Эътирофоти ӯ чӣ чизеро дар бораи нақши Созмони Милал дар охирин рӯзҳои қудрати Наҷибуллоҳ ошкор мекунад?
Нависанда: Доктор Ҳорун Амирзода, таҳлилгари сиёсӣ, пажӯҳишгар ва нависанда (Лондон)
Дар миёни суханони хашмолуд, пур аз ҳасрат ва пушаймонии оқои Бенон Севан дар мусоҳибаи ахирашон, бархе розҳои ногуфтае бармало шуд, ки пеш аз ин бар забон наоварда буд. Ба чанд нуктаи муҳими он метавон ишора кард:
Нахуст: Афсонаи "моддаи панҷфиқраии Созмони Милал"
Бенон Севан эътироф мекунад, ки ҳаргиз тарҳи мушаххасе ба номи «моддаи панҷфиқраӣ»-и Созмони Милал вуҷуд надоштааст. Созмони Милал тарҷеҳ медод тарҳе афғонӣ миёни гурӯҳҳои рақиб шакл бигирад ва худ танҳо нақши тасҳилкунандаро дошта бошад; тавофуқе, ки ҳаргиз таҳаққуқ наёфт. Дар ҳоле ки тамоми барги барандаи бозии Бенон Севан ва Наҷиб ҳамин «моддаи панҷфиқраӣ»-и хаёлӣ буд, ки ҳизб, давлат ва мардумро ба умеди поёни ҷанг ва қатъи мудохилоти хориҷӣ фиреб медоданд. Чунин вонамуд мекарданд, ки саранҷом Созмони Милал ва талошҳои Наҷиб натиҷа хоҳад дод.
Ҳаводорони Наҷиб дар сию панҷ соли гузашта аз он ба унвони "тарҳи наҷоти Афғонистон" ёд мекарданд ва муддаӣ буданд, ки рақибони сиёсии дохили низоми ҷумҳурият дар дақиқаи навад онро саботаж карданд. Акнун аммо Бенон Севан худ мункири вуҷуди чунин тарҳе мешавад.
Дувум: Азоби виҷдони гузинишӣ
Дар каломи Бенон Севан нишоне аз пушаймонӣ барои сарнавишти трагики Афғонистон дида намешавад, аммо дар баробари Наҷиб виҷдонаш сахт озурда аст. Ӯ бо дарду андӯҳ мегӯяд, ки бо вуҷуди хатар худро дар торикии шаб аз Покистон ба майдони ҳавоии Кобул расонда буд, то Наҷибуллоҳро аз кишвар хориҷ ва ба Ҳинд мунтақил кунад, аммо бо мумониати нерӯҳои давлати худаш мувоҷеҳ мешавад ва аз тарс ба хотири фирор аз кишвар ба намояндагии Созмони Милал паноҳанда мешавад.
Шигифтo! Нерӯҳои Ҷумҳурии Афғонистон, ки монеъи фирори пинҳонии раисиҷумҳурашон тавассути Созмони Милал дар торикии шаб ва дар сарнавиштсозтарин лаҳазоти таърихи кишвар шуданд, аз назари оқои Бенон «хоин ва кудаточӣ» шумурда мешаванд! Дар кадом кишвари ҷаҳон дида шуда, ки Созмони Милал ҳамдасти раисиҷумҳури як мамлакат шавад, то ӯро фирор бидиҳад? Дар кадом сарзамин расм аст, ки раисиҷумҳур буздилона ва пинҳонӣ кишварашро тарк кунад, аз мардум ва раҳбарони давлаташ интизор дошта бошад, ки барои ӯ ва ҳамдастонаш аз Созмони Милал каф бизананд?
Севум: Нотавонии Созмони Милал
Бенон Севан мегӯяд, Созмони Милал бидуни ҳимояти Амрико ва Покистон аз овардани сулҳ дар Афғонистон оҷиз буд.
Аммо дареғо, ки танҳо коре, ки аз дасти Созмони Милал баромад, ин буд, ки раисиҷумҳурро дар торикии шаб фирорӣ диҳад ва кишварро дар халои қудрат ва ҳарҷумарҷи бепоён фурӯ бибарад.
Чаҳорум: Муомилаи Наҷиб бо Покистон бар сари Ҳикматёр
Оқои Бенон мегӯяд, бисёре аз раҳбарони муҷоҳидин на бо худ ба тавофуқ мерасиданд ва на алоқае ба тавофуқ бо давлати Наҷиб доштанд.
Аммо покистониҳо танҳо як чиз мехостанд: интиқоли қудрат ба ҳар қимат ба Ҳикматёр — ҳамон "ифротии тезобпош бар рӯи занон", ки муҳраи сарсупурдаи ин кишвар дар миёни танзимҳои ҷиҳодӣ буд. Ин дар ҳоле буд, ки Наҷибуллоҳ худ низ бо Покистон дар интиқоли қудрат ба Ҳикматёр ҳамфикр ва ҳамдаст буд. Ба поси ҳамин хушхидматии Наҷиб буд, ки покистониҳо ба ӯ пешниҳоди паноҳандагӣ доданд. Аммо ба гуфтаи Бенон, Наҷиб напазируфт, чаро ки муддатҳо пеш Ҳиндустонро манзили мақсуди хеш интихоб намуда буд.
Панҷум: Чаро Наҷиб аҷала дар фирор дошт?
Бенон Севан ба далели аҷалаи хуруҷи махфиёнаи Наҷиб дар нимашаб ва тақозои мукаррари Наҷиб аз Бенон Севан, ки худро ҳар чӣ зудтар аз Покистон ба Афғонистон бирасонад, посухи мантиқӣ ва равшане намедиҳад. Аммо ӯ далели онро кудатои давлатӣ тавассути руфақо ва ёронаш муаррифӣ мекунад, ки монеъи хуруҷи ӯ аз кишвар шуданд.
Аммо аксарият бовар доранд, ки на касе алайҳи Наҷиб кудато карда буд ва на ниёз ба кудато буд, дар шароите, ки ҳама мисли киштии "Титаник" дар Афғонистон дар ҳоли ғарқ шудан қарор доштанд.
Аммо бовар мешавад, ки иллати фирори оҷили раисиҷумҳур тарс аз суқути пойгоҳи ҳавоии Багром ба дасти нерӯҳои Масъуд буд, на ба дасти нерӯҳои Ҳикматёр, ки Наҷиб сахт мунтазири он буд. Бо суқути Багром тавассути нерӯҳои Масъуд, сенарияи Наҷиб, яъне таслимии калиди Арг, артиш, ҳизб, руфақо ва тамоми давлату мардуми Кобул ба Ҳикматёр таҳти қайми Покистон низ барҳам хӯрд. Аммо Ашраф Ғанӣ ҳамин корро муваффақона дар ҳангоми фирори худ дар 15 августи 2021 анҷом дод ва калиди Аргро ба шабакаи Ҳаққонӣ супурд.
Шашум: Суқути Бенон дар ботлоқи афғоният
Воқеият ин аст, ки Наҷиб ва наҷибиҳо чунон зеҳни Бенон Севанро шустушӯ дода буданд, ҳамон гуна ки пеш аз ӯ Иттиҳоди Шӯравиро низ дар доми манофеи танги қабилаии худ гирифтор ва ба бероҳа кашонда буданд. Севан дар ин мусоҳиба нишон дод, ки ҳатто дар куҳансолӣ низ дар ботлоқи "афғонизм" гир мондааст; чунончи, замоне ки номи Аҳмадшоҳ Масъудро аз ёд мебарад, аз хабарнигор мепурсад: "Номи он тоҷик чӣ буд?"
Масъуд дар он вақт пеш аз он ки як тоҷик бошад, як муҷоҳиди ормонгаро буд. Ӯ бар хилофи Толибон, то рӯзи суқути Давлати Исломии муҷоҳидин, на танҳо худро дар баробари Созмони Милали Муттаҳид масъули амнияти Наҷиб медонист, балки бо ӯ бо эҳтиром бархӯрд мекард ва ҳатто дар остонаи суқути Кобул ба дасти Толибон ба ӯ пешниҳод дод, ки аз паноҳгоҳи Созмони Милал дар Кобул хориҷ шавад, зеро ҷонаш дар хатар хоҳад афтод. Аммо Наҷиб чашм ба роҳи Толибони паштунтабор буд ва мепиндошт, ки бо ӯ ҳамчун як қаҳрамон бархӯрд хоҳанд кард ва дар аморати Мулло Умар мақоме хоҳанд дод.
Ҳафтум: Нохудое, ки гурехт, аммо киштии Афғонистон ғарқ нашуд
Дар рӯзҳои охири ҳукумати Наҷиб, Афғонистон ба киштии бузурге мемонд; ҳамон киштие, ки рӯзе худи ӯ бо ғурур мегуфт: "Мухолифон мехоҳанд мани Наҷиб, капитани ин киштии бузурги мардуми Афғонистон, онро бо худ дар баҳри Ҳинд ғарқ кунам!"
Аммо рӯзгоре фаро расид, ки ҳамин нохудо дар миёнаи саҳмгинтарин тӯфон киштии гирифторшудаи мардуми Афғонистонро бо тамоми сарнишинонаш — бо руфақо, ҳизбу давлат, дӯстон, бо хонаводаҳо ва занону кӯдакон — раҳо кард ва талош кард бо фирораш заминаи зуд ғарқ шудани киштиро фароҳам созад.
Ин дар ҳоле буд, ки тамоми сарнишинони он киштии тӯфонзада, аз хурд то бузург, паймони мардонагӣ баста буданд, ки ё ҳама бо ҳам ғарқ хоҳанд шуд, ё ҳама бо ҳам саломат ба соҳили мурод хоҳанд расид.
Хушбахтона, хиёнат ва буздилии нохудо натавонист он киштиро он гуна, ки мехост, ба қаъри дарё бифиристад; баръакс, ба ҳиммат ва хиради бузургони киштӣ ба манзили мақсуд расид. Нохудои фирорӣ ва ҳавохоҳонаш барои ҳамеша шармандаи таърих шуданд.
Сухани охир
Ба бовари ман, таърихи Афғонистон на Бенон Севанро хоҳад бахшид ва на корномаҳои табаҳкоронаи Наҷиб ва ҳамаи бозигарони чапу рости ин трагедияро. Бисёре аз фоҷиаҳои Афғонистон — аз ҷангҳои миёнатанзимӣ то зуҳури Толибони аввал ва ҷумҳурияти ишғолии амрикоӣ, фирори буздилонаи Ашраф Ғанӣ ва заминасозӣ барои ишғоли муҷаддади кишвар тавассути Толибон — реша дар хиёнатҳои дохилӣ ва хориҷӣ дорад, ки сароғози он ба фирори нофарҷом ва буздилонаи Наҷиб дар соли 1992 бармегардад. Ҳарчанд Наҷиб баҳои хиёнатҳояшро сӣ сол қабл бо ҳазинаи ҷонаш ба дасти Толибон пардохт, аммо шигифтовар аст, ки имрӯз бисёре аз ошиқони Наҷиб худ ошиқони Толибон, яъне қотилони Наҷиб низ ҳастанд.
САНГАР: Замоне, ки ин матлаб барои чоп омода мешуд, Бенон Севан, дипломати собиқи Созмони Милали Муттаҳид ва муовини пешини дабири кулли ин созмон, рӯзи душанбе, 5 октябр, дар синни 89-солагӣ дар Қибрис даргузашт.