Мавлавӣ Холис ба мансубини ҳизбаш васият карда буд, ки баъд аз ӯ ба Устод Раббонӣ пайванданд.

Нависанда: Ҳафиз Мансур, сиёсатмадор ва нависанда, аз раҳбарони ҳизби Ҷамъияти исломӣ ва Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон

Мавлавӣ соҳиб Муҳаммад Юнус Холис яке аз раҳбарони танзимҳои ҷиҳодии ҳафтгона буд, ки дар солҳои ҷиҳод дар Пешовар марказият доштанд. Эшон бо вуҷуди он ки фориғуттаҳсили мадориси динӣ буд, аммо қабл аз ҷиҳод ҳам бо сарони Наҳзати исломӣ, ки аз Донишгоҳи Кобул бархоста буданд, алоиқе дошт.

Мақола менавишт ва дар ҳамоишҳо ба суханронӣ мепардохт. Дар ҳамон солҳо асари маъруфи Ибни Таймия “Ас-сиёсатуш-шаръия”-ро аз арабӣ ба пашту тарҷума кард.

Мавлавӣ соҳиб дар оғоз бо Ҳизби исломӣ ба раҳбарии Инҷенер Ҳикматёр ҳамкорӣ дошт ва ба зудӣ худ ба таъсиси ҳизби дигаре ба номи Ҳизби исломии Афғонистон зад, ки ба номи “Ҳизби исломии Холис” ёд мешуд.

Вай ба хотири риши ҳиноӣ ва суханони танзомезаш дар миёни сарони танзимҳои ҷиҳодӣ барҷаста буд. Мавлавӣ Ҷалолуддин Ҳаққонӣ, Ҳоҷӣ Абдулқодирхон ва Қумандон Абдулҳақ аз фармондеҳони маъруфи Мавлавӣ соҳиб Холис буданд.

Эшон дар миёни раҳбарони ҷиҳодӣ бо Устод Бурҳонуддин Раббонӣ робитаи самимонае дошт ва Ҳазрати Устод ҳам хотири ӯро мехост; боре Устод Раббонии шаҳид дар тамҷид аз Мавлавӣ соҳиб Холис аз ӯ ба унвони “чирики пир” ёд кард ва дар як суханронии дигар, ки Мавлавӣ соҳиб аз иттиҳоди танзимҳои ҷиҳодӣ бозмонда буд, гуфт: “Иттиҳод бидуни Холис, нохолис аст”.

Гуфта шуда, ки Мавлавӣ Холис дар солҳои ахири умраш, ки дар Нангарҳор мезист, ба мансубини ҳизбаш васият карда буд, пас аз ӯ ба раҳбарии Устод Раббонӣ фаъолияташонро давом диҳанд.

Дар мавриди танзҳои Мавлавӣ соҳиб гуфта шуда, он гоҳ ки Мавлавӣ соҳиб издивоҷи дувум кард, ба сони бисёре аз касони дигар, ки табсараҳое дар мавридаш сурат мегирад, дар Шӯрои раҳбарии танзимҳои ҷиҳодӣ Инҷенер Ҳикматёр дар мавриди он кинояе мегӯяд ва дар посух ба вай Мавлавӣ соҳиб чунин посух медиҳад: «О бача Гулбиддин, он қадар ки издивоҷи ман туро зӯр дода, зани аввалиямро зӯр надодааст».

Ва ё ҳам бори дигар аз эшон нақл шудааст, ки дар мавриди мавзеъгириҳои мавсимии Ҳикматёр мегӯяд: “Ҳикматёр, ту ба мо эзор-оташӣ шудаӣ, агар аз ...н берун кунем, луч мешавем ва расвои хосу ом мегардем, агар бигзоремат, ...ни моро месӯзонӣ”.

Дар он солҳо ба ҳайси рӯзноманигор чанд боре ба дафтари эшон муроҷиат кардам, дафтари сода ва беташрифот. Дар ҳамон чанд навбат бо шӯрбо моро пазироӣ карданд, вале Ҷаноби марҳум Мавлавӣ соҳиб танҳо гӯшт тановул фармуд, иллат ва далели он бароям равшан нашуд.

Мавлавӣ соҳиби марҳум бештар воскат (ҷалиқа)-и сохти аврупоӣ ба тан мекард, бо ранги хокӣ ва чандҷайба. Шунида будам, ки ин воскатҳоро дар Ғарб моҳигирон ба тан мекунанд, валлоҳу аълам. Аммо ҷолиб ин ки ҷайбҳои воскати эшон ҳамеша пур ба назар меомад ва дар шарҳи он гуфта мешуд, ки ҳар ҷайбашон ҳукми як дафтарро дошт, дар яке авроқи бахши низомӣ, дар дигаре бахши сиёсӣ, дар дигаре фарҳангӣ... ба ҳамин минвол.

Ин табсираҳо то чӣ ҳад дақиқ аст, Худо - Олими Беҳтар - медонад, аммо сухани атрофиён ҳамин буд, ки гуфта омад. Дарвоқеъ, ташкилоти як танзим дар як воскат хулоса мешуд.