Ду дидгоҳ дар Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба куҷо мебарад?
Нависанда: Рустам Рушангар, таҳлилгар (Афғонистон), махсус барои “Сангар”
Дар Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба сурати куллӣ ду ҷараён ё намояндагони ду гароиши сиёсии умда канори ҳам ҷамъ шуда, зиддият бо Толибон нуқтаи пайванди муштараки онон аст. Яке, ҷараёни сиёсии исломгаро аст. Намояндагони ин ҷараён дарвоқеъ муҷоҳидини собиқ ё нерӯҳое бо гароишҳои исломистӣ ҳастанд, ки дар назари онон муқовимат тадовуми ҷиҳод ва дифоъ аз арзишҳои ростини ҷиҳоду арзишҳои динӣ аст. Ҷараёни дувум муташаккил аз нерӯҳои сиёсии ҷадид бо гароишҳои секуларистӣ, демократӣ ва равшанфикрона аст. Ин ҷараён умдатан аз нерӯҳои ҷавону таҳсилкарда ташкил шуда, ки зиддияташон бо Толибон маншаи равшанфикрона ва секуларистӣ дорад.
Бидуни шак, Ҷабҳаи муқовимат ба ин эътибор, ки асосгузорони он муҷоҳидони бузург буданд, як ҷараёни исломиву ҷиҳодӣ аст. Асоси ин Ҷабҳа бо тафаккури ҷиҳодӣ гузошта шудааст. Нафйи тафаккуроти ҷиҳодӣ ва исломистии Ҷабҳа ба маънои қатъ решаҳои таърихии ин ҷараёни муборизотӣ низ талаққӣ шуда метавонад. Аммо ба рағми решаҳои ҷиҳодии Ҷабҳаи муқовимат, базри андешаҳои равшанфикрона низ дар даруни ин ҷараён вуҷуд дошта, ки ба мурури замон рушд карда ва борвар шудаанд. Имрӯза ҷавонони зиёде дорем, ки ҳам арзишҳои ҷиҳодро мӯҳтарам мешуморанд ва ҳам дидгоҳҳои равшанфикрӣ-секуларистӣ доранд. Инҳо медонанд, ки рӯҳи ҷиҳод ҳамон рӯҳи мубориза алайҳи ишғолу таҷовузу зӯргӯӣ аст ва ин чизест, ки мо дар мубориза бо ҳаюлои толиб ба он ниёз дорем. Ин дарвоқеъ бозтоби як тағйиру таҳаввули жарфи фикрӣ дар даруни ҷараёни муқовимат аст, ки бисёриҳо мутаваҷҷеҳи он нестанд. Вақте ин тағйиру таҳаввул мағфул воқеъ шавад, лобуд чунин тасаввур мешавад, ки Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дучори тазод ва таноқузҳои дарунфикрӣ шудааст. Дар ҳоле, ки чунин нест.
Шаҳид профессор Устод Бурҳонуддин Раббонӣ раҳбару бунёдгузори Ҷамъияти исломӣ, яке аз раҳбарони фикрии миёнарав буд, ки дидгоҳҳои динӣ-сиёсиаш наздик ба дидгоҳи равшанфикрони динӣ буд. Ӯ ҳеҷ гоҳ мисли бисёре аз раҳбарони аҳзоби исломии дигар аҳли ифрот ва хушкмағзӣ дар бардошти динӣ набуд ва дар амал низ нишон дод, ки мухолифи демократияву арзишҳои модерн ва маданӣ нест. Ӯ дар соли 2001 бо низоми сиёсии ҷадид, ки бар пояи усули демократӣ бино ёфта буд, ҳамкорӣ кард ва ҳеҷ гоҳ алайҳи низоми мардумӣ ва ҷараёнҳои равшанфикрӣ мавзеъгирӣ накард. Масъуди бузург низ дар замони ҳаёташ ташкили ҳукумати демократии мубтанӣ бар иродаи мардумро яке аз аҳдофи мубориза ва муҷоҳидати худ унвон мекард. Инҳо ҳамон базрҳое аст, ки дар вуҷуди насли ҷадиди муқовиматӣ ба гароишҳои секуларистӣ табдил шудаанд.
Ҳар гоҳ ду ҷараёни фикрии ёдшуда дар мабноҳои фикриашон тааммуқи бештар кунанд, ба нукоти муштараки бештаре мерасанд ва тафовути дидгоҳҳо аз байн меравад. Ҷараёни ҷиҳодгаро агар андешаҳои раҳбарони нахустини Ҷабҳаи муқовиматро мавриди жарфандешӣ қарор диҳад, далоили зиёде барои иштироки назар бо ҷараёни сиёсии секуларистӣ пайдо мекунад. Ҳамин гуна ҷараёни секуларистӣ агар нек бингарад, дархоҳад ёфт, ки Ҷабҳаи муқовимат ҳеҷ гоҳ як ҷараёни сиёсии идеологӣ набуда ва нишонаҳои возеҳе аз бардоштҳои секуларистии раҳбарони нахустини муқовимат вуҷуд дорад, ки мубтанӣ бар он метавон бо аъзои ҷиҳодгарои Ҷабҳа тақоруни фикрӣ эҷод кард.
Ҳавзаи амали сиёсӣ ҳавзаи воқеиятҳо аст. Воқеиятҳоро бояд дарк кард ва ба муқтазои чунин дарке амал кард. Воқеият ин аст, ки дар Афғонистон ҳеҷ андешаи сиёсӣ ба маънои ҳаддиаксарии он тавфиқе дар басиҷи нерӯҳои сиёсӣ надоштааст. Дарси таҷоруби сиёсии панҷоҳ соли ахири Афғонистон ин аст, ки ҳама нерӯҳои сиёсӣ ба як рӯйкарди таомулӣ фикр кунанд. Яъне набояд диди ҳаддиаксарӣ ба андешаи сиёсии мавриди назари худ дошта бошанд. Мӯътақидон ба ҳар андешаи сиёсӣ бояд инъитофпазир бошанд, то битавонанд заминаи таомули фикрӣ-ақидатӣ бо дигар андешаҳои ҷараёнҳои фикриро дошта бошанд.
Бо ин муқаддима, мехоҳам ба изҳороти ахири Абдулҳафиз Мансур, узви аршади Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва Алӣ Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимат бипардозам. Ахиран оқои Мансур, табсираи фейсбукии кӯтоҳе дар бораи хутути асосии Ҷабҳа навишт, ки интиқодҳоеро ба ҳамроҳ дошт. Бархеҳо табсираи оқои Мансурро дастовез қарор дода, ин дидгоҳро пеш кашиданд, ки аъзои аршади Ҷабҳаи муқовимат дорои дидгоҳҳои ифротӣ ҳастанд ва бар ин асос тафовуте миёни онон ва раҳбарони фикрии Толибон вуҷуд надорад. Дар пайи вокунишҳое, ки изҳороти Мансур барангехт, Алӣ Майсам Назарӣ, масъули равобит байналмилалии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар твите навишт, ки изҳороти аъзои Ҷабҳаи муқовимат назари шахсии худашон аст ва хутути асосии Ҷабҳаи муқовимат ҳеҷ гуна мамониати ақидатии фаророҳии пайвастани афрод ба Ҷабҳа эҷод накардааст.
Ҳафиз Мансурро метавон намояндаи ҷиҳодгароён дар Ҷабҳаи муқовимати миллӣ донист. Ҳамин гуна Алӣ Майсам Назариро метавон намояндаи насли ҷадиди муқовиматгарон, ки гароишҳои секуларистӣ доранд, донист. Албатта, возеҳ аст, ки интисоби ин ду, ба намояндагии ду ҷараёни ёдшуда як рӯйкарди назарӣ барои табйини дидгоҳҳои мавҷуд дар Ҷабҳаи муқовимат аст ва дар олами воқеъ чунин тақсимбандие миёни нерӯҳои муташаккилаи Ҷабҳаи муқовимат вуҷуд надорад.
Ҳафиз Мансур, яке аз чеҳраҳои фарҳангии ҷиҳодӣ аст. Ӯ аз овони ҷавонӣ то кунун масруфи корҳои фарҳангӣ-расонаӣ дар ҳавзаи ҷиҳоду муқовимат будааст. Оқои Мансур акнун низ дар бахши фарҳангӣ-ақидатии Ҷабҳа фаъол аст. Бо таваҷҷуҳ ба собиқаи кории оқои Мансур, баид нест, ки ӯ дидгоҳҳо ва бардоштҳои ҷиҳодии худро дошта бошад. Эҳсоси моликияте, ки оқои Мансур аз худ нисбат ба Ҷабҳаи муқовимат буруз медиҳад, низ ба собиқаи кории тӯлонимуддати ӯ дар ҳавзаи ҷиҳоду муқовимат муртабит аст. Аз назари андешаӣ оқои Мансурро наметавон як исломгарои идеолог донист. Ӯ боре дар бораи дуруси сақофати исломӣ дар донишгоҳҳои Афғонистон боби баҳсеро боз кард ва ба дурустӣ гуфт, ки таҳти номи сақофати исломӣ, андешаҳои террористӣ дар донишгоҳҳои Афғонистон тарвиҷ мешавад. Дар он замон оқои Мансур аз сӯйи исломгароии ифротӣ ба иртидоду хурӯҷ аз дин ва пушт кардан ба ҷиҳоду арзишҳои ҷиҳодӣ муттаҳам шуд. Аммо дар ду соли ахир оқои Мансур гоҳ-гоҳе мавзеъгириҳое дошта, ки бархеҳо онро Толибон таъбир кардаанд.
Алӣ Майсам Назарӣ низ як ҷавони огоҳ, бодониш, мутааҳҳид ва ҳадафманд аст. Корномаи сиёсии оқои Назарӣ чандон қутур нест ва чӣ басо, ки бо таваҷҷуҳ ба амалкарди нокоми насли сиёсии қаблӣ, қутури набудани корномаи як сиёсатмадор ва ҷавон буданаш як мазият пиндошта мешавад. Аммо агар қазовати мо дар бораи ӯ, амалкарди дусолаашон дар самти масъули равобити байналмилалии Ҷабҳаи муқовимат, бошад метавон гуфт, ки дар ин самт амалкарди қобили дифоъ дорад. Ӯ ба хубӣ аз Ҷабҳа дар маҷомеъи байналмилалӣ дифоъ кардааст. Ин ки оқои Назарӣ дар Ғарб таҳсил карда ва дар кишварҳои ғарбӣ барои пешбурди аҳдофи Ҷабҳа маъмурият дорад, ба сурати табиӣ ӯро тарафдори андешаҳои секуларистӣ ва демократӣ месозад. Бихоҳем нахоҳем муқовимати дувум майдоне барои ҷавонони ботааҳҳуд ва боандеша аст. Ӯ яке аз чеҳраҳои маҳбуб дар Ҷабҳаи муқовимати миллӣ аст ва ба вежа насли ҷавону таҳсилкарда бештар вайро улгуи худ медонанд.
Истинботи Мансур аз хутути Ҷабҳаи муқовимат як чиз аст ва аз Назарӣ чизи дигар. Албатта, ҳар ду истинбот дуруст аст ва ин ба ин воқеияте ишора дорад, ки хутути асосии Ҷабҳаи муқовимат дар мавориди дорои ибҳом аст ва имкони шаклгирии бардоштҳои мухталифро ба вуҷуд меоварад. Ба гунаи мисол, як ҷумла дар хутути асосии феълии Ҷабҳа вуҷуд дорад, ки хеле мубҳаму тафсирпазир аст. Ҳамин ибҳому тафсирпазирӣ боис шуда, ки масалан, ҷаноби Мансур ва ҷаноби Назарӣ ду бардошти мутафовит аз хутути асосӣ дошта бошанд. Чунин ибҳоме дар Қонуни асосии Афғонистон низ вуҷуд дошт, ки боиси ҷидолҳои фикрии зиёде миёни исломгароён ва секуларҳо шуда буд. Ҷумлае ба ин мазмун, ки ҳеҷ қонуне дар Афғонистон хилофи асосоти дини ислом вазъ шуда наметавонад. Асосоти дини ислом яке аз мавзӯъоти ихтилофи умда миёни уламо ва фуқаҳову муфассирини дини ислом аст. Асосоти дини ислом кадомҳоанд? Ҳар мусулмон посухи худашро ба ин савол дорад.
То ҷое, ки ман дар ҷараён қарор дорам, раҳбарии Ҷабҳаи муқовимат дар садади бознигарии хутути асосии хеш аст ва ҳадаф ин аст, то ибҳомот ва костиҳои мавҷуд бартараф шавад ва таҷориби сиёсӣ-низомии ду соли ахир низ дар хутути асосӣ бозтоб пайдо кунад. Албатта, нафси доштани хутути асосӣ як таҳаввули умда ва асосӣ барои ҷараёни муқовимат аст. Дар гузашта ҷараёни муқовимат ба ҳар далеле хутути асосӣ ё хатти машйи мудавван надошт.
Он чӣ аммо имрӯза барои Ҷабҳаи муқовимат муҳим аст ин аст, ки зарфияти ҷазби нерӯҳои мухталифи фикрӣ-сиёсиро дошта бошад. Далоили зиёде ба ҷанг бо Толибон вуҷуд дорад. Ин амр боис шуда, ки тамоми нерӯҳои сиёсиву фикрӣ дар Афғонистон ба ҷанг бо Толибон биандешанд. Ин амр фурсат ва мавқеияти хубе ба Ҷабҳаи муқовимат аст. Ин Ҷабҳа бояд ба ҳама фурсати ҷанг бо Толибонро фароҳам кунад. Ин кор дар сурате мумкин аст, ки Ҷабҳаи муқовимат дидгоҳ ва дурнамоеро барои худ таъриф кунад, ки ҳама нерӯҳои сиёсии худро дар он бубинанд ва мутмаин бошанд, ки муборизаашон зери чатри Ҷабҳаи муқовимат алайҳи толиб тазмине барои ояндаи сиёсиашон дар Афғонистон аст. Бидуни шак, ки бисёриҳо бо ангезаҳои диниву ҷиҳодӣ бо толиб намеҷанганд. Онон далоил ва ангезаҳои худро доранд. Фаророҳи ҷазби онон дар Ҷабҳаи муқовимат набояд мавонеи айнӣ ё зеҳнӣ вуҷуд дошта бошад.
То ҷое, ки ман аз навиштаҳои ҷаноби Мансур бардошт мекунам, эшон ба наҳве мехоҳанд ба иттиҳоме, ки Толибон бар Ҷабҳа ворид мекунанд, посух бидиҳад. Иттиҳоми Толибон ин аст, ки Ҷабҳаи муқовимат алайҳи як низоми исломӣ бағоват карда ва ин мусовӣ ба куфру илҳод аст. Оқои Мансур мехоҳад дафъи иттиҳом кунад ва эълом кунад, ки на мо кофир ва мулҳид нестем, балки мусулмон ва муҷоҳидем. Ба эътиқоди ман Ҷабҳаи муқовимат ниёзе надорад, ки ба ин иттиҳоми Толибон посух бидиҳад. Мардуми Афғонистон Ҷабҳаи муқовиматро ҳам мешиносанд ва толибро ҳам. Ин ки як гурӯҳи террористӣ, истихборотӣ ва муздур биёяд иттиҳомеро бар шумо ворид кунад ва шумо пайваста бигӯед, ки на мо чунин нестем ва чунон ҳастем, ба навъе чунин маъно медиҳад, ки шумо таҳти таъсири таблиғот ва ҷанги равонии душман рафтаед.
Он чӣ Ҷабҳаи муқовимат бояд онро барои мардум собит кунад, ба эътиқоди ман мавориди зер аст:
Ҷабҳаи муқовимат барои дифоъ аз мардум меҷангад ва мутааҳҳид ба манофеи мардум аст. Ҷабҳаи муқовимат барномаи беҳтаре барои беҳбуди зиндагии мардум дорад. Ҷабҳаи муқовимат аз таҷрибиёти сиёсии гузашта омӯхтааст ва иштибоҳоти гузаштаро такрор намекунад. Ҷабҳаи муқовимат дигар дучори ғафлат ва фаромӯшкорӣ нашуда ва муборизаи мардум дар баробари толибро нодида намегирад. Ҷабҳаи муқовимат дигар иҷоза намедиҳад, ки афроду ашхоси маъдуде ба намояндагӣ аз мардум вориди муомила дар мавриди сарнавишти мардум шаванд. Ҷабҳаи муқовимат дигар ба афроди муфсид ва фоқиди дидгоҳу тааҳҳуди муборизот фурсати савор шудан ба гурдаҳои мардумро намедиҳад. Ҷабҳаи муқовимат дигар ба ҳеҷ қимате сангари дифоъ аз арзишҳои мардумро тарк намекунад. Ҷабҳаи муқовимат дигар то ба миён наомадани тазмини як ҳокимият пойдори қонунии мардумӣ, туфангро замин намегузорад ва...!
Ба назари ман, далели хастагии мардум ва инфиоли сиёсиашон ин аст, ки ҷараёнҳои мухталифи сиёсӣ ҳеҷ кадом дар пешгоҳи мардум дар имтиҳони садоқат ва тааҳҳуд комёб нашудаанд. Мардум ба ҳамин далел хаставу хашмгинанд ва тамоюле ба шунидани ҳарфи гурӯҳҳои сиёсии мутахосим надоранд. Мардум аз ҳеҷ гурӯҳе имтиҳони исломият намегиранд. Мардум нон, амният ва озодӣ мехоҳанд. Ҷабҳаи муқовимат миллӣ бояд ба ин масоил таваҷҷуҳ кунад.