Нависанда: Азиз Ориёнфар, сафири собиқи Афғонистон дар Қазоқистону Қирғизистон, директори Маркази мутолаоти Афғонистон дар Олмон (Франкфурт, Олмон)

Аз солҳо бад-ин сӯ борҳо ва борҳо гуфтаам, ки ҳам Ғарб ва ҳам давлати кудетоии Майдон дучори хибти бисёр бузурге гардида, худро бо Русия даргири ҷанги фарсоишии беҳуда сохтаанд. Борҳо беҳтар буд то даст ба моҷароҷӯӣ назада, аз як сӯ бетарафии Украинаро ҳифз мекарданд ва ба ҳеҷ рӯ шиорҳои аблаҳона ва миёнтиҳии пайвастан ба НАТО-ро сар намедоданд ва аз сӯи дигар, дар сиёсати дохилӣ Украинаро конфедералӣ месохтанд.

Инҳо ба канор, дастикам бояд ба тааҳҳудоти худ дар қиболи тавофуқоти Минск пушти по намезаданд ва саранҷом фиреби аҳримани маккор, Борис Ҷонсонро намехӯрданд ва дастикам созишҳои Истанбулро мепазируфтанд ва риоят мекарданд.

Танҳо дар ин сурат Украина метавонист ба зистори сиёсии худ ҳамчун як кишвари мустақил ва дорои тамомияти арзии комил идома диҳад.

Магар режими далқакӣ ҳама пулҳоро пушти сари худ вайрон кард. Тайи солҳои ҷанг иқтисоди ин кишвар батамом нобуд шуд, бист миллион нуфуси он берун аз контроли Киев рафт, ду миллион кушта ва захмӣ дод. Кишвар садҳо миллиард доллар қарздор шуд.

Акнун ҳама зерсохтҳои Украина нобуд шудааст, истгоҳҳои қатор, корхонаҳои барқ, пулҳо ва фурудгоҳҳо ва... омоҷи юришҳои беамон гардидааст. Дар як сухан, зимистони маргбор ва кушандае дар пеши рӯ аст ва хатари сарозерии миллионҳо паноҳгузин ба Аврупо меравад!

Хазонаи Украина ба таҳ кашидааст ва барои идомаи ҷанги нопоён имсол ба сӣ миллиард будҷаи дигар ниёз дорад.

Пурсиш ин ҷост, ки оё Аврупо ҳозир аст беш аз ин ба додани аҳмақпулӣ идома бидиҳад? Агар надиҳад, чӣ?

Ин ҷанг ҳеҷ суде барои Аврупо ва мардуми ранҷдидаи Украина надорад. Мегузарем аз ин ки Чин бо баҳрагирӣ аз ҷанги моҷароҷӯёнаи Аврупо дар баробари Русия, ором-ором ҳама бозорҳои Осиёи Миёна ва Русияро тасхир мекунад.

Борҳо пешбинӣ кардем, ки дар поёни кор Украина ҳамчун кишвар дар симои кунунӣ дигар боқӣ нахоҳад монд.

Ҳол дида шавад, ки Русия ба расидан ба марзҳои Новорусия/густараи сурх басанда хоҳад кард ва роҳёбии Украина ба обҳои озодро бо гирифтани бандари роҳбурдии Одесса барҳам хоҳад зад ва ё ин ки ҷангро то гирифтани Малорусия/густараи бодинҷониранг идома хоҳад дод?

Масоили бисёре ба созишҳо миёни Амрико ва Русия дар пайванд бо интихоботи моҳи ноябр бастагӣ дорад. Трамп ба дастовардҳое дар арсаи сиёсати хориҷӣ ниёз дорад.

Шояд Зеленскийро ваҷҳулмусолиҳа кунад, то заминаро барои гуфтугӯҳои сулҳ фароҳам созад. Шояд ҳам баҳси ҳазфи физикии ӯ ва поён додан ба комедии хунбори Украина дар дастури кори Кохи Сафед ва ё шояд ҳам Кремл бошад?

Дар ҳар сурат Украина ба поёни хат наздик мешавад.

Умедворем ин ҷанги хунбор ва вайронкун, ки рӯзона ҷони ҳазорон инсонро мегирад, ҳар чӣ зудтар ба поён бирасад.

Поёни ҷанг акнун баста ба сари ақл омадани сиёсатмадорони кӯтаҳандеши аврупоӣ аст, то бо арзёбии реалистӣ ва хирадварзона ҳар чӣ сареътар роҳҳои поён додан ба ҷанг аз роҳҳои дипломатикро ҷустуҷӯ кунанд.

Ҳезум андохтан ба оташи ҷанг ба ҳеҷ рӯ ба суди Аврупо нест. Баръакс, сахт ба суди Чин аст.

Дар ҳар коре натиҷаи ниҳоӣ муҳим аст:

Фарҷоми ҷанги Украина фурӯпошӣ, вайронӣ ва нобудии кишвари обод, пешрафта, хуррам ва бузург аст ва талафоти думиллионӣ ва коҳиши нуфуси бистмиллионӣ, ҷуброннопазир ва вайронии саросарӣ.

Ва сухани поёнӣ:

Агар Ғарб сари ақл наояд, Русия ба зудӣ ҳама таъсисот ва дороиҳо ва сармоягузориҳое, ки ғарбиҳо дар солҳои ахир дар Украина кардаанд, нобуд хоҳад кард ва ин гуна даҳҳо миллиард доллар зиён ворид хоҳад сохт.