Ҳеҷ кас натавонист ин кишварро ба таври муассир мудирият кунад - на коммунистҳо, на салтанатталбон, на ҷумҳурихоҳони ғарбӣ ва на акнун Толибон.
Нависанда: Андрей Серенко, раиси Маркази таҳлилии Ҷамъияти сиёсатшиносони Русия
Таҳаввулоти сиёсӣ-иҷтимоӣ дар Афғонистон дар ҳоли ташдид аст. Режими Толибон мекалобад ва дар ҳоли фурӯпошӣ аст. Андрей Серенко, коршиноси масоили сиёсӣ ва нависандаи канали телеграмӣ, 4 сенария барои тавсеаи ҳаводиси Афғонистонро ба “Нигоҳ ба Шарқ” ироа кард:
Ҳифзи режими Толибон
Режими Толибонро шарикони амрикоиашон ҳимоят, тақвият ва кӯмак хоҳанд кард. Ҳамин ҳоло ин кор ҷараён дорад. Ба гуфтаи коршиносон, ба муддати 1,5 соли гузашта, Иёлоти Муттаҳида 5 миллиард доллар барои Афғонистон ҳазина кардааст. Ҳифзи режими Толибон дар як шакли каме тағйирёфта ба амрикоиҳо иҷоза медиҳад то бар авзоъи кишвар ва минтақа ба таври куллӣ таъсир бигузоранд ва пули камтаре нисбат ба 20 соли гузашта харҷ кунанд. Тавофуқи ҷадид байни Амрико ва Толибон эҳтимолан дар баҳори соли 2023 ҳосил хоҳад шуд, замоне, ки метавон як давлати фарогир дар Кобул бо мушорикати намояндагони муҳоҷирати сиёсии Афғонистон эҷод кард, аммо дар сакуи ҷиноҳи Толибони Қандаҳор (Мулло Бародар, мулло Яъқуб). Дар ин сурат, Русия шурӯъ ба фосила гирифтан аз Толибон хоҳад кард ва эҳтимолан ба думболи муттаҳидони ҷадид дар миёни сиёсатмадорони афғон хоҳад шуд. Мумкин аст дар миёни мухолифони сарсахти Толибон, масалан, Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистони Аҳмад Масъуд бошад.
Ҷанги дохилӣ
Толибон қудратро дар даст нигоҳ нахоҳанд дошт, ҷанги дохилии тамомайёр байни онҳо, Ҷабҳаи муқовимат, воҳидҳои муқовимати паштун, ки дар Қандаҳор шурӯъ ба ташкил мекунанд, ҷангҷуёни [созмони террористии мамнуъ]-и ДОЪИШ, ки дар Афғонистон сар боло мекунанд, рух хоҳад дод. Саволи бузург ин аст, ки Русия чӣ касеро ҳимоят хоҳад кард ва оё дахолат хоҳад кард ё хайр. Эҳтимолан, дахолат мекунад, ҳадди ақал барои ҷилавгирӣ аз зуҳури муҷаддади ДОЪИШ. Дар зимн, танҳо чизе, ки Русия ва Амрикоро муттаҳид мекунад ин аст, ки ҳар ду ДОЪИШ-ро қабул надоранд ва барои ин кор омодаи истифода аз зӯр ҳастанд.
Фурӯпошии кишвар
Ин ба маънои эҷоди ҳадди ақал 2 давлати аввалияи ҷудогона хоҳад буд: дар шимол - Хуросон, федератсияе аз ҷавомеъи қавмии ғайрипаштун, дар ҷануб - Паштунистон, ҷое, ки метавон то ҳадде қудрати Толибонро ҳифз кард. Ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки як шохаи афғон аз Давлати исломь талош кунад то бар асоси яке ду вилоят, “хилофат”-и худро эҷод кунад.
Тазъифи давлати мутамаркизи Афғонистон иҷтинобнопазир аст. Шояд ҳеҷ кас натавонистааст ин кишварро ба таври муассир идора кунад - на коммунистҳо, на салтанатталабон, на ҷумҳурихоҳони ғарбӣ ва на акнун Толибон. Ин як давлати ноҳамгун аз назари релефи табиӣ, ҷамъиятӣ, қавмӣ, мазҳабӣ ва сиёсӣ аст.
Танҳо чизе, ки эҳтимоли чунин сенарияе аз таҷзияро коҳиш медиҳад ин аст, ки ҳеҷ нерӯи хориҷии алоқаманд ба таҷзияи Афғонистон вуҷуд надорад.
Ҳарҷу марҷ ва ҷанги ҳама алайҳи ҳама
Фақир шудани густурдаи ҷамъият, гуруснагӣ, фурӯпошии ниҳодҳои давлатӣ, нотавонии кишварҳои ҳамсоя, Русия ва Ғарб дар ҷилавгирӣ аз лағзиши кишвар ба варта метавонад Афғонистонро ба сиёҳчолаи Авруосиё, як “майдони ваҳшӣ”-и ҷадид табдил кунад, майдоне, ки дар он сулҳ, амният ва тавсеа вуҷуд нахоҳад дошт. Дар ин сурат, минтақа бо шокҳои шадиде ба шакли садҳо ҳазор паноҳҷӯ, ҳамалоти террористӣ, зуҳури проектҳои ҷадиди ҷиҳодӣ мувоҷеҳ хоҳад шуд, ки метавонад ҷаҳаннамро аз Афғонистон ба соир нуқоти ҷаҳон содир кунад.