Эъломияи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар пайванд ба гузориши созмони Афви байналмилал аз ҷиноётии ҷангии Толибон дар Панҷшер - 12 июни соли 2023.
Нависанда: Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон
Созмони Афви байналмилал, ба таърихи 8 июни 2023 дар як гузориши таҳқиқӣ парда аз ҷиноёти ҷангии Толибон дар вилояти Панҷшер бардошт. Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон минҳайси ҷараёни сиёсии фарогир, ки амалан дар баробари султаи ҷобиронаи Толибон меразмад, аз нашри ин гузориш ва мустанадсозии ҷиноёти Толибон дар вилояти Панҷшер, истиқбол мекунад.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, аснод ва шавоҳиди фаровоне дар ихтиёр дорад, ки нишон медиҳад, гурӯҳии террористии Толибон хилофи тамоми усулу мавозини ҳуқуқи миллӣ ва байналмилалӣ даст ба ҷиноятҳои ҳавлнок ва созмонёфтаи зиддибашарӣ задааст. Бар асоси иттилооти мо, натанҳо дар Панҷшер, балки дар шаҳристонҳои Андароб, Хӯсту Фиринг ва вилоёти Бадахшону Дойкундӣ рӯзона даҳҳо мавриди ҷиноёти зиддибашарии шомили боздоштҳои ғайриқонунӣ, шиканҷа, таҷовуз ба занон, эъдомҳои ғайриқонунӣ, сангсор, қатъи аъзои бадан, кӯчи иҷборӣ, боҷгирӣ, нақзи густурдаи ҳарими хусусии мардум, латукӯби аҳолии мулкӣ, ихтитоф ва наслкушӣ аз ҷониби Толибон бо ангезаҳои қавмӣ, мазҳабӣ ва истибдодӣ сурат мегирад, ки ниёз аст созмонҳо ва ниҳодҳои байналмилалии мудофеъ ҳуқуқи башар ба тамоми ин маворид бипардозанд. Ҷабҳаи муқовимати миллӣ қаблан шуморе аз ҷиноёти ҷангиро мустанад намуда, таслими мароҷеи марбутаи байналмилалӣ намудааст.
Гузориши созмони Афви байналмилал бо ин ки як иқдоми бепешина аз як марҷаи бетараф дар робита ба мустанадсозӣ ва ифшои ҷиноёти зиддибашарии Толибон аст, ки бетардид мунҷар ба огоҳ шудани ҳарчи бештари ҷаҳониён аз симои ғайриинсонӣ ва манфури гурӯҳи Толибон мегардад, аммо ҳовии бахши кӯчаке аз он чӣ аст, ки дар наздик ба ду соли ҳокимияти Толибон бар мардумони сарзамини мо рафтааст.
Қурбониёни ҷиноёти Толибон ба аъзои Ҷабҳаи муқовимат ва бастагони онон маҳдуд намонда, балки густараи васеи шаҳрвандони Афғонистон аз қишрҳои мухталифи иҷтимоиро дар бар мегирад, ки набояд ин ҷиноёт дар маҳдудаи ҷароими ҷангӣ хулоса шаванд. Созмонҳои байналмилалӣ масъулият доранд, ҷиноёти зиддибашарии Толибони террористро ба шакли васеъ ва ҳамаҷониба гузориш диҳанд ва дар заминаи таъмини адолат нақши хешро адо намоянд.
Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бад-ин бовар аст дар шароите, ки дар Афғонистон ҳукумати машрӯъ, ки битавонад истиқлоли қувваи қазоияро тазмин кунад, вуҷуд надорад ва раҳбарии Толибон дар мавриди иртикоби ҷиноёти мухталифи машрут бар ин ки мустанад нашаванд, аланан фармон медиҳад, ниҳодҳои ҳуқуқии байналмилалӣ чун Маҳкамаи ҷиноии байналмилалӣ ва Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид муносибтарин ниҳодҳо барои баррасии ҷиноёти зиддибашарии раҳбарон ва афроди гурӯҳи Толибон аст; Чунон ки дар гузориши созмони Афви байналмилал низ изҳори умедворӣ шудааст, ки ниҳодҳои ҳуқуқи байналмилалӣ бояд ба ҷиноёти зиддибашарии гурӯҳи Толибон расидагӣ кунанд.
Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, аз суфориши созмони Афви байналмилал ба додситони Додгоҳи ҷиноии байналмилалӣ мабнӣ бар анҷоми таҳқиқ дар хусуси иттиҳомоти марбут ба ҷиноёти мундариҷ дар асосномаи Рим ва низ суфориши он ба Шӯрои ҳуқуқи башари СММ барои эҷоди фаврии механизми байналмилалии мустақили посухгӯӣ, барои расидагӣ ба ҷиноёти мундариҷ дар қавонини байналмилалӣ ва соири мавориди нақзи ҳуқуқи башар истиқбол мекунад ва хоҳони иқдомоти оҷили амалӣ дар ин замина аст.
Ба бовари мо ҷангҷӯёни одии гурӯҳи Толибон ба дастури фармондеҳон ва раҳбарони ин гурӯҳ даст ба аъмол ва иқдомоти зиддибашарӣ мезананд, ки ниёз аст то раҳбарону фармондеҳони аршади ин гурӯҳ дар баробари ҷиноёташон посухгӯ қарор дода шаванд.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ба унвони ниҳоди фарогири муқовимати мардуми Афғонистон бар зидди Толибони террорист, пайваста ҷиноёти Толибонро мустанадсозӣ карда ва ҳозир аст то дар сурати ниёз ин мустанадотро бо ниҳодҳои бештари мудофеи ҳуқуқи башари байналмилалӣ шарик созад. Интизор дорем, то дар оянда, созмони Афви байналмилал ва ниҳодҳои мушобеҳ, пеш аз ниҳоӣ сохтани гузоришҳо, тамоми аснод ва мадорики ҷиноёти зиддибашарии ин гурӯҳи террористиро ба сурати комил баррасӣ намоянд. Умедворем, ки дар таҳқиқоти баъдӣ, ин нукта дар назар гирифта шавад.