҳо асири дигар, ки ҳукми абад доранд;

‏7 - Озодии комили занони асир ва кӯдакони зери 19 сол;

‏8 - Ақибнишинӣ аз меҳвари Несторим ва Филоделфия ба шакли тадриҷӣ;

‏9 - Бозгашти комилу озодии ҳаракати оворагон ба ҳар минтақае, ки дар навори Ғазза, ки ирода кунанд;

‏10 - Адами парвози ҳавопаймоҳо ва паҳподҳои режим ба муддати 10 то 12 соат дар тӯли рӯз;

‏11 - Бозсозии фаврии бемористонҳои осебдида ва барпоии бемористонҳои майдонӣ ва вуруди пизишкони мутахассис.

Ин тавофуқ дар муқобили таслими 33 асири исроилӣ (мурда ва зинда) анҷом хоҳад пазируфт ва дар мароҳили дувум ва севум дар хусуси 66 асири дигар тасмимгирӣ хоҳад шуд;

Пас аз 467 рӯз натанҳо аҳдофи оғози амалиёт дар Ғазза тавассути артиш режими Исроил муҳаққиқ нашуд, балки бисёре аз аҳдофи амалиёти “Тӯфони Ақсо” муҳаққиқ гардид.