Ҳамлаи Маскав бо стратегияи ҳастасозии терроризми минтақаӣ чӣ рабт дорад?

Нависанда: Разманда, махсус барои “Сангар”

Баъд аз ҳамлаи маргбори Маскав, гумоназаниҳои зиёде дар хусуси навъият, хостгоҳ, ҳалақоти эҳтимолии муртабит бо ин ҳамла ва аҳдофи он, сурат гирифтааст. Албатта, як чиз бояд гуфта шавад, ки ин ҳамла дар ҳалқаи стратегияи ҳастасозӣ ва порча намудани гурӯҳҳои террористӣ аст, ки яке аз муаллифаҳои он, ҳамлаҳои занҷираӣ аст. Ҳамалоте, ки дар Теҳрон, Туркия, Чин ва Маскав ба сурати мутановиб иттифоқ афтодаанд.

Нахуст барои таҳлили ин мавзӯъ, ниёз аст то се муаллифаи аслии ин стратегияро дуруст бишносем, ки Толибон ба дастури Амрико зери номи ДОИШ мукаллаф ба пиёдасозии онанд:

- Ҳастасозии гурӯҳҳои террористии бузург барои анҷоми ҳамалоти фаромарзӣ;

- Ҳамлаҳои занҷираӣ аз Туркия, Теҳрон, Маскав то Чин;

- Тамаркузи бештари рӯи сафоратхонаҳои кишварҳои муттафиқини осиёӣ дар Кобул ва соири пойтахтҳо.

 Ба ҳамин лиҳоз аст, ки бо анҷоми ҳамалоти инчунинӣ талош мешавад, то сарнахи моҷаро пайдо нашавад ва токтики зикзокӣ (каҷалакилеб) барои инҳирофи таваҷҷуҳҳ ба ҷиҳатҳои номаълум савқ гардад. Намунаи он ин аст, ки амрикоиҳо, исрор бар даст доштани ДОИШ дар ҳамлаи Маскав доранд. Русҳо на ба таври возеҳ, бал ба сурати зимнӣ изҳори назарҳое кардаанд ва алорағми дастгирии омилони он, ангушти иттиҳомро ба ҳеҷ тарафе дароз накардаанд. Мумкин русҳо интизори хатми таҳқиқот аз омилони ҳодиса ҳастанд, то сарнахи аслии моҷароро пайдо кунанд. Ҳанӯз ҷуз ДОИШи Хуросон “номе дар ҳаво", ки ба сурати ғайбӣ фаъолияти террористӣ анҷом медиҳад, ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ҳамларо напазируфтааст.

Эрониҳову чиниҳо ҳанӯз аз шоки ҳамалот дар хокашон берун нашудаанд. Аммо як чиз возеҳ аст, ки ин ҳамалоти ҳадафманд ва занҷираӣ метавонад шоки бузурге дар ҷиҳати иттихози як стратегияи собит, муттаҳидона ва қобили пайгирӣ аз ҷониби муттафиқини осиёӣ бошад. Чизе, ки раванди таомул бо Толибонро осеб мезанад ва моҳи асали он ба поёни худ наздик хоҳад шуд.

Аммо сурати моҷаро нишон медиҳад, ки дар пасҳамлаи Маскаву Теҳрон ҳалқаҳои террористии хобида дар Афғонистон ва Ховари Миёна қарор доранд. Толибон мутобиқи дастурамали Доҳа мукаллафият доштанд, то минтақаро бо чолишҳои ҷиддии амниятӣ тавассути ҳамин гурӯҳҳо, мубаддал созанд. Чун барнома мутобиқи  барномаи аз қабл таъйиншуда пеш нарафтааст ва дида мешавад, ки имкон надорад, то ин гурӯҳҳои таҳти ҳимояти Толибон, ки Ҷамоати Ансоруллоҳ яке аз онҳост, ба сурати гурӯҳӣ ба манофеъи Русия, Тоҷикистон ва ё соири муттаҳидони Маскав ҳамла кунад.

Биноан бо порча сохтану силулӣ намудани онҳо, бо тағйири роҳбурд ва эҷоди ҳалқаҳои террористии кӯчак, ки тавони роҳандозии ҳамалоти тахрибкорона ва террористиро дошта бошанд, сурати масъала тағйир кардааст. Албатта, бояд гуфта шавад, ки сатҳи омодагиҳо ва мизони вокунишҳои эҳтимолии Эрон, Русия ва Тоҷикистон, ки дар як ҳалқаи бузургтар аз лиҳози манофеи амниятии Чин ҳам шомили он мешавад, нақши барҷастае доштааст.

Ин ки мегӯем, ки Толибон дар пушти ин сенарияи хатарноки террористӣ қарор доранд ва то ҳанӯз Толибон кадом мавқифи расмӣ дар ин хусус надоштаанд, далели он ин аст, ки нигоранда бо таъқиби вокунишҳо дар шабакаҳои иттилоърасонӣ, монанди Фейсбук, Телеграм ва Инстаграм ва ҳам шабакаи Экс, ки бештар мансуб ба Толибон ва ҳавохоҳони онҳост, дар рӯзи ҳодисаи Маскав, мутаваҷҷеҳ шудам, ки аз анҷом ин ҳамла ва боло рафтани рақами талафот дар Маскав, ҷашни шодӣ ва хушҳолӣ дар миёни аъзои Толибон, барпо шуда буд. Яъне ин нишон медиҳад, ки дидгоҳи тамоми гурӯҳҳои террористӣ ва идеологии ифротии динӣ, монанди Толибон, Алқоида, ДОИШ ва соири гурӯҳҳои террористӣ, монанди Ансоруллоҳи Тоҷикистон, ӯйғурҳои Чин, ҷангҷуёни ӯзбек ва соирин дар хусуси ворид сохтани талафот, баланд бурдани ҳаҷми ҳамалоти террористӣ ва мухтал сохтани амнияти иҷтимоӣ дар ҷуғрофияи муттафиқини осиёӣ, монанди Эрон, Русия ва Чин яксон аст.

Ин ки минтақа бо кадом мантиқ ва дидгоҳ дар таомул бо Толибон қарор гирифтааст, душвор аст, дарк кард. Аммо чизе, ки равшан аст, ин аст, ки ба зудӣ вазъияти таомул бо Толибон ва минтақа, дучори таҳаввули драматикӣ шавад.

Ҳоло стратегияи порча сохтани гурӯҳҳои террористӣ, ки қобилияти ҳамалоти террористӣ дар фаромарзҳои Афғонистонро дошта бошанд, як стратегияи тозаест, ки дар дастури кор қарор гирифтааст. Ба ҳамин манзур буд, ки Маҳдӣ Арсалон аз фармондеҳон номдори Ансоруллои Тоҷикистон, мафқудуласар аст. Иллат он аст, ки бо аз байн бурдани раҳбарии ин гурӯҳҳо, ҳалақоти мухталифе аз интиҳоркунандагон аз миёни онҳо, ташкил шуда ва барои аҳдофи хоссе тарроҳӣ мешаванд. Ин кор аз лиҳози ҳифзу нигаҳдошти ин гурӯҳҳо ҳимоятҳои лужистикӣ ва иртибот он бо вақоеи ҳамчун ҳодисаи Маскав, як тактикаи ҷадид аст, ки хелеҳо муассир амал мекунад.

Дар ахир, як чиз комилан равшан аст, ки решаи ҳамалоти Маскав дар Бадахшон ва Ҷамоати Ансоруллоҳи мустақар дар он устон, ки дар робитаи бисёр наздик бо ДОИШ қарор доранд, мебошад. Бадахшон маркази фаъолиятҳои ДОИШ аст, ки бо як мусалласи муташаккил аз Бадахшон, Кунар ва Нуристон, ҳалқаи васли он бо гурӯҳҳои террористӣ аз кишварҳои Осиёи Миёна ва Чин такмил мешавад.

Дар зимн, ин кор метавонад Толибонро аз иттиҳомҳои мабнӣ бар даст доштан дар чунин ҳамалот, хориҷ созад. ДОИШ дар иттилооти ҷадиде, ки фош шуда талош дорад, то ҳалқаи ҳамалоти шаҳриро густариш диҳад ва ба ҳамин манзур, ба танзими дубораи масъулони худ иқдом кардааст.