Аз рақобатҳои авомили иқтисоди ҷурмӣ ҳаракати озодихоҳӣ тавлид намешавад.

Нависанда: Файёз Баҳрамон Наҷимӣ, таҳлилгари умури минтақаву байнулмилал, узви Шӯрои мушовирони “Сангар”

Суқути ҷумҳурият, бештар аз он ки як шикасти низомӣ буда бошад, нуқтаи атфе дар интиқоли комили иқтисоди ҷурмӣ ба раъси ҳокимияти пуштунӣ дар қолиби Толибон ва тасбити дубораи сохтори султаи афғонӣ дар ҷуғрофиёи номниҳоди Афғонистон буд. Ончи имрӯз бар ин ҷуғрофиё ҳукм меронад, давлат ба мафҳуми шинохташудаи улуми сиёсӣ нест; зеро на бар бунёди қарордоди иҷтимоӣ шакл гирифта, на машрӯъият аз иродаи умумӣ дорад ва на ҳам худро дар баробари шаҳрвандон посухгӯ медонад.

Ончи вуҷуд дорад, сохторе аз султаи қабоилӣ аст, ки бақои худро аз идеологияи афғонизм/пуштунизм – исломизм, инҳисори хушунат, иқтисоди ҷурмӣ ва шабакае аз ҳамкорони маҳаллӣ ба даст меоварад. Аз ҳамин рӯ, Толибонро набояд танҳо як гурӯҳи мусаллаҳ ё як ҷараёни мазҳабӣ пиндошт, балки ин гурӯҳ ҳамон сохтори султаест, ки дар ашколи мухталиф, тайи беш аз якуним қарн бар ин ҷуғрофиё ҳукм меронад!

Иқтисоди ҷурмӣ дар ин сохтор, падидае ҳошиявӣ ё тасодуфӣ нест, балки яке аз абзорҳои бунёдини бозтавлиди султаи афғонӣ мебошад. Ҳар сохтори султа барои давоми худ ба манобеи молӣ, шабакаҳои иҷроӣ ва воситаҳои маҳаллӣ ниёз дорад. Дар ҷуғрофиёи номниҳоди Афғонистон, ин ниёз аз тариқи иқтисоди қочоқ, истихроҷи ғайриқонунии маъодин, тиҷорати маводи мухаддир, тиҷорати аслиҳа, қочоқи инсон, заминхорӣ, аххозӣ ва анвои дигари иқтисоди ғайрирасмӣ ва ҷинояткорона таъмин мешавад. Аз ин манзар, иқтисоди ҷурмӣ на як инҳироф аз низом, балки бахше аз мантиқи дарунии султаи он аст. Ин султа бар ризояти мардум устувор нест, балки бақои худро аз тариқи хушунат ва ба кумаки шабакаҳои мофиёӣ таъмин мекунад.

Калиди фаҳми мофиёгарии пуштунӣ низ дуруст дар ҳамин нуқта нуҳуфтааст. Султаи афғонизм ҳаргиз муттакӣ ба қудрати қавмии маҳзи пуштунӣ давом наёвардааст, балки ҳамвора бо тавлид ва созмондеҳии шабакае аз ҳамкорони бумӣ дар миёни ақвоми дигар, сохтори султаро бозтавлид кардааст. Ин шева, падидае мунҳасир ба Толибон нест, балки дар давраи ҷумҳурият низ бар мантиқи мушобеҳ устувор буд. Ончи дар чанд соли ахир тағйир карда, парчам ва чеҳраи ҳокимон аст, на созукори султаи афғонӣ.

Ҳамон гуна ки режимҳои истеъморӣ ё фашистӣ барои тасбити султаи худ аз нерӯҳои бумӣ ва воситаҳои маҳаллӣ истифода мекарданд, ҳокимиятҳои афғонӣ низ бақои худро ҳамеша бар ҳамон улгу дар ҳамаи давраҳо устувор нигоҳ доштаанд. Дар ин миён, фармондеҳони ғайрипуштуни Толибонро метавон ба “ҳамкорон ва душманёрони маҳаллӣ” (Collaborators) шабеҳи даврони нозиҳо ташбеҳ кард, ки фоқиди асолат ва эътибори таборӣ буда ва танҳо нақше абзориро барои истиқрори султаи пуштунии толибӣ ифо мекунанд.

Таҷрибаи таърихӣ, аз режими Вишӣ дар Фаронса то ҳукумати Квислинг дар Нарвегия, нишон медиҳад, ки ҳамкорони маҳаллӣ, агарчи гоҳ бо маркази қудрат ихтилоф пайдо мекарданд, аммо ихтилофи онон ба маънои гусастан аз сохтори султа набуд. Модоме ки дар хидмати ҳамон низом қарор доштанд, ҳамзамон бахше аз мошини саркӯби султа маҳсуб мешуданд. Ихтилоф бар сари саҳми бештар аз қудрат, қаламрав, манобеъ ё имтиёзот, ҳеч гоҳ ин гуна “будаҳои” нӯкармаобро ба нерӯи озодибахши миллати худӣ табдил намекунад. Ин қоида дар мавриди ғайриафғонҳои Толибон низ содиқ аст.

Аз ҳамин манзар, ихтилофоти дарунии Толибонро набояд бо як пружаи сиёсии раҳоибахш иштибоҳ гирифт. Вуҷуди ихтилоф, инкорнопазир аст; аммо моҳияти ин ихтилофҳо таъйинкунанда аст!

Таҷрибаи ҷаҳонии иқтисоди ҷурмӣ, аз мофиёҳои ҷануби Итолиё ва Балкон то картелҳои Амрикои Лотин, нишон медиҳад, ки рақобат бар сари қаламрав, бозор, масирҳои транзитӣ, суд ва шабакаҳои иқтисодӣ, ҷузъи ҷудоинопазири ҳаёти созмонҳои мофиёӣ аст. Ин гуна рақобатҳо гоҳ ба хунинтарин даргириҳо низ меанҷомад, аммо ҳаргиз моҳияти мофиёро тағйир намедиҳад ва аз дили он ҷунбиши озодихоҳ зода намешавад.

Аз ҳамин рӯ, ихтилофоти даруни Толибон низ то замоне ки мутаваҷҷеҳи нафйи султаи афғонӣ, пуштунизм ва сохтори табъизи он, бавижа ҷинсиятӣ, набошад, чизе фаротар аз рақобатҳои дарунсистемӣ бар сари мудирият ва тавзеъи манофеъ ва манобеи иқтисоди ҷурмӣ нест.

Бадахшон танҳо яке аз гиреҳҳои ин шабакаи густарда аст, на ҳамаи он. Иқтисоди ҷурмӣ дар ҷуғрофиёи номниҳоди Афғонистон, як шабакаи баҳампайваста аст, ки аз Форёб, Ҷузҷон, Сарипул ва Ҳирот дар ғарб, то Нимрӯз ва Спинбулдак дар ҷануб, ва аз Пактиё, Хуст, Турхам ва Кунар дар шарқ то Кобул имтидод ёфтааст. Шоҳроҳҳои маводи мухаддир, истихроҷи ғайриқонунии маъодин, қочоқи сангҳои қиматӣ, тиҷорати аслиҳа, қочоқи инсон ва дигар бозорҳои иқтисоди ҷурмӣ, ин шабакаро ба як манзумаи воҳид табдил кардаанд.

Бадахшон ба далели мавқеияти геополитикӣ ва манобеи маъданӣ, яке аз конунҳои муҳими ин иқтисод аст, аммо на ягона конуни он. Бинобар ин, рақобат миёни фармондеҳони маҳаллӣ, хоҳ дар Бадахшон бошад, хоҳ дар Форёб, Ҳирот, Нимрӯз, Спинбулдак, Турхам ё Кунар, пеш аз он ки нишонаи як таҳаввули сиёсӣ бошад, бозтоби рақобат бар сари мудирияти гиреҳҳои ин иқтисоди ҷурмӣ ва саҳми бештар аз манофеи он аст.

Аз ҳамин рӯ, мавҷи қаҳрамонсозӣ аз бархе фармондеҳони маҳаллии Толибон, бештар аз он ки нишонаи булуғи сиёсӣ бошад, баёнгари бунбасти огоҳӣ ва истисоли сиёсии мо аст. Касоне ки дирӯз ҷодаро барои истиқрори султаи хашини пуштунии Толибон ҳамвор карданд, дар саркӯби мардум саҳм доштанд ва ба унвони бозувони маҳаллии султаи афғонӣ амал карданд, танҳо ба далели ихтилоф бо бахши дигари ҳамон сохтор, ба раҳбарони раҳоибахш табдил намешаванд! Тағйири маҳалли мунозиа, тағйири моҳияти сиёсӣ эҷод намекунад.

Ҳамин афрод ё ҳамфикрони онон, дар давраи ҷумҳурият низ ҳамкорони султаи афғонӣ буданд. Онон дар тамоми ин солҳо, на намояндагони мардуми худ, балки воситаҳои маҳаллии қудрати марказӣ буданд ва бақои сиёсӣ ва иқтисодии худро дар хидматгузорӣ ба сохтори мусаллати афғонӣ таъриф мекарданд. Тағйири ҳукумат, тағйири парчам ва тағйири шиор, ин воқеиятро дигаргун накардааст. Имрӯз низ ҳамон мантиқ идома дорад; таъаҳҳуди онон на ба мардум, балки ба манофеи шахсӣ, нафъи сиёсӣ ва истиқрори султаи афғонӣ — пуштунӣ аст.

Таърих низ дар бораи сарнавишти ин гуна ҳамкорон доварии рӯшане дорад. Ҳамкорони низомҳои фашистӣ то замоне арзиш доранд, ки барои сохтори султа коркард дошта бошанд. Бо поён ёфтани коркардҳо, ё ҳазф мешаванд ё ҷойи худро ба ҳамкорони тоза медиҳанд. Онон на сармояи иҷтимоӣ барои мардуми хеш бар ҷой мегузоранд ва на ҳомили пружае барои озодӣ ҳастанд, зеро нақши таърихиашон ифои вазифа ба унвони воситаҳо ва ҷодасофкунони султа ва на намояндагии манофеъ аз қавми худ мебошад.

Ҳеч шабакаи мофиёӣ наметавонад бадиле барои муборизаи раҳоибахш бошад. Ҳамон гуна ки ҳамкорони режимҳои тоталитар низ ҳаргиз ба нерӯи раҳоибахши миллатҳои худ мубаддал нашуданд, ҳамкорони бумии Толибон низ ояндаи мутафовите барои мардуми хеш рақам нахоҳанд зад. Мофиё, ҳатто агар бо чеҳраҳо, шиорҳо ва ихтилофҳои мутафовит зоҳир шавад, дар ниҳоят ҳамон мантиқи султа, хушунат ва иқтисоди ҷурмиро бозтавлид мекунад. То замоне ки ин ворунагии мафоҳим идома дошта бошад, султаи афғонизм ва пуштунизм, сарфи назар аз номи ҳокимият ва чеҳраи ҳокимон, аз тариқи ҳамин ҳамкорони бумӣ бозтавлид хоҳад шуд.