Мусоҳиб: Лайло Денис, “Авруосиёи имрӯз” (Eurasia Today)
Чаро Душанбе барои оддисозии равобит бо Толибон шитоб намекунад, аммо ҳамзамон тамоиле ҳам ба рӯёрӯии ошкор бо ин гурӯҳ надорад? Оё тоҷикистониҳое, ки дар шимоли Афғонистон меҷанганд, ба сиёсатҳои давлати он кишвар кумак мекунанд? Ва оё гурӯҳҳои тундрав тавоноии нуфуз аз марзро доранд?
Рустам Азизӣ, коршиноси масоили амниятӣ ва муқобила бо ифротгароӣ, муҳимтарин чолишҳои пеши рӯи Тоҷикистонро дар солҳои оянда ташреҳ мекунад - аз ҷазби нерӯ тавассути Телеграм ва таблиғоти ҳибридӣ гирифта то далелҳои воқеии ифротӣ шудани муҳоҷирон.
— Чаро Тоҷикистон ҳамчунон дар қиболи хориҷ кардани номи «Толибон» аз феҳристи созмонҳои террористӣ ва ифротӣ рӯйкарди муҳтотона дорад? Муҳимтарин хатҳои сурхи сиёсӣ ва идеологӣ дар ин замина кадоманд?
— Ман дигар мавқеи Душанберо фақат сахтгирона ё оштинопазир намедонам. Дар солҳои ахир, интиқодҳои ошкор аз Толибон ба таври чашмгир коҳиш ёфта, ҷойи худро ба навъе сукути роҳбурдӣ додааст. Бо ин ҳол, ҳанӯз заминаҳои кофӣ барои оддисозии ҳуқуқӣ ва сиёсии равобит вуҷуд надорад. Толибон ба ваъдаҳои асосии худ амал накардааст: давлати фарогир ташкил надодааст, иштироки гурӯҳҳои қавмӣ ва сиёсиро таъмин накардааст, ҳуқуқи занонро ба шиддат маҳдуд сохта ва ба таври қонеъкунанда равобити худро бо созмонҳои террористӣ қатъ накардааст.
Барои Тоҷикистон, буъди идеологии ин масъала низ аҳамияти вижа дорад. Тасарруфи қудрат тавассути як ҷунбиши мазҳабӣ бо тавассул ба зӯр набояд ба як улгӯи ҷаззоб табдил шавад, ки нишон диҳад муборизаи мусаллаҳона дар ниҳоят ба касби қудрат ва машрӯъияти байналмилалӣ меанҷомад.
— Ҳимояти Тоҷикистон аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон то чӣ андоза воқеӣ аст ва оё ин ҷабҳа тавоноии тағйир додани тавозуни қудратро дорад?
— Дар ин ҷо бояд миёни ҳамбастагии фарҳангӣ ва иҷтимоӣ бо тоҷикони Афғонистон ва ҳимояти исботшудаи низомӣ–сиёсии давлат тафовут қоил шуд. Дар манобеъ ва иттилооти ошкор, шавоҳиди кофӣ вуҷуд надорад, ки битавон бо итминон аз ҳимояти низомии созмонёфтаи Душанбе аз Ҷабҳаи муқовимат сухан гуфт. Албатта, ҳимояти рамзӣ ва сиёсӣ аз идеяи Афғонистони фарогир вуҷуд дорад. Аммо зарфияти худи Ҷабҳаи муқовимат низ маҳдуд аст. Ин ҷабҳа метавонад марказҳои муқовиматро ҳифз кунад, фишори расонаӣ ва иттилоотӣ ворид оварад ва нагузорад масъалаи вуҷуди як бадили сиёсӣ барои Толибон ба таври комил аз дастури кор хориҷ шавад. Аммо бидуни шаклгирии як эътилофи густурда дар дохили Афғонистон, бархӯрдорӣ аз пуштвонаи иҷтимоии пойдор ва ҳимояти ҷиддии хориҷӣ, тағйири тавозуни қудрат дар сатҳи миллӣ барои он бисёр душвор хоҳад буд.
— Марзи Тоҷикистон ва Афғонистон то чӣ андоза барои муқобила бо таҳдидҳои ҷиддӣ омода аст ва зарфияти воқеии низоми амниятии мавҷуд чист?
— Ҳеҷ коршиноси масъуле наметавонад бо итминони комил ба чунин пурсиш посух диҳад, зеро ин масъала ба омилҳои гуногун ва шароити ноҳамгун вобаста аст. Илова бар ин, бахши қобили таваҷҷуҳе аз иттилооти марбут ба ин соҳа маҳрамона аст. Равшан аст, ки дар солҳои охир марз ба таври қобили мулоҳиза тақвият ёфта, таҳаррукпазирии воҳидҳо афзоиш ёфта, сомонаҳои назоратӣ густариш пайдо карда ва кумакҳои байналмилалӣ низ бештар шудаанд. Бо вуҷуди ин, ин марз тӯлонӣ, кӯҳистонӣ ва бисёр душворгузар аст. Аз ин рӯ, таҳдиди асосӣ на ҳамлаи классикии неруҳои бузург, балки нуфузи гурӯҳҳои хурд, истифода аз масирҳои қочоқ, паҳподҳо ва амалиётҳои таркибии харобкорона мебошад.
— Имрӯз “ДОИШ-Хуросон” (созмони террористии мамнуъ) то чӣ андоза барои Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ хатарнок аст? Шаҳрвандони ин минтақа чӣ нақше дар он доранд?
— ДОИШ-Хуросон дар ҳоли ҳозир фаъолтарин таҳдиди террористии фаромиллӣ вобаста ба Афғонистон ба шумор меравад. Хатари он на ба теъдоди нерӯҳояш, балки ба тавоноияш дар ҷазби нерӯ аз роҳи дур, эҷоди ҳастаҳои мустақил ва созмондеҳии ҳамлаҳо берун аз Афғонистон бармегардад. Атбои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, дар таблиғот ва бархе шабакаҳои амалиётии ин созмон ҳузури қобили таваҷҷуҳ доранд.
Бо ин ҳол, баёни саҳми дақиқи онҳо танҳо гумоназанӣ хоҳад буд, зеро омори мӯътабар ва ошкор дар ин замина вуҷуд надорад ва баровардҳои манобеи гуногун тафовути чашмгире бо ҳам доранд. Нақши нерӯҳои Осиёи Марказӣ беш аз ҳама ҳамчун як зарфияти забонӣ, таблиғотӣ ва амалиётӣ аҳамият дорад, ки имкони татбиқи фароянди ҷазби нерӯро бо мухотабони мушаххас фароҳам мекунад.
— Дар давраи ҷанги Сурия ва Ироқ, кадом минтақаҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоии Тоҷикистон беш аз дигарон осебпазир буданд? Оё дуруст аст, ки бахши умдаи афроде, ки ба ин даргириҳо пайвастанд, аз водии Фарғона будаанд?
— Ман бидуни баррасии омории дақиқтар чунин дидгоҳеро намепазирам. Водии Фарғона бидуни тардид яке аз муҳимтарин арсаҳои фаъолияти бархе шабакаҳои ифротӣ, бавижа дар чорчӯби густардатари Осиёи Марказӣ, будааст. Аммо нисбат додани бахши умдаи ҷангҷӯёни тоҷикистониро ба ин минтақа дуруст нест. Густараи ҷуғрофиёии хуруҷи афрод бисёр васеътар буд ва минтақаҳои гуногуни кишварро дар бар мегирифт.
Омили таъйинкунанда на маҳалли таваллуд, балки маҷмуае аз омилҳо буд; аз ҷумла синну сол, муҳоҷират, буҳрони ҳувият, ноогоҳии динӣ, инзивои иҷтимоӣ ва гирифтор шудан дар шабакаҳои бастаи ҷазби нерӯ. Аз ин рӯ, минтақаи ҷуғрофиёӣ иллати аслӣ нест, балки танҳо яке аз заминаҳои осебпазирӣ ба шумор меравад.
— Бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон низ дар давраи муҳоҷирати корӣ ҷазби гурӯҳҳои ифротӣ шуданд. Созукорҳои ифротигардонӣ ва ҷазби нерӯ дар миёни муҳоҷирони корӣ дар хориҷ аз кишвар чӣ гуна тағйир кардааст?
— Дар гузашта, ҷазби нерӯ бештар бар пояи ошноиҳои шахсӣ, гурӯҳҳои ғайрирасмии мазҳабӣ, иртибототи ҳамшаҳриҳо ва зиндагии муштарак устувор буд. Аммо имрӯз ин раванд моҳияти ҳибридӣ пайдо кардааст. Тамоси аввалия мумкин аст ба сурати ҳузурӣ анҷом шавад, аммо идомаи фароянди шустушӯи фикрӣ ба Телеграм, гуфтугӯҳои хусусӣ, платформаҳои видеоӣ ва ҳатто ҷомеаҳои бозиҳои онлайнӣ мунтақил мешавад. Имрӯз ҷазбкунанда ҳатман аз ҳамон оғоз пешниҳоди рафтан ба минтақаи ҷангиро матраҳ намекунад.
Ӯ нахуст эҳсоси таҳқир, радшудагӣ ва бегонагиро дар шахси худ тақвият мекунад, сипас тасвири сода ва сиёҳу сафеде аз ҷаҳон ироа медиҳад ва танҳо баъд аз он, ӯро ба самти тавҷеҳи хушунат савқ медиҳад. Бинобар ин, набояд муҳоҷиратро иллати аслии ифротӣ шудан донист; балки муҳоҷират муҳитест, ки дар он бепаноҳии ҳуқуқӣ, табъиз ва танҳоӣ осебпазириҳои мавҷудро ташдид мекунанд.
— Забон ва абзорҳои таблиғоти ифротгароёна чӣ гуна тағйир кардаанд? Оё ниҳодҳои давлатӣ тавонистаанд худро бо фанновариҳои нав ҳамоҳанг кунанд?
— Таблиғоти ифротгароёна имрӯз кӯтоҳтар, эҳсоситар ва аз назари басарӣ ҷаззобтар шудааст. Ба ҷойи суханрониҳои тӯлонии идеологӣ, аз видеоҳои кӯтоҳ, мемҳо, ривоятҳои шахсӣ, посухҳои ҷаълии динӣ ва муҳтавои тавлидшуда бо истифода аз ҳуши маснуӣ истифода мешавад. Паёмҳои ифротӣ низ бисёр вақт дар паси гуфтугӯҳо дар бораи каромати инсонӣ, беадолатӣ ва дифоъ аз мусулмонон пинҳон мешаванд.
Ниҳодҳои давлатӣ то ҳадде тавонистаанд манобеъ ва каналҳои ифротгароёнаро масдуд кунанд, аммо ин иқдом ҳамвора бо таъхир анҷом мешавад. Он чи мавриди ниёз аст, танҳо контроли фаннӣ нест, балки тавлиди муҳтавои ҷойгузини босифат, иртиқои саводи расонаӣ, баҳрагирӣ аз коршиносии динӣ ва кори мудавом бо насли ҷавон низ зарурӣ аст.
— Сенарияи аслии таҳдидҳои амниятии перомуни Тоҷикистон дар се то панҷ соли оянда чист?
— Коршиносони воқеъгаро эҳтимоли ҳамлаи густурда аз хоки Афғонистонро андак медонанд. Сенарияи муҳтималтар, беэътидолии музмин аст; шомили ҳамлаҳои парокандаи фаромарзӣ, талош барои нуфузи гурӯҳҳои хурд, ҷазби нерӯ аз тариқи интернет, истифода аз паҳподҳо ва талош барои басиҷи муҳоҷирон.
Муҳимтарин чолиш, пайванд хӯрдани таҳдидҳои хориҷӣ бо осебпазириҳои дохилӣ аст. Агар норизоятии иҷтимоӣ, бекории ҷавонон, ноамнии муҳоҷирон ва камбуди эътимоди умумӣ ба абзори таблиғоти ифротгароёна табдил шавад, ҳатто як шабакаи хурд низ метавонад паёмадҳои бисёр ҷиддӣ эҷод кунад. Аз ин рӯ, амният набояд танҳо бо мизони истиҳкоми марзҳо санҷида шавад, балки бояд бо мизони тобоварии ҷомеа низ арзёбӣ гардад.