
Писаронаш маҷбур шуданд барои хондани намози ҷанозаи ӯ ба маблағи 3 ҳазор рӯпия ба як мулло ришва бидиҳанд.
Нависанда: Ориф Ҳасан Охундзода, таҳлилгар, узви Шӯрои машвараи “Сангар”
Намои мақбараи Паҳлавон аз google earth (бо хати сурх нишон дода шудааст), ҳамон тур, ки акнун аст
Дар авоили даҳаи 1890, ҷавони аҷибе ба номи Паҳлавон дар зодгоҳи ман Шабқадар пайдо шуд ва дар ҳумаи он дар самти рости ҷодаи аслии Шабқадар-Пешовар сукунат ихтиёр кард. Дар он ҷо заминҳои зиёде ба даст овард ва як муҷтамеъи маскунии бузургеро ба сабки суннатӣ сохт. Ба зудӣ ин маҳалл ба номи “Паҳлавон Қалъа”, ки ҳанӯз ҳам ин номро дорад, маъруф шуд.
Ин аввалин қисмати Шабқадар аст, ки вақте аз тарафи Пешовар наздик мешавед, бо он дучор меоед. Ман аз Паҳлавон ба унвони шахсияти мармуз ёд мекунам, зеро ӯ хеле шинохташуда аст, аммо ба нудрат дар бораи ӯ сӯҳбат мекунанд. Ба назар мерасад, ки дар бисёре аз маворид дар сарзаминҳои паштун чунин аст…
Вуруди ӯ ба Шабқадар на танҳо муаммое буд, балки шахсияти ӯ низ ба тарзи қобили мулоҳизае мутафовит буд, ҳамон тур, ки баъдан дар ин мақола хоҳем гуфт. Мегуфтанд, ки вай аз Банну (вилояте дар Покистон) ба унвони зодгоҳи аслии худ ёд кардааст. Бархе дигар мегӯянд, ӯ мутааллиқ ба Лағмон (вилояте дар Афғонистон) буд, ки дар он сӯи хатти Дюранд (, ки ҳамзамон бо омадани Паҳлавон ба Шабқадар ба марзи байналмилалӣ табдил шуда буд) қарор дошт. На Банну ва на Лағмон аз он даста ҷоҳое нестанд, ки метавон интизор дошт шахсияте чун Паҳлавонро пайдо кард! Бо ин авсоф, “Паҳлавон” як унвони классик ва бисёр мӯҳтарами форсӣ-тоҷикӣ бо аҳамияти таърихӣ аст, ки ҳанӯз ҳам мавриди истифода қарор мегирад ва ин амр барои ҳамаи ошноён бо фарҳангу таърихи эрониён маълум аст.
Алорағми ихтилофоте, ки перомуни реша ва шахсияти Паҳлавон вуҷуд дошт, ӯ ба суръат дар хонаи ҷадид худро ҷой кард ва ба як шаҳрванди барҷаста ва мӯҳтарами Шабқадар табдил шуд. Ӯ бо ҳиндкихелҳои “муҳманд” – и Шабқадар - яке дигар аз ҷавомеъи барҷастаи минтақа, ҳамон тур, ки аз ном, ҳайкал ва генетикаи ин тоифа бармеояд, эҳтимолан аз Танолии Ҳазора (маҳалле дар Хайбар-Пахтунхваи Покистон) ба ин минтақа дар ҳудуди 250 сол пеш ворид шуда буданд, - иттиҳоди заношӯӣ барқарор кард. Ва дар ниҳоят ҷазби қабилаи муҳманд шуд. Дар мавриди пешинаи қавмии воқеии Паҳлавон то замоне, ки иттилооти генетикии мувассақро аз авлоди ӯ ба даст наёварем, ҳеҷ чизи қатъӣ наметавонем бигӯем – ва ман ҳанӯз барои анҷоми он талош накардаам.
Даҳ сол пеш тасодуфан ба нусхаи хаттии мақолаи дастнависи мансуб ба Паҳлавон Соҳиб аз соли 1925 даст ёфтам, ки дар ихтиёри марҳум профессор Тоҷмуҳаммад Муҳманд қарор дошт. Вай бо Паҳлавон хешовандӣ дошту аз қавми ҳиндкихел ва ҳамчунин писари амаки падарам буд.
Аз баррасии санад чандин воқеият барои ман ошкор шуд: 1) кайфияти варақҳои коғази хатдор ва ҷавҳари бунафши истифодашуда ривоят аз як фарди сарватманде бо завқу салиқаи нозуки замону макони ӯ мекард; 2) дастхати зебои ӯ истеъдоди ҳунарии бисёр пешрафтаеро нишон медод; 3) сабки забони урдуи ӯ ҳокӣ аз таҳсилоти дараҷаи як ва тасаллути комил бар ин забон буд; 4) мавзӯъи навиштори ӯ Владимир Ленин ва фалсафаи сиёсии ӯ буд, ки нишон медиҳад Паҳлавон аз дониши беҳадду ҳаср дар мавриди мавзӯъоти бисёр болотар аз ҳадди миёнаи аксар мардуми сокин дар он минтақаи он замон (ва ҳатто акнун) бархӯрдор буд. Агарчи аз он замон дигар онро надидаам, аммо шак надорам, ки ин санад ҳамон тавр, ки дар он зикр шуда буд, марбут ба соли 1925 - соли баъд аз марги Ленин буд. Ин воқеият, ки касе дар маконе монанди Шабқадари соли 1925 аз Ленин хабар дошт ва метавонист аъмоли ӯро ба хубӣ дарк кунад, то назаре шево дар мавриди ин мавзӯъро, он ҳам ба забоне, ки он замон як забони хориҷӣ буд, бинависад, як гапи хеле калон аст.
Насри бокайфияти урду, ки ин санад бо он навишта шуда ва ҳамчунин мавзӯъи он метавонад нишон диҳад, ки Паҳлавон муддатеро дар Ҳинд гузарондааст, аммо на аз рӯи лузум. Агарчи ман мутмаин нестам ва наметавонам барои баррасии ин мавзӯъ коре анҷом диҳам, ба назар мерасад, ин воқеият, ки фарзандони ӯ баъдҳо дар миллигароии паштун ва сиёсати чап фаъол буданд, нишон медиҳад, ки Паҳлавон эҳтимолан бо ҳизби Кунгура ва Ғаффорхон (пешвои паштунҳои ҷонибдори Маҳатма Ганди) муртабит будааст. Дар он рӯзҳо ин танҳо роҳҳалле буд, ки барои чунин шахсе вуҷуд дошт.
Гароиши мазҳабӣ ва шӯҳрати Паҳлавонро ҳама касоне, ки ӯро мешинохтанд, бисёр “ҷанҷолбрангез” мехонданд. Ва ин комилан табиӣ буд фақат дар ҳолате, ки ӯ як коммунист мебуд, ҳамон гуна, ки аз нусхаи хаттии мансуб ба ӯ бармеояд. Бархе ӯро мулҳид меномиданд (, ки эҳтимолан ӯ буд), бархе масеҳӣ, бархе дигар ҳанӯз зартуштӣ ва ҳатто касоне буданд, ки маъмулан ӯро ба кофири қодиёнӣ (пайрави Аҳмадия, ки асосгузораш Мирзо Ғулом Аҳмад аз шаҳри Қодиёни Ҳинд) будан муттаҳам мекарданд.
Шакке нест, хонаводае, ки ӯ дар Шабқадар аз худ ба ҷо гузоштааст, ба далели сатҳи болои таҳсилоташ маъруф аст ва чеҳраи мутараққиву модерни он то ҳанӯз дар инзивои мутамоиз аз бақия нухбагони Шабқадар барҷаста аст. Шакке нест, Паҳлавон марде амиқан омӯхта ва дорои андешаҳои фаровон буд, ки барчасби “паштун”-ро баргузид ва дар миён мардуми бисёр шарури он зиндагӣ мекард ва саъй дар ислоҳи онҳо дошт, аммо муваффақ нашуд. Ў қатъан намояндаи паҳлавонони куҳани улгуии фарҳанги воқеии эронӣ буд.
Марҳум падарам ба ман боре гуфт, ҳудуди даҳсола буд, ки Паҳлавон дар синни ҳаштодсолагӣ дар соли 1940 аз дунё рафт. Эшон ба ёд меовард, ки ҳама муллоҳои Шабқадар аз хондани ҷанозаи Паҳлавон худдорӣ карда буданд ва ӯро ба “кофир будан” муттаҳам мекарданд. Ин амр ба шиддат ба ҷойгоҳи иҷтимоии хонаводаи ӯ дар Шабқадар латма мезад ва барои амнияти он хатар меофарид. Бинобарин, писаронаш маҷбур шуданд барои хондани намози ҷанозаи ӯ ба маблағи 3 ҳазор рӯпия ба як мулло ришва бидиҳанд. Ин маблағ бар ҳасби арзи имрӯзӣ ҳудуди 1 миллион рупия (ҳудуди 4,5 ҳазор доллар) ё бештар хоҳад буд.
Паҳлавон дар як қабри сафедкоришуда бо сохтмони содда ва дар айни ҳол тарроҳии бисёр ғайримаъмул, ки бар рӯи сакуи девори баланд истодааст, дар хориҷ аз дарвозаи аслии манзилаш - дар канори ҷодаи баланде, ки Шабқадар ва Пешоварро ба ҳам васл мекунад, дафн шудааст.