Хонаводаҳои толиб дар кӯчаҳои Кобул аз робита бо аҳолии кӯча ибо меварзанд, зеро метарсанд ва медонанд, ки ин кӯчаҳо рӯзе барояшон дом хоҳанд шуд.

Нависанда: Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали пешини раисҷумҳури Афғонистон, раиси “Раванди сабз”-и Афғонистон”

Аввал: ба Амрико машварати зиддитеррористӣ надиҳед. Шуморо ҳам мешиносад ва террористро ҳам. Чӣ басо гоҳе ҳар ду тарафро ҳимоят ва пуштибонӣ кардааст.

Дуюм: рӯйи одамҳои мазбуб ҳисоб боз накунед. Ба онҳо вақъе нагузоред.

Сеюм: бо лобигарони толиб вақтатонро зоеъ насозед; мантиқи онҳо ба таътил рафтааст ва танҳо пас аз суқути толиб изҳори пушаймонӣ ва ислоҳи афкор хоҳанд кард, на пеш аз он.

Чорум: Толибро ба музокира даъват накунед ва ё манфиатҳои музокираро барояш ташреҳ накунед. Ба зиёни худатон тамом мешавад.

Панҷум: тавон ва қувватеро, ки аз он ёд мекунед, дар амал ба намоиш гузоред.

Шашум: агар аз аъзои ҷумҳурият ҳастед, худро коршиноси умури суқути он муаррифӣ накунед ва бештар ба нақши худ тамаркуз кунед. Мусоҳибаи мақомҳои ҷумҳурият бар зидди ҷумҳурият хеле кори сабук аст. Албатта, виқорро Худованд ба ҳама яксон ҳадя надодааст.

Ҳафтум: дар ҷумҳурият ду гурӯҳи мардум ҷамъ буданд: онҳое, ки қабл аз суқути толиб ва ҳаводиси 11-уми сентябр дар саҳна буданд ва онҳое, ки аз муассисаҳои хайрия ва умдатан бинобар шиносоӣ бо ғарбиҳо вориди бисоти давлат шуда буданд. Аз гурӯҳи дуюм интизори инқилобӣ буданро надошта бошед.

Ҷавонон ва таҳсилкардаҳои давраи ҷумҳурият низ умдатан тааллуқ ба ҳамин ду бахш доранд. Албатта, як бахши бузурги ҷомеа сари пулвон истодаанд ва онҳо барои ҳар касе, ки кӯчаашонро ишғол кунад, даъват ба чой ва нон медиҳанд ва манту мепазанд; аз вокуниши онҳо зиёд нигарон набошед. Ин бахшро қишри хокистарӣ меноманд.

Ҳаштум: Толибон барои дастрасӣ ба қудрат, меъёрҳо ва васоили мушаххасе сохтаанд: созиш ва тавтиачинӣ бо бегона, ҷиноят дар дохили кишвар ва машруъ қаламдод кардани ҳар навъ васила, аз ҷумла қатли ом, пинҳон шудан зери чодари зан ва бомбгузорӣ дар ҷаноза ва таваллудