Чаро ҳамбастагии қавмӣ аз коммунизм, либерализм ва исломи сиёсӣ нерӯмандтар будааст
Нависанда: Файёз Баҳрамон Наҷимӣ, таҳлилгари умури минтақаву байналмилалӣ, узви Шӯрои мушовирони “Сангар”
Яке аз бузургтарин иштибоҳҳои порсизабонон иборат аз таҳлили ҷомеаи афғонҳо/паштунҳо бар мабнои идеологияҳои модерн аст. Онҳо ҳанӯз мепиндоранд, ки дар миёни онҳо либерал, мазҳабӣ ё коммунист ба ҳайси ҷараёнҳои мустақили сиёсӣ вуҷуд доранд.
Дар ҳоле ки таҷрибаи як қарни ахир нишон додааст, ҳар гоҳ масъалаи қудрати қавмӣ матраҳ бошад, ҳамаи ин марзбандиҳои идеологӣ ранги худро аз даст медиҳанд ва танҳо коди паштунволӣ бар ҳамаи онҳо ғолиб мешавад. Толибон нахустин таҷассуми хоси ин код мебошанд.
Дар пушти низоми Толибон, ҳалқае аз технократҳо, низомиён, кормандони истихборот ва нухбагони омӯзишдида дар ниҳодҳои таълимии дохилӣ ё хориҷии паштунҳо қарор доранд, ки решаҳои онҳо ба даҳаҳои пешин ё давраи ҷумҳурияти мавриди ҳимояти Амрико бозмегардад.
Дар асл, суқути ҷумҳурият ба маънои фурӯпошии сохтори қудрати паштунҳо набуд; балки танҳо ғайриафғонҳо/ғайрипаштунҳо саҳми худро дар қудрат аз даст доданд. Кадрҳои ғайрипаштун сарзамини аҷдодии худро тарк карданд ва ҷомеаи худро бидуни созмон ва раҳбарӣ раҳо намуданд.
Бояд пазируфт, ки бо ҷойгузинии чеҳраҳои нави навъи толибӣ, танҳо шакли сохтори қудрати қавмӣ тағйир ёфт, аммо моҳияти он боқӣ монд. Аз ҳамин рӯ, султаи афғонӣ ба таври одӣ ба ҳаёти худ идома медиҳад. Муқовимате алайҳи ин султа шакл нагирифт ва ҷараёнҳои маъруф ба муқовимат низ ба далели афғонзадагӣ, Афғонистонхоҳӣ ва надоштани як гуфтумони мустақил натавонистанд саробро барои мардуми худ ба оби зулол табдил диҳанд.
Акнун мо бо ду гурӯҳ аз афғонҳо/паштунҳо рӯбарӯ ҳастем:
— Гурӯҳи нахуст, ҳастаи марказии қудрат аст, ки дар ҷуғрофиёе бо номи Афғонистон бо такя бар истибдоди қавмӣ ҳокимиятро дар даст дорад.
— Гурӯҳи дувум, афғонҳо/паштунҳое ҳастанд, ки дар муҳоҷират бо баҳрагирӣ аз шабакаҳои сиёсӣ ва ниҳодҳои ғайридавлатӣ, бахши бузурге аз сиёсатмадорон ва фаъолони ғайрипаштунро чунон даргир ва фирефта месозанд, ки имкони басиҷи мустақил ва шаклгирии як нерӯи воқеии зиддитолибӣ аз онҳо салб мешавад.
Ин ду гурӯҳ, бар хилофи зоҳири мутафовиташон, ду рӯи як сиккаанд. Аз ҳамин рӯ, дар миёни онҳо на либерализм, на коммунизм ва на исломгароӣ ҳеҷ кадом ба унвони як ҳувияти мустақили сиёсӣ амал намекунад; ҳамаи ин гароишҳо дар ниҳоят дар чорчӯби коди паштунволӣ ва манофеи куллони қавмии паштунӣ бозтаъриф мешаванд.
Дар нуқтаи муқобил, ҳавзаи ғайриафғонҳо, бавижа порсизабонон, ҳанӯз ба як тасаввури пешомодерн аз шаҳр ва ҳувияти маҳаллӣ дил бастаанд. Ин амр пеш аз ҳар чиз, ношӣ аз ноошноӣ бо ҷомеашиносии Ибни Халдун аст. Шаҳри бостон, ҳарчанд ҳомили ҳофизаи таърихӣ ва шукуҳи тамаддунӣ бошад, муодили шаҳри модерн нест; шаҳри модерн маҳсули давлат, сармоя, ниҳод, ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва созмони иҷтимоӣ аст. Тамаддун, агар ба асабияти иҷтимоӣ ва созмони сиёсӣ табдил нашавад, ба танҳоӣ қудрат тавлид намекунад.
Кофист асабияти қавмии паштунҳоро бо вазъияти имрӯзи порсизабонон, ба вижа тоҷикҳо ва ҳазораҳо, муқоиса кунем. Дар он сӯ, ихтилофҳо дар баробари манофеи қавмӣ маҳор мешаванд ва ҳамбастагӣ бозтавлид мегардад; аммо дар ин сӯ, нерӯи ҷомеа ҳар рӯз сарфи тахриби шахсиятҳо, заиф кардани ҳаракатҳои худӣ ва фарсоиши сармояи иҷтимоӣ мешавад.
Ин худзанӣ танҳо як рафтори сиёсӣ нест, балки нишонаи набуди асабияти иҷтимоӣ ва нотавонӣ дар табдил додани ҳофизаи таърихӣ ба як нерӯи созмонёфта аст.
Ин як ҳушдор барои оянда аст. Агар порсизабонон натавонанд аз давраи худтахрибӣ берун шаванд ва ҳофизаи таърихӣ, сармояи фарҳангӣ ва пешинаи тамаддунии худро ба эътимоди иҷтимоӣ, асабияти маданӣ ва созмони сиёсӣ табдил диҳанд, бузургтарин таҳдиди ояндаи онҳо на танҳо султаи афғонӣ, балки идомаи парокандагии худи онҳо хоҳад буд.
Ҷомеае, ки асабияти худро аз даст бидиҳад, пеш аз он ки ба дасти рақиб шикаст бихӯрад, аз дарун фурӯ мепошад. Агар ин раванд идома ёбад, худзании порсизабонон, бавижа тоҷикҳо, роҳро барои ҳазфи тадриҷии ин ҳавзаи бузурги Эрони Шарқӣ аз ҷуғрофиёи қудрат ҳамвор хоҳад кард.