Чаро ҳама бозигарони ҷаҳониву фаромитақавӣ ва минтақаӣ дар як ҳамоҳангии комил теорияи тавтеаро бар зидди тоҷикон калид задаанд?

Нависанда: Доктар Авлиё Ҷалолӣ, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Дар бист соли ҳузури ҷомеаи ҷаҳонӣ дар Афғонистон/Хуросон, Залмай Халилзод ва Замир Кобулов, намояндагони ду қудрати ҷаҳонӣ (Амрикову Русия), ки аз иқболи нек Толибон ҳарду паштунтабор ва дар як тафоҳуми роҳбурдиву пинҳонӣ, сарони худро мутақоид ва тасмим гирифтанд то аз Толибон ба шеваи Абдурраҳмонгуна пуштибонӣ ва ҳимоят кунанд.

Ин ду қудрати ҷаҳонӣ ба ҳампаймонони минтақаии худ низ чароғи сабз нишон доданд то бо Толибон вориди музокираву гуфтугӯ шаванд.

Кишварҳои минтақа, ба истиснои Тоҷикистон, пеш аз таслими қудрат ба Толибон ҳар кадом бо шохаҳое аз Толибон равобити пинҳонӣ барқарор ва таъмин карда буданд.

Тибқи паймони Доҳа қарор буд бахше аз сарони ақвоми ғайрипаштун дар баданаи ҳукумати Толибон шарик ва Толибон аз сӯи Созмони Милал ба расмият шинохта шаванд ва ба чиҳил сол нооромӣ дар ин кишвар нуқтаи поён гузошта шавад.

Ин тарҳе буд, ки мавриди тафоҳуму пуштибонии ҳама бозигарони ҷаҳонӣ ва минтақаӣ қарор гирифта буд.

Ба ҳамин далел, Шӯрои Туркияро амрикоиҳо билофосила эҷод ва сарони ин шӯро низ бо як садо хоҳони музокира ва танҳо роҳи ҳал ва убур аз буҳрони кунуниро эҷоди ҳукумати мушорикати миллӣ ва гуфтумони миёни афғонистониҳо медонист ва бар он таъкид доштанд.

Аз иқболи нек, Толибон нисбати фарҳанги ҳокими бадавӣ ва қабилаӣ, ҳузури сарони ақвоми ғайриафғон дар ҳукумати худро лаккаи нанг ва мояи шармсорӣ донистанд ва алорағми талошҳои беамони Халилзоду Том Вест ва кишварҳои минтақаӣ, онро башиддат рад карданд.

Амрикоиҳо, ки зери фишори афкори омма муттаҳам ба пуштибонӣ аз Толибон буданд, ин навбат аз тариқи корти Созмони Милал вориди бозӣ шуданд ва масъалаи нишасти дувуми Доҳаро пешкаш ва таблиғоти расонаии густурдаеро ба роҳ андохтанд ва ҷиҳати муваффақияти ин раванд аз ҳама муҳраҳои дохилӣ, аз ҷумла Карзай ва Абдуллоҳ истифода карданд.

Абдуллоҳ тамоси давомдор бо Аҳмадвалӣ Масъуд дар Душанбе дошт ва ӯро мутақоид сохта буд, ки аз адреси Ҷабҳаи муқовимат дар ин нишаст ширкат кунад.

Карзай ба устод Ато аз тариқи Адиб Фаҳим паём фиристода буд, ки омодаи иштирок дар ин нишасти бисёр муҳим, ки ҳукми нишасти Боннро дорад бошад; Аммо як шарт дорад: аз адреси ҳизби Ҷамъияти воҳид муаррифӣ ва ширкат кунад. Устод Ато билофосила аз Дубай ба Туркия парвоз ва ба хонаи Салоҳуддин Раббонӣ рафт ва зоҳиран тафоҳуму баёнияи иттиҳод содир карданд; Аммо ин тафоҳум мақтаъӣ ва кӯтоҳ буд ва бо адами ширкати Толибон дар нишасти Доха ҳама аҳдофу барномаҳои бозигарон дарҳам шикаст ва ноком шуд.

Рӯиҳамрафта, оғози ҷанги Русия дар Украина ва Исроил дар Ғазза як мазияти дигар низ ба Толибон дод; Афғонистон дигар авлавияти аслии бозигарони ҷаҳонӣ набуду нест. Бо истифода аз ин фурсат Толибон бо ақди қарордодҳои маодин бо ширкатҳои минтақаӣ ба ин кишварҳо имтиёз доданд ва қудрати моливу низомии худро бештар ва равобит сиёсии худро тақвият карданд.

Воқеияти амр ин аст, ки бозигарони бузурги ҷаҳонӣ дар масъалаи Афғонистон роҳу масири худро гум кардаанд; аз як тараф, нерӯҳои радикали Толибон ва паштунгарое ҳастанд, ки ба ҳеҷ қонуну паймони ҷаҳонӣ ва ҳуқуқибашарӣ пойбанд нестанд ва тамоми дағдағаашон ҳокимияти мутлақи паштунӣ ва саркӯби дигар ақвоми хуросонӣ ва ҷобаҷоии паштунҳои покистонӣ зери унвони муҳоҷирин дар шимол ҳаст ва аз тарафи дигар, адами ҳамоҳангиву инсиҷоми нерӯҳои мухолифи Толибон аст, ки то ҳанӯз бо он ҳама ҳаёҳуи расонаие, ки доштанд ва доранд, дар бозпасгирии арозӣ кӯчактарин дастоварди майдонӣ надошта ва надоранд.

Ба назар мерасад камокон авлавияти қудратҳои ҷаҳонӣ пуштибонӣ аз давоми ҳокимияти Толибон бо каме тағйир ва нигариши рафторӣ дар масъалаи занон бошад; Ба ҳамин далел ҳам ҳаст, ки ин қудратҳо ҳам паймонони минтақаии худро зери фишор гузоштаанд то ҷилави ҷангу нооромии бештарро то равшан шудани масъалаи Украина бигиранд ва иҷоза надиҳанд ҳомиёни суннатии онон барои ҳокимони кунунии Афғонистон, ки ҳофизи манофеъи ҳама бозигарони ҷаҳонӣ ва минтақаӣ ҳастанд, мушкил халқ кунанд.

Танҳо нерӯе, ки барои феълан бар хилофи манофеъи бозигарони ҷаҳонӣ ва минтақаӣ вориди бозӣ шудаанд ва ба истилоҳ, бар хилофи ҷараёни об шино ва ба хости ҳеҷ яке аз ин қудратҳо тамкин намекунанд, тоҷикони минтақа ҳастанд; Лизо, ҳама бозигарони ҷаҳониву минтақаӣ дар як теорияи тавтеа ва ҳамоҳанг талош доранд ин наҷибзодагони таърихро дар азҳону афкори оммаи мардуми ҷаҳону минтақа бадном ва заминаро ҷиҳати саркӯби онон зери номи ДОИШ мусоид созанд.

Ҳамлаи Шоҳчароғи Эрон, Русия ва бузургнамоии ДОИШ ва ҷилва додани тоҷикон ба унвони нерӯҳои аслии ДОИШ, ҳама аз ҳамин зовия қобили тафсиру баррасӣ ҳастанд.

Аммо бозигарони ҷаҳону минтақа як масъаларо ба хотир дошта бошанд: тоҷикон нисбати шукӯҳу бузургии гузаштаи худ зери ҳеҷ унвон таслим нахоҳанд шуд!

Минтақаву ҷаҳон пуштибонӣ кунад ё на, муқовимати тоҷикон дар баробари ишғолгарони қабилаӣ иҷтинобнопазир аст!