Нависанда: доктор Фарид Юнус, устоди бознишастаи башаршиносии исломӣ ва фалсафаи исломии Донишгоҳи Аёлати Калифорния, Иёлоти Муттаҳида Амрико, узви Шӯрои машвараи "Сангар" 

Музокирот байни Толибон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муаррихи 30 - 31 июли соли 2023 дар Доҳа ба нокомӣ анҷомид.

Таваққӯъоти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз рӯзи аввал масоили умдаи ҳуқуқи башар аст, махсусан иҷозаи таҳсил ва кор барои бонувон ва дар қадами дувум озодии баёну қалам, ки Толибон қатъан сар хам намекунанд. Далели ин ки Толибон сар хам намекунанд ин аст, ки онҳо ба ин тасаввур ҳастанд, ки Амрикоро шикаст додаанд ва бояд Амрико аввал дороӣ ё пул, ки Амрико ба истилоҳи иқтисодӣ, мунҷамид сохта, ба Афғонистон мустарад кунад, то онҳо ба Амрико гӯш кунанд.

Дувум, банда аз рӯзи аввал гуфтам ва навиштим, ки як гурӯҳ, ки ба асоси як идеология ба қудрат расида бошад, ҳаргиз мусолиҳа ва муфоҳима намекунад, ки то имрӯз накардаанд. Агар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пулҳои мунҷамидшударо мустарад кунад, чунин маънӣ медиҳад, ки як абарқудрат бояд ба як гурӯҳи террористӣ гӯш фаро диҳад ва ин мавқифи Амрикоро дар сатҳи байналмилалӣ  заиф нишон медиҳад. Дувум ин ки агар Амрико ба Толибон гӯш фаро диҳад, усули асосии демократияи худашонро, ки озодиҳои фардиву баён, қалам ва бонувон аст, зери по мегузоранд.

Аммо бояд хотирнишон кард, ки ин масъала дар сиёсати хориҷии Амрико, ки усули демократии худашонро дар ҷаҳони берун аз Амрико зери по бигузорад, на як мавзӯи нав аст ва на номумкин. Агар Амрико ё ҳар идорае, ки бошад, хоҳ демократ, хоҳ ҷумҳурихоҳ ба ҳуқуқи башар хориҷ аз кишварашон эътиқод медошт, бо Толибон як мувофиқатнома имзо намекард. Яъне хонандагон бояд бидонанд, ки Амрико пойбанди ҳуқуқи башари хориҷ аз Амрико нест ва танҳо манофеи стратегӣ ва иқтисодии Амрико матраҳ аст ва агар рӯзе Амрико Афғонистонро ба расмият бишносад, тааҷҷуб накунед.

Аммо феълан Амрико мунтазири кишварҳои арабӣ аст, монанди Қатар ва дигар кишварҳои Халиҷи Форс, ки Толибонро тамвил мекунанд ва далели тамвили Толибон тавассути кишварҳои Халиҷи Форс ин аст ва дар гузашта гуфтем, ки агар як низоми одил ва демократияи мардумии асосӣ дар Афғонистон ба вуҷуд биёяд, низомҳои кишварҳои Халиҷро мутаассир месозад ва онҳо монанди "эффекти домино" аз байн мераванд. Аз ин рӯ, кишварҳои Халиҷи Форс толибро тамвил мекунанд то худашон зинда бошанд.

Намояндаи вежа дар умури Афғонистон оқои Томас Вест ва бону Рино Амирӣ, ки афғонистониасл ва масъули ҳуқуқи занон, ба вежа, Афғонистон дар вазорати корҳои  хориҷии Амрико хидмат мекунад,  дар ин музокирот саҳм доштанд. Оқои Вест ба ҷои Халилзод ба ин пост гумошта шудааст ва тақрибан ҳамон сиёсати Халилзодро ба пеш мебарад, ки ин на ба суди Амрикост ва на ба суди ҳуқуқ башар дар Афғонистон.  Хонум Амирӣ андешаи хоси сиёсӣ надорад ва аммо музокирот ҳамроҳи Толибон дар пушти дарҳои баста ба мувофиқа нарасид, зеро маълум мешавад, ки хонум Амирӣ дар мавқифи худ феълан сахт побанд аст, то вақте ки аз болоҷо  барояш чароғи қирмиз равшан шавад, ки зиёд пофишорӣ накунад.

Толибон, ки ба асоси идеология "дуқ", яъне хамирхобе аз девбандии Ҳинд, ваҳҳобии Саудӣ ва қавмию қабоилӣ арзи андом кардаанд, мусолиҳа намекунанд, махсусан, ки миллиард доллар ба номи кӯмакҳои башархоҳона аз Амрико дарёфт мекунанд ва худашон ором ҳастанд ва ин ки кишвар дар фақр ба сар мебарад, онҳо ин бадбахтиро аввал сари Амрико андохтаанд, ки пулҳоро мунҷамид сохта ва дувум ризои Худо медонанд, чунончи гуфтанд, ки нон додани мардуми кори онҳо нест!