Ҳаққи машрӯъият бахшидан ба ҳукуматдорӣ мутааллиқ ба 40 миллион мардуми Афғонистон аст. Ҳар гуна талоши хориҷии ба расмият шинохтани ҳукумат, ҳатто дар сатҳи “гомҳои кӯдакона” (“baby steps”), бояд ба хостаҳои мардуми мо эҳтиром бигузорад.

Нависанда: Маркази матбуоти Ҷабҳа муқовимати миллии Афғонистон

Дар акс: Гӯё кормандони Созмони Милал таҳти парчами Толибон дар Кобул. Созмони Милал барои ин амали онҳо пӯзиш хоста буд.

МАВҚЕИ ҶАБҲА МУҚОВИМАТИ МИЛЛИИ АФҒОНИСТОН ДАР РОБИТА БА НИШАСТИ ҚАРИБУЛВУҚӮЪИ СОЗМОНИ МИЛАЛ ДАР ДОҲА (1 МАЙ)

Дабири кулли Созмон Милал Олиҷаноб Антони Гуттереш дар 1 то 2 майи 2023 мизбони нишасте дар Доҳа бо фиристодаҳои вежаи кишварҳои мухталиф дар мавриди Афғонистон хоҳад буд.

Дар 17 апрели 2023, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Олиҷаноб Омина Муҳаммад, дар як мулоқот дар донишгоҳи Ҳарвард гуфт: “Аз ин ҷаласа умедворем битавонем гомҳои кӯдакона (хурд)-еро пайдо кунем, ки моро дар масири ба расмият шинохтани усулии Толибон қарор диҳанд. Ба иборати дигар, шароите вуҷуд дорад.”

Баъдан, сухангӯи дабири кулли Созмони Милал, ҷанба “ба расмият шинохтан”-ро нодида гирифт ва ҳадаф аз ин нишасти пушти дарҳои бастаро “таҷдиди дубораи таомули байнулмилалӣ дар атрофи аҳдофи муштарак барои як роҳи бодавоми рӯ ба ҷилав дар мавриди вазъияти Афғонистон” тавсиф кард.

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон хатти ҳассосеро, ки байни баста шудан ва вуҷуди дафотири Созмони Милал дар Афғонистон кашида шудааст, ба думболи қонуни ҷадиди Толибон, ки занони маҳаллиро аз кор дар Созмони Милал манъ мекунад, дарк мекунад. Ин кишвар ҳамчунин ниёз ба нишастҳо ва ройзаниҳо ба раҳбарии Созмони Милал бо ҳама тарафҳои зинафъ, ба вежа мухолифони Толибон, барои иҷмоъи якпорчатар дар мавриди чолишҳои пеширӯро дорад.

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон мӯътақид аст, ки ба хатар андохтани арзишҳо ва усули маншури СММ, ва ҳамчунин ҳуқуқу озодиҳои асосии мундариҷ дар Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқ башар, барои мадоро бо гурӯҳи террористии Толибони таҳти таҳрими Созмони Милал, натанҳо ба обрӯи СММ осеб мерасонад, балки машрӯъият бахшидан ва ташдиди хушунату беназмӣ дар Афғонистон мебошад. Ин метавонад хатари қобили таваҷҷуҳе барои сулҳу амнияти байнулмилалӣ дар оянда қобили пешбинӣ бошад ва тардидҳои ҷиддӣ дар мавриди бетарафӣ ва эътибори Созмони Милал эҷод кунад.

Ҳаққи машрӯъият бахшидан ба ҳукуматдорӣ мутааллиқ ба 40 миллион мардуми Афғонистон аст. Ҳар гуна талоши хориҷии ба расмият шинохтани ҳукумат, ҳатто дар сатҳи “гомҳои кӯдакона”, бояд ба хостаҳои мардуми мо эҳтиром бигузорад.

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон муштоқона мунтазири нақши фаъол ва бетарафонаи Созмони Милал дар сулҳ, амният ва тавсеаи Афғонистон аст.

21 апрели 2023