Ҷосусе, ки дар масҷиди “Пули Хиштӣ” ҷамоат медод, кӣ буд?
Нависанда: Маҳфуз
Ба манзури дохил шудан ба умқи бозии MI6 (созмони ҷосусии Инглис) дар Афғонистон ва минтақа, нахуст умқи стратегияи инглисҳоро дар душманӣ бо ҷаҳони ислом ба тавзеҳ гирифта ва сипас мепардозем ба нахустин ҳаракат ва амалкардҳои MI6 бо ирсоли ҷосусон дар либоси мулло ва олим дар Афғонистон.
"Чӣ гуна исломро нобуд кунем?" унвони китобест, ки таҳдоби созмонҳои истихборотии Инглис (MI6, MI5)-ро ташкил медиҳад. Ин китоб ду қарн пеш тавассути мағзҳои мутафаккири стратегисти Инглис барои татбиқи стратегиҳои дарозмуддати худ дар ҷаҳони ислом таҳия ва онро асос гузошта, сархати сиёсатҳои хориҷӣ ва султаҷӯёнаи худ дар ҳол ва ояндаҳои дур қарор доданд ва медиҳанд. "Мистер Ҳемфер", ҷосуси Инглис дар кишварҳои исломӣ, дар китоби хотироти худ дар бораи татбиқи маводҳои ин китоб "Чӣ гуна исломро нобуд кунем?" менависад:
«Баъд аз бисёр ҷангҳо ва таҷрибаҳо дарёфтем, ки ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон бо ислом аз дари ҷанг пеш омад ва онро аз байн бурд. Андешаи раҳбарони давлати Бритониёи Кабир бар он шуд, ки исломро бо нақшаи дақиқ ва ҳисобшуда ва бо шикебоии бас дарозмуддат аз дохил нобуд кунанд. Дуруст аст, ки мо саранҷом бояд даст ба кори низомӣ бизанем, аммо ин тасмимро дар марҳалаи охир, замоне, ки кишварҳои исломиро ба заъф кашондаем, ба мавриди иҷро дармеоварем. Мо ба ҳар ҷузъ аз пайкари ислом чунон табар мезанем, ки дигар натавонад қувваҳояшро ҷамъ ва иқдом ба муқобила ба мисл кунад."
Як фасли ин китобро барафрӯхтани оташи ҷанг ва шӯришҳои дохилӣ ва марзӣ миёни муслимин ва ғайримуслимин ва низ байни худи мусулмонон дар кишварҳои мухталиф дар тӯли замон, то он ки неруи муслимин ба тақлил биравад ва аз андешаи пешрафт ва яке кардани сафҳои худ ғофил шаванд ва тавони фикрӣ ва манобеи моддии онҳо аз байн биравад, ҷавонон ва неруҳои фаъол ва коромади онҳо нобуд шаванд ва ҳарҷу марҷ ва низоъ дар миёни мусулмонон ҳоким гардад, ташкил медиҳад.
Ба асоси татбиқи маводҳои ҳамин китоб буд, ки MI6-и Инглис мунозиъа ё хатти марзии Дюранд ва Кашмирро дар канори Афғонистон ва Ҳиндустон, дар ду сӯи Покистон, ба унвони пойгоҳи ҳамешагӣ ва бобулвуруди худ, ба масобаи дарди сари минтақа, ҷорӣ нигоҳ доштани танишҳои қавмӣ миёни мусулмонон ва татбиқи аҳдофи худ дар ояндаҳои дур ба мерос гузошт.
Ҳар навъ мунозиъа, ҷанг ва қатл миёни кашмириҳо, покистониҳо ва афғонҳо, ҷорӣ нигоҳ доштани хуни мусулмонон ва фаъол нигоҳ доштани осиёби MI6 дар минтақа буда ва ҳаст. Шаклгирии идора ва раҳбарии Покистон дар ҷуғрофиёи минтақа, пеш аз ин ки як кишвари мустақили исломӣ бошад, як ташаккули мармуз ва мафиёист, ки дар ростои манофеи минтақаии қудратҳои бузург, бахусус Инглис ва Амрико, рақам хӯрда, раҳбарӣ ва ҳидоят мешавад.
Инглисҳо аз ваҳдат ва рушди фикрии ҷаҳони ислом дар хавф буданд ва ҳастанд ва саъй карданд бо эъзоми агентҳо ва ҷосусони худ дар Афғонистон монеъи рушди фарҳанг ва фалсафаи илмии ислом гардида, афғонҳоро дар ҳитаи ақида ва хурофот аз асли ислом дур ва эҳсосоти ақидавии онҳоро дар гарави сеҳру ҷоду нигоҳ доранд.
Дар таъмини ин маъмул намояндагони худро дар либоси пиру Ҳазрат ва шайху толиб, бо абову қубо ва дастору чилтар, ороста ба Афғонистон эъзом намуданд, то аҳдофи сиёсӣ ва истеъмории худро ба василаи ҳамин фиристодагони мусулмоннамо зери чатри ислом дар Афғонистон ба даст биёваранд, ки мушти намунаи хирвор аз чанд тани онҳо ва корномаҳои онҳо, ки дар китоби “Афғонистон дар масири таърих” аз онҳо зикр ба амал омада ва дар китоби “Афғонистон тахтаи хези истеъмор” аз сафҳаи 23 то 27 комилан чеҳраҳои ҷосусиро офтобӣ сохтааст.
Ном мегирем: яке аз агентҳои мармуз ва дастпарвардагони Инглис шахсе ба номи мустаъори Сайид Ҳусайн, маъруф ба Нақиб, аз тариқи Ҳиндустони Бритониёӣ дар замони Ҳабибуллоҳхон вориди Афғонистон ва дар Ҷалолобод, дар ноҳияи Чорбоғ, ҷо ба ҷо шуд, ки ба шеваи пир ва муршид доми тазвир сари роҳи мардуми беолоиш ва поктинати он вилоят ниҳод ва ақоиди поки мардумро дар риё ва соҳирӣ баст ва мардумро дар ҷаҳли хурофот фурӯ бурд. Мардумро алайҳи Амонуллоҳ ба қиём кашонд. Дар муҳавватаи иқоматгоҳи баҳорӣ, ки ба номи “Боғи Нақиб” шуҳрат ёфт, чарсро ба номи “буттаи фақир” мавриди истифодаи ҷавонон қарор дод ва оби чирки дасту пои худро ҳамчун оби табаррук ва шифобахш бар мардум нӯшонид.
Дигарӣ Томас Эдвард Лоуренс, яке аз чеҳраҳои мармузи сиёсии Инглис, полковник ва пилоти низомӣ, маъруф ба “Лоуренси Арабӣ” ё Аллоуренс”, узви шабакаи истихборотии MI6 буд. Вай дар Афғонистон бо номи “Ҳоҷӣ Пиркарамшоҳ” шуҳрат ёфта буд ва бо абову қубои муллоӣ ҳар рӯз шуъбадабозиҳо карда, аз худ кароматҳо нишон медод. Ҳамин Лоуренс буд, ки ҳазорон қитъа акси урёни малика Сурайёро дар байни мардум тақсим кард. Ин аксҳо ба сурати фиребкорона чунин монтаж гардида буданд, ки сар аз малика Сурайё ва бадан аз як зани инглис гирифта шуда буд. Вай ҳатто барои чанд сол мулло-имоми масҷиди Пули Хиштӣ ва маъмурияти истихборотиаш ташвиқи мардум барои қиём алайҳи низоми шоҳ Амонуллоҳхон буд.