Ҳам ҷанг қавмӣ аст, ҳам давлат қавмӣ аст, ҳам роҳи ҳал қавмӣ аст

Нависанда: Набӣ Соқӣ, пажӯҳишгари таърих (Афғонистон)

1 — То номи кишвар Афғонистон бошад, ҳама чиз қавмӣ аст. Исми давлат Афғонистон, исми пул, суруди миллӣ, истилоҳоти гӯё миллӣ, забони аскарӣ, рутбаҳои донишгоҳӣ ва ҳама чиз. Умдатарин коркарди давлати садсолае зери номи Афғонистон тахриби забон ва ғасби замини ақвоми дигар будааст. Пружаи комилан қавмӣ.

2 — Тақрибан тамоми ҷангҳои кишваре ба номи Афғонистон решаи қавмӣ ва забонӣ доштааст. Ҷанги Нодирхон алайҳи Ҳабибуллоҳи Калаконӣ, кушта шудани Нодирхон, пружаҳои Ҳошимхон ва Шоҳмаҳмудхон ва Муҳаммадгулхони Муманд, ҷанги муҷоҳидин бо ҳам дар замони ҷиҳод, ихтилофоти Ҳизби Халқ дар миёни худашон ва бо СОЗО ва ғайра, фурӯпошии ҳукумати доктор Наҷибуллоҳ, ҷангҳои муҷоҳидин дар Кобул, шӯриши Толибони аввал, муқовимати аввал, кашмакаши даврони ҷумҳурият, суқути ҷумҳурият ва кобинаи кунунӣ, тамоми инҳо мисдоқҳои равшани қавмгароӣ ва муъзали қавмӣ дар Афғонистон будааст.

Тамоми ҳамму ғамми Муҳиб ва Фазлӣ ва Ғанӣ ва ғайра ҳамин буд, то музокироти Қатар ба шикаст мувоҷеҳ шавад, мабодо ақвоми дигар ба қудрат шарик шаванд. Фирори Ғанӣ худаш ангезаи комилан қавмӣ дошт.

3 — Иштибоҳи устод Раббонӣ ва фармондеҳ Масъуд дар замони қудраташон ин буд, ки худро миллӣ медонистанд ва дунболи афғоният ва исломият буданд. Муҷоҳидин дар даврони ҷиҳод ситамиҳоро ба ҳамин далел куштанд, ки инҳо қавмгаро ҳастанд. Аммо дар даврони муқовимати аввал, Масъуд кам-кам пай бурд, ки "амалиёт ба хотири адабиёт аст".

4 — Дар даврони ҷумҳурият иштибоҳи тамоми мо ин буд, ки хатари қавмият ва хатари сиёсати қавмиро надидем. Ин шикасти ҷумҳурият буд, ки мушкили аслиро ба мо ҳувайдо кард. Агар дар даврони ҷумҳурият мо хатарро дарк мекардем, рӯзгори имрӯзро надоштем. Кош дар даврони интихоботҳои бурда, доктор Абдуллоҳ кӯтоҳ намеомад ва ҳар қавм ба роҳи худ мерафт. Миллигароии доктор Абдуллоҳ ба зарари мо тамом шуд. Ман шахсан тарафдори кӯтоҳ омадани доктор Абдуллоҳ будам ва онро ба хайри кишвар медонистам, аммо ҳоло мефаҳмам, ки сад дар сад иштибоҳ мекардам.

5 — Ҳар қадар мардум аз мунозаи қавмӣ зудтар ва бештар огоҳ шаванд, ба хайри мардум аст. Агар муҷоҳидини тоҷик ҳарфҳои Тоҳири Бадахширо мефаҳмиданд ва мо ҳарфҳои Пидромро мефаҳмидем, рӯзгори кунуниро надоштем. Ҳар қадар ҷанбаи қавмии мушкилро мункир шавем, буҳрон ба ҳамон паймона тӯлонӣ мешавад.

6 — Муқовимати кунунӣ дар ибтидо ҳар чӣ метавонист, дар ҷаласот ва дидорҳои худ Қорӣ Исо ва Шукрия Борикзай ва амсолаҳумро пеш кард. Аммо натиҷа чӣ шуд? Дар ниҳоят Қорӣ Исо ба сангари қавми худ рафт ва ҳоло ҷуз фуҳш додан ба муқовимат бо ангезаи қавмӣ, ҳеҷ кори дигаре надорад.

