Гурӯҳҳои исломгаро ба мисли коммунистҳо нестанд ва на танҳо низоми сармоядориро ба хатар намеандозанд, балки бахше аз низоми ҳокими ҷаҳонӣ мебошанд.
Нависанда: Файёз Баҳрамон Наҷимӣ, таҳлилгари умури минтақаву байнулмилал, узви Ҳайати мушовирони “Сангар”
Дар ҷаҳони имрӯз танҳо низоми сармоядорӣ ҳоким аст. Низоми сармоядорӣ бар пояи “суд” устувор аст. “Суд” ва “суди бештар” ҳувиятбахш ва маънои вуҷуди сармоядорӣ аст.
Ин низом бар асоси манофеъаш дӯсту душманро таъриф мекунад ва ҳатто машрӯъияту демократия дар дигар кишварҳоро таъйин мекунад.
Яке аз мақулаҳои абзории ин низом дар беш аз 70 соли ахир “терроризм” будааст.
Ғарби сармоядорӣ ило суқути Иттиҳоди Шӯравӣ, вожаи террористро танҳо ба ҷунбишҳои коммунистӣ ва озодибахши зиддиистеъморӣ пайванд медоданд.
Пас аз суқути Шӯравӣ анвоъи терроризми исломиро сохтанд, ки ҳадафи он густариши султаву нуфузи низоми сармоя бар ҷаҳон буд.
Дар ин миён ҳеҷ гуна тафовут миёни сармоядории либерал-демократӣ ё иқтидоргаро вуҷуд надорад, чун моҳияти сармоядорӣ зиддидемократӣ, зиддиинсонӣ ва иқтидоргаро аст.
Сармоядории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо муттаҳидони он, ё Чин, Русия, Ҳинд, Эрон ва ғайра ҳама дӯсту душманашонро бар асоси “суд”-и сармоя таъриф мекунанд, на меъёрҳои ахлоқӣ ё арзишӣ.
***
Муомила бо Толибон ё гурӯҳҳои дигаре, ки ба номи террорист маъруфанд, чизи шабеҳи ҳамбистар шудан бо “руспиён” аст, ки Збигнев Бзежински онро дар даврони ҷанги сард дар робита ба муҷоҳидин таъриф карда буд, яъне гурӯҳҳои исломгаро ба мисли коммунистҳо нестанд ва на танҳо низоми сармоядориро ба хатар намеандозанд, балки бахше аз низоми ҳокими ҷаҳонӣ мебошанд.
Пас вақте кишварҳои мухталиф бо Толибон муомила мекунанд ва ба ҷабҳаҳои мухолиф он арзиш қоил намешаванд, далелаш ин аст, ки ин гурӯҳҳои муқоваматӣ тавоноии ҳифзи манофеъи қудратҳои бузургро ба мисли Толибон надоранд.
Дар ин муносибот ҷое барои мафоҳими абзории демократия, озодиҳои фардӣ ва иҷтимоӣ то адолати иҷтимоӣ вуҷуд дорад!