Оё Исломобод ва СиАйЭй дар ҳоли тадоруки корзори террор алайҳи балучҳо ва таҳоҷум ба Афғонистон ҳастанд?
Нависанда: Эндрю Корибко, таҳлилгари сиёсии амрикоии муқими Маскав
Гузоришҳои ахир ин эҳтимолро матраҳ мекунанд, ки чунин чизе воқеан дар ҳоли вуқӯъ бошад. Ин ташкилот мумкин аст аз тариқи тиҷорати ҷаҳонии тарёк, ки Покистон акнун ба “марказ”-и ҷадиди он табдил шудааст, таъмини молӣ шаванд ва Созмони истихбороти марказии Амрико (СиАйЭй) низ тақрибан ба яқин дар ин раванд даст дорад, ҳарчанд мизони мушорикати он ҳамчунон номушаххас аст.
Иёлати Балучистони Покистон, ки ҷамъияти андак, манобеи саршори маъданӣ ва масоҳати ҷуғрофиёии бисёр густардае дорад, дар авохири моҳи октябр ба се далел бори дигар дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Нахуст, Ҷабҳаи Озодибахши Балучистон ба як урдугоҳ дар шаҳри бандарии Гводар ҳамла кард. Гводар нуқтаи иттикои ҷанубии Даҳлези иқтисодии Чин ва Покистон (CPEC) аст, ки ба унвони абарпружаи шохиси ибтикори “Як камарбанд, як роҳ” шинохта мешавад. Гводар пеш аз ин низ борҳо ҳадафи ҳамла қарор гирифта ва ҳар рӯйдоди мушобеҳ, тардидҳо дар бораи имконпазирӣ ва пойдории ин даҳлези иқтисодиро афзоиш медиҳад.
Далели дувум, ки бо мавзӯи нахуст иртибот дорад, изҳороти Залмай Халилзод, намояндаи вижаи пешини Амрико барои мусолиҳа дар Афғонистон, буд, ки ҳамчунон бар баҳсҳои минтақаӣ таъсир мегузорад. Ӯ ба гузоришҳои қаблӣ ишора кард, ки бар асоси онҳо Покистон дар ҳоли мусаллаҳ кардани афғонҳо барои мубориза ҳам бо Толибон ва ҳам бо гурӯҳҳои зиддипокистонӣ, монанди ҷудоиталабони балуч, аст; иттиҳомоте, ки Исломобод онҳоро рад мекунад.
Саранҷом, Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гузориш дод, ки Балучистон пас аз мамнӯияти кишти хашхош тавассути Толибон дар пайи бозгашти ин гурӯҳ ба қудрат, ба “марказ”-и кишти хашхоши тарёк табдил шудааст. Ин таҳаввул паёмадҳои бисёр ҷиддӣ дорад.
Аз муддатҳо пеш, Созмони СиАйЭй ба даст доштан дар тиҷорати ҷаҳонии тарёк мазнун будааст, зеро ин тиҷорат роҳи нисбатан осоне барои таъмини молии пружаҳои мухталиф хориҷ аз буҷаи расмӣ, бидуни ниёз ба посухгӯӣ ба дигар ниҳодҳои ҳукумати Амрико, фароҳам мекунад. Дар ин мавриди мушаххас, Иёлоти Муттаҳида мумкин аст ё мустақиман бо ташкилоти ҳокими Покистон — яъне ниҳодҳои қудратманди низомӣ ва истихборотӣ, ки амалан кишварро идора мекунанд — дар заминаи кишти хашхош дар Балучистон ҳамкорӣ дошта бошад, ё дастикам барои дастёбӣ ба аҳдофи муштарак, бар нақши ин ташкилот дар чунин фаъолиятҳое чашм бипӯшад.
Гумон меравад, ки ин аҳдоф бо якдигар иртибот дошта ва се меҳварро дар бар бигиранд: 1) таъмини молии гурӯҳҳои мусаллаҳи зидди Толибон дар хоки Покистон аз тариқи тиҷорати ҷаҳонии тарёк (дар ҳоле ки мушаххас аст шуморе аз низомиёни пешини нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон таҷрибаи мустақими мушорикат дар чунин фаъолиятҳоеро доранд); 2) истифода аз ин гурӯҳҳо алайҳи ҷудоиталабони балуч, “толибони покистонӣ” (TTP) ва дигар ташкилоти мусаллаҳи зиддипокистонӣ, ки иддао мешавад аз ҳимояти Толибони Афғонистон бархурдоранд, то аъзои ин гурӯҳҳо таҷрибаи ҷангии мавриди ниёзро касб кунанд; 3) сипас интиқоли ин нерӯҳо ба он сӯи марз, бар асоси улгуи роҳбурди Туркия дар қиболи шӯришиёни сурӣ, ки Анқара дар солҳои 2011 то 2024 дунбол мекард.
Рӯзномаи The New York Times ба нақл аз як мақоми истихборотии Покистон ва як мақоми баландпояи пешин дар ҳавзаи амнияти миллӣ ахиран гузориш дод, ки ташкилоти ҳокими Покистон “дар моҳҳои ахир бо раҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳи зидди Толибон дидор карда ва ба онон пешниҳоди ҳимояти эҳтимолӣ додааст". Ҳадафи ин гурӯҳҳо метавонад тағйири режим дар Афғонистон бошад. Дар сурати муваффақият, ин амр ба таҳаққуқи қасди ошкоро эъломшудаи Трамп барои бозгардондани нерӯҳои амрикоӣ ба пойгоҳи ҳавоии Багром ва ҳамчунин барномаҳои эҳтимолии ӯ барои баҳрабардорӣ аз манобеи маъдании Афғонистон, ки арзиши онҳо як триллион доллар баровард мешавад, кӯмак хоҳад кард. Бинобар ин, душвор аст бовар кунем, ки созмони СиАйЭй дар ин тавтиа дахил набошад.
Бо таваҷҷуҳ ба пешинаи хунини фаъолияти ташкилоти мусаллаҳи мавриди ҳимояти СиАйЭй, хушунати бадноми ташкилоти ҳокими Покистон дар саркӯби ҳатто эътирозҳои мусолиматомези балучҳои маҳаллӣ ва ҳамчунин ҷиноёти шинохтшудаи Артиши миллии пешини Афғонистон, эҳтимолан ин ташкилоти ҷадид нақши ҷӯхаҳои маргро ифо мекунанд. Ҳарчанд то кунун гузорише аз кушторҳои ҷамъӣ мунташир нашудааст, аммо ин бад-он маъно нест, ки чунин ҷиноёте рух надода ё мумкин нест дар ояндаи наздик иттифоқ бияфтад. Дастрасии маҳдуд ба интернет дар Балучистон ва сонсури Покистон, интишори чунин иттилоотеро ба хориҷ аз минтақа ба шиддат душвор месозад.
Дар оянда, расонаҳои байналмилалӣ бояд иртибототи эҳтимолии миёни созмони СиАйЭй, табдил шудани Покистон ба “марказ”-и ҷадиди кишти хашхош ва гузоришҳои марбут ба истихдоми афғонҳо тавассути Исломобод барои истифода алайҳи Толибон ва гурӯҳҳои зиддипокистонӣ, аз ҷумла ҷудоиталабони балучро баррасӣ кунанд.
Аз шавоҳиди мавҷуд чунин бармеояд, ки эҳтимолан бо ҷӯхҳаҳои марг рӯбарӯ ҳастем, ки мумкин аст дар оянда ба нерӯи пештози таҳоҷуми эҳтимолии Покистон ба Афғонистон низ табдил шаванд. Бинобар ин, ҷанги Афғонистон ва Покистон, ки ҳанӯз ҳеҷ нишонае аз поёни он дида намешавад, мумкин аст дар оянда ба шиддат ташдид шавад.