7 — Сиёсатмадорони секулор ва элитаи донишгоҳии паштун шояд теъдодашон мухолифи Толибон бошанд, аммо ҳаминҳо низ ба ҳеҷ унвон ҳозир нестанд таҳти раҳбарии як тоҷик ва ӯзбек ва ҳазора кор кунанд. Ҳамин Устод Мазорӣ дар тамоми умри худ масалан чӣ бадӣ ба паштунҳо расонда, ки ин қадар ӯро дар канори Дӯстум ва Масъуд бад мебинанд? Мазорӣ айбаш ин буд, ки ҳазора буд ва иддаои раҳбарӣ ва тасмимгирӣ дошт. Ҳар кас иддаои раҳбарӣ кунад ва аз қавми худӣ набошад, хоин ва дузд ва ҷангсолор аст. Ҳабибуллоҳи Калаконӣ бошад ё маршал Дӯстум ё устод Мазорӣ ё устод Раббонӣ ё Мустафо Козимӣ ва ё ҳатто Ҷумъа Фотеҳ. Танҳо касе, ки "ша салай" аст, Рамазон Башардӯст аст ва Латиф Назарӣ.

8 — Ҳеҷ кишваре бо қавмгароӣ муваффақ намешавад. Агар мешуд, Афғонистон муваффақ шуда буд. Вале ҳоло, ки қавмгароӣ муравваҷ ва маъмул ҳаст, чӣ кор бояд кард?

Исботи ин нукта, ки қавмгароӣ мавҷуд аст ва ғалат аст, гоми аввал аст. Қавмгароён ҳанӯз фикр мекунанд, ки қавмгароӣ роҳи ҳал аст. Бовар доранд, ки ё бартарии моро бипазиред ё шуморо ҷорӯб мекунем то Кӯлоб. Бо ин мантиқ ва бо узру зорӣ ва бо "ваҳдати миллӣ" гуфтан даҳан ширин намешавад. Бояд ақвоми дигар бо зӯр бифаҳмонанд, ки қавмгароӣ ботил ва ғалат аст. Ба забони дигар, касе намефаҳмад.

9 — Оё тарҳи мушкили қавмият ба нафъи Толибон аст ва боиси тадовуми онҳо мешавад? На. Чунин нест.

Дар ҳақиқат қавмгароии мавҷуд реша дар ноогоҳии мардум дорад. Агар Фасиҳуддин ва Салоҳуддин Фотеҳ ва ину они дигар дар шимол ва ғарб нисбат ба қавмгароӣ огоҳ шаванд, фардояш шимол озод мешавад. Инкори қавмгароӣ ба маънои бехабар нигаҳ дошта шудани касоне аст, ки бехабар шохаи зери пои худашонро мебуранд.

Бинобар ин, огоҳ шудан ва шуур ёфтани мардум шарти аввали тағйири вазъият аст. Шояд касоне, ки манофеашон дар нафаҳмидан аст, нафаҳманд, вале оҳиста-оҳиста ҳақиқат ба ҳама ошкор мешавад. Бинобар ин, сукут дар баробари қавмгароӣ ба нафъи ҳокимони кунунӣ аст, чун сурати масъаларо пок мекунад.

10 — Касоне ҳам, ки хаёли ботил бастаанд, ки паштунҳо меоянд ва ба нафъи тоҷикон ва ҳазораҳо бо толиб даргир мешаванд, то Аҳмад Масъуд ва Муҳаммад Муҳаққиқ ва генерал Дӯстум ба қудрат бирасанд, хоб мебинанд. Ҳеҷ касе дар канори шумо истода нахоҳад шуд, то шумо ба қудрат бирасед. Ҳамон қадар, ки Хушҳол Саодат ва Дева Патанг аз шумо нафрат доранд, Мулло Надим ва Мулло Муттақӣ надоранд.

Агар шумо ба зӯри худатон ба қудрат бирасед, он вақт аз ҳар қавме теъдоде чоплус ва чавкиталаб гирди шумо ҷамъ мешаванд. Агар худатон чизе набошед, каси дигар ҳаргиз ба шумо ёрӣ нахоҳад кард.

11 — Мардуми оми паштун қобили эҳтиром ҳастанд ва нафрату душманӣ бо қавми паштун ё ҳар қавми дигар на оқилона аст ва на ахлоқӣ. Барои ман як паштун ва ҳазора ва тоҷик ва яҳуд ва араб ва покистонӣ ҳеҷ фарқе надорад. Ҳар инсоне қобили эҳтиром аст. Агар касе ба мардуми паштун зулм кунад, ман мухолифи ӯ ҳастам. Падарам бошад ё қавмам ё рафиқам.

Аммо баҳси сиёсати ғалат ҷудо аз баҳси эҳтиром ба мардум аст. Агар сиёсати ғалат ва нодурусте дар миёни паштунҳо ҳоким бошад, он сиёсат бояд нақд шавад ва бояд тағйир кунад.

Қавмгароии паштунӣ ба ин далел қобили мухолифат аст, ки ба ҳама садама мезанад ва ба ин сарзамин ба унвони як кишвар низ садама мезанад.

Агар тоҷикҳо низ ба қудрат бошанд ва чунин сиёсате дошта бошанд, мо мухолифашон ҳастем.

Мо мухолифи кори ғалат ҳастем, на мухолифи ин ё он қавм. Ҳар гурӯҳ ва шахс ва қавме, ки сиёсати ғалат пеш гирад, бояд дар баробараш истод. Ҳар касе, ки бошад.