
Чӣ марги шармовар ва ибратнок, ки Афшин дошт. Ба ривояти муаррихин, аз ӯ пурсиданд, ки оё " хатна" шудаӣ?
Нависанда: Аҳмад Баҳори Чӯпон
Ҳангоме, ки Бобаки Хуррамдин ба хунхоҳии Абӯмуслим Хуросонӣ бархост ва сипоҳ гирд овард, Маъмун халифаи аббосӣ, Яҳё ибни Маоз, яке аз сардорони сипоҳи хилофатро ба сӯи Бобак ба Озарбойҷон, ки конуни муқовиматҳои хатарнок ва тӯлонӣ алайҳи хилофат/аъроб буд, фиристод, аммо сипоҳи Яҳё аз сипоҳи Бобак Хуррамдин, ки шумори онро аз 100 то дусад ҳазор, гуфтаанд, шикаст хӯрд ва Бобак то минтақае ба номи "Ҷибол", ки наздики марзҳои дохилии хулафои аббосӣ буд, пешравӣ кард.
Ба қавли муаррихин, аъроби бодиянишин ҷанг дар ҳамвориҳоро балад буданд, аммо аз набард дар манотиқи баланд ва кӯҳистонӣ, таҷрибаи андак доштанд. Аз ин рӯ, Бобаки Хуррамдин қалъае маҳкам дар баландои кӯҳистонӣ обод намуд ва лашкари ӯ аксар дар кӯҳистонҳо мавзеъ дошт, ки ин амр сабаб мешуд аъроб бар ӯ даст наёбанд ва чира нашаванд.
Яке аз далоили идомаи қиёми хуррамдинон барои бист сол ва расидани Бобак то бехи гӯши халифаро ҳамин ҳунар ё тактикаи Бобак дар истифода аз ҷуғрофияи табиии Озарбойҷон ба нафъи хеш медонанд.
Сипоҳи Бобак бузургтар ва хатари ӯ барои хулафои аббосӣ ҳарчи бузургтар мешуд, то ин ки Афшин, писари Ковус, шоҳзодаи Усрушана (Усрушана кӯҳистоне мобайни Самарқанд ва Хуҷанд) аз сӯи халифа маъмури дастгирии Бобак шуд.
Афшин, ки орзуи расидан ба фармонравоии Хуросон бар сар дошт, ба ин далел аз тарафи халифаи аббосӣ ба ҷанги Бобаки Хуррамдин фиристода шуд, ки парвардаи кӯҳистон буд ва аз фавту фанни ҷанг дар кӯҳистонҳо бохабар.
Афшин пас аз набардҳои бисёр бо Бобак, дар поён бо ҳилаву найранг ӯро ба дом афканд ва дастбаста ба халифа таҳвил дод, ба ин умед, ки ба фармонравои Хуросон гумошта шавад ва қудрату сарват ба даст орад.
Халифаи аббосӣ Бобакро “зиндиқу ёғиву боғӣ ва муҳориб” эълом намуда, бо ноҷавонмардӣ банд аз банди ӯ бурид. Яъне ҷилави чашми халифа ва дарбориён дар васати кох ӯро, ки ба ғулу занҷир кашида буданд, ба санге бастанд ва аввал дастҳояшро бариданд ва сипас поҳову сипас сари озодаашро.
Ба як нақл, Бобаки Хуррамдин чаҳор духтари ҷавон дошт, ки ба дасти сипоҳи араб асир ва ба Бағдод назди халифа фиристода шуда буданд.
Халифа мусалламан ба шукронаи шикасти Бобак ва қатли ӯ ба номи “зиндиқу ёғиву боғӣ ва муҳориб”, ҷашни бузурге барпо кард ва дар ҳангоми суруру пойкӯбии дарбориён чаҳор бор аз маҷлис берун рафт ва баргашт. Ба гувоҳии муаррихин, ӯ бар ҳар чаҳор духтари ҷавони Бобак, ки асири ӯ буданд, таҷовуз кард.
Ва аммо марги Бобак поёни кори хуррамдинон ва ҷунбишҳои зиддиараб дар Хуросон нашуд.
Аз он сӯ, Афшин, ки таваққӯъ дошт ба поси он ноҷавонмардӣ ва муздурӣ барои араб, мавриди инояти халифаи аббосӣ қарор гирад, дами теғи ҷаллоди халифа рафт.
Аммо чӣ марги шармовар ва ибратнок, ки Афшин дошт. Ба ривояти муаррихин, аз ӯ пурсиданд, ки оё " хатна" шудаӣ?
Афшин посухи манфӣ дод. Ва аз сӯи уммоли халифа "мунофиқ" хонда шуд ва як далели мунофақати ӯ хатнаношудагии ӯ буд. Афшин барои исботи ин ки ӯ "мунофиқ" нест, тан ба хатна дод, аммо халифа, ки дигар ниёзе ба ӯ надошт, аввал олаташро бурид ва пас аз муддате сарашро!
Вақте акси ҳамроҳи ин матнро дидам ва ба қиёфаи дармондаву забун будани Фасеҳуддин дар баробар он одамкуши ниқобдор нигоҳ кардам, ёдам аз Афшин ва саргузашти ӯ омад, ки ба ҳирси расидан ба фармонравоии Хуросон дар хидмати халифаи аббосӣ қарор гирифт ва ба кӯҳистонҳои Озарбойҷон рафт ва ҳила карду Бобакро ба халифа супурд.
Дар тавзеҳи акси ҳамроҳ навиштаанд, ки муҳофизи мулло Яъқуб аз вуруди Фасеҳуддин, раиси ситоди артиши номниҳоди Толибон ба назди Мулло Яъқуб ҷилавгирӣ мекунад, он ҳам ба дастури Мулло Яъқуб!
Бо он ки Фасеҳуддин танҳо муҳрае нест, ки пешопеши мошини ҷангии Толибон ба саркӯби мухолифони Толибон меравад, дар поён аммо сарнавишти ӯ чизе шабеҳи Афшин хоҳад буд.