“Аз сарбоз то генерал касе ҳозир нест бештар аз шумо дифоъ кунад”.

Нависанда: Абдулҳамид Муҳтот, муовини собиқи доктор Наҷибуллоҳ

Манбаъ: китоби “Суқути севум, Ҷумҳурии дувум”

Баъд аз инкишофоти сареъи авзои сиёсӣ-низомӣ дар шимол, доктор Наҷиб фавран ҷиҳати худро тағйир дод ва ба ин ақида расид, ки ба Покистон сафар намояд. Албатта, созмондиҳии сафар ба ҳамкории раҳбарони мутанаффизи қабоили моварои сарҳад ва ХОД сурат гирифт ва қарор буд дар авоили апрел амалӣ шавад.

Доктор Наҷиб саъй дошт дар сафари қарибулвуқӯъ Ғулом Исҳоқхон, раиси ҷумҳури Покистон ва Навоз Шариф, садри аъзами он кишварро мулоқот кунад. Дар таркиби ҳайат Абдулвакил, вазири хориҷа, Ғулом Форуқ Яъқубӣ, вазири амнияти давлатӣ ва Муҳаммад Исҳоқ Тӯхӣ, дастёри раиси ҷумҳур шомил мешуданд.

Дар назар буд, ки ҳавопаймои ҳомили раиси ҷумҳур ва тими ӯ дар яке аз майдонҳои низомии наздики Исломобод фуруд ояд. Барнома ва созмондиҳии ин сафар бо маҳрамияти ниҳоят ва пинҳон аз анзори аъзои ҳизб ва давлат сурат гирифт ва аз раҳбарии Ҳизби Ватан ҳеҷ кас хабаре надошт. Аз ҷонибе ҳам, раиси ҷумҳур аз ҳузури вазири хориҷа дар таркиби ҳайат хеле норозӣ буд. Аммо наметавонист ӯро кетмон кунад!

Ҳадафи аслии сафари Наҷиб ҷилавгирӣ аз пешравии Ҷабҳаи Муттаҳиди Шимол ва хатароте, ки гӯё мутаваҷҷеҳи шикасти инҳисори ҳокимияти қабоили паштун мешуд, ташкил медод.

Доктор Наҷибуллоҳ мехост ба раҳбарони Покистон гӯшзад кунад, ки манофеи он кишвар дар партави ташкили Ҷабҳаи Муттаҳиди Шимол ба хатар мувоҷеҳ аст. Аммо саранҷом ин барномаи маҳрам ифшо шуд ва сахт зери фишори раҳбарони Ҳизби Ватан қарор гирифт, ки мехостанд ин иттиҳоди номуқаддаси доктор Наҷиб дар ҷиҳати баровардани аҳдофи шум ташкил шавад ва Ҳикматёр ба ҳимояти мустақими Созмони истихборотии Покистон бо Наҷиб вориди маъракаи сиёсии Афғонистон гардад. Аз ин рӯ, барномаи хатарнок аз дарун хунсо гашт ва баксҳои сафарӣ дар майдони ҳавоӣ монд ва ҳавопаймо ҷониби Покистон парвоз накард.

Пас аз таҳрими сафари нофарҷом, доктор Наҷиб дар саросемагии ваҳшатзадае ба сар мебурд ва музокироти худро бо намояндагони Ҳизби Исломии Ҳикматёр ба таърихи нуҳуми апрел оғоз кард. Дар созмондиҳии ин музокирот шахсе ба номи Фирдавсхон Муҳманд нақши асосӣ бозӣ кард. Дар ҷаласа барномаи амали муштарак тасмим иттихоз шуд. Ҳанӯз ҳам, дар ҳоле ки ситораи иқболи ӯ уфул карда буд, аз талош дар ҷобаҷо кардани кадрҳои Ҳизби Исломӣ дар курсиҳои ҳукумат даст набардошт.

Ба таърихи ҳаштуми апрел, фармондеҳ Масъуд бо неруҳояш вориди Гулбаҳор шуд ва тайи ёддоште тақозо кард, то асомии афсарони фирқаи дувуми Ҷабалуссироҷро муаррифӣ кунанд ва дар тафоҳуму тасонуд бо онҳо барномаи пешравии муштаракро тарҳрезӣ намояд.

Ба 31 нафар афсари аъзои ҳизб дар фирқаи дувуми Ҷабалуссироҷ ҳидоят дода шуд, то дар таъмини амнияти хиёбони Соланг бо неруҳои Масъуд ташрики масоӣ намоянд. Ин ташрики масоӣ дар даҳ соли ҷанги Афғонистон собиқа надошт, ки ду неруи мутахосим аз хусумат даст бардоранд ва бо ҳам дар фазои бародарӣ амнияти минтақаро таъмин намоянд.

Доктор Наҷиб сахт кӯшид, то аз беҳбуди авзоъ ва пешравии неруҳои низомӣ дар Шимолӣ ҷилавгирӣ кунад, то фурсат дошта бошад ва барномаҳои худро пиёда созад. Вале инкишофи авзоъ дар ҷиҳати мухолифи ормонҳои ӯ ҳаракат мекард ва ба соати ду баҷаи нуҳуми апрел аз охирин андохти мушаки замин ба замини “Скад” ба истиқомати қароргоҳи Масъуд дареғ наварзид. Хушбахтона, мушак масири худро тағйир дод, ба ҳадаф исобат накард ва осебе ба миён наовард.

Доктор Наҷиб ва ҳампаймонони Ҳизби Исломии ӯ ноком шуданд. Ториқ, волии Чорикор, бо тарафдорони доктор Наҷиб дар он вилоят тавассути Ҳизби Исломӣ наҷот ёфтанд ва ба Покистон интиқол дода шуданд.

Чорикор ва майдони ҳавоии Багром ба рӯзи панҷшанбе, нуҳуми апрел, таҳти фармондеҳии неруҳои Масъуд даромад. Дар ҳамон рӯз робитаи гарнизони Багром бо Кобул қатъ шуд ва раиси ҷумҳур намедонист, ки чӣ тадобиреро дар пеш бигирад?

Ҷаласаи Шӯрои иҷроияи Ҳизби Ватан таҳти қиёдати доктор Наҷиб дар нимашаби рӯзи панҷшанбе доир гардид, то ба таври мушаххас авзои Парвонро таҳти баррасӣ қарор бидиҳад. Раиси ҷумҳур ба ин тасмим расид, ки барои охирин бор аҳдофро зери зарбаҳои неруҳои ҳавоӣ қарор диҳад ва ҷилави пешравии сареъро ба сӯи Кобул бигирад.

Генерал Ватанҷор, вазири дифои миллӣ, дар ҷаласа гузориш дод, ки соати ду баҷаи дирӯз неруҳои Масъуд ба майдони ҳавоии Багром духулро анҷом доданд ва акнун Багром мукаммал таҳти контроли фармондеҳ Масъуд қарор гирифтааст.

Он гоҳ раиси ҷумҳур пурсид:

“Генерал Мустафо, қумандони майдони ҳавоии Багром, куҷост?”

Вазири дифоъ посух дод, ки генерал Мустафо бо Масъуд аст.

Баъдан раиси ҷумҳур маҳалли иқомати Сибғатуллоҳ, омири майдони ҳавоии Багромро ҷӯё шуд.

Билохира вазири дифоъ гуфт:

“Рафиқ Наҷиб! Аз сарбоз то генерал касе ҳозир нест бештар аз шумо дифоъ кунад. Роҳи бурунрафт мавҷуд нест, ба ҷуз интиқоли қудрат!”

Ду соат монда буд, ки рӯшноии шафақ ба бошандагони шаҳр навиди рӯзи пурошӯби баъдиро ҳадя кунад ва боз бошандагони шаҳр дар ибҳому гумроҳӣ нафас тоза кунанд. Лекин барои доктор Наҷиб яке аз рӯзҳои талх буд, ки худро дар ҳолати танҳоӣ ва бидуни дифоъ ёфт ва ашк аз чашмонаш ҷорӣ шуд. Ӯ омодагии худро барои интиқоли қудрат эълом намуд ва аз дигарон хоҳиш кард, то рӯи раванди интиқоли қудрат кор кунанд.

Аъзои Шӯрои иҷроияи Ҳизби Ватан буҳтзада ва бо нигарониҳо ҷаласаро тарк намуданд. Соати се баҷаи субҳ буд, ки вазири хориҷа бо ман телефонӣ тамос гирифт ва гуфт:

“Оқои Муҳтот! Билохира доктор Наҷиб омодаи интиқоли қудрат аст, чун файсала кард. Ҳоло раҳбарии ҳизб мустақилона барномаи интиқолро дунбол мекунад ва мо метавонем бидуни саҳми ӯ қудратро ба ҳукумати муваққати муҷоҳидин интиқол бидиҳем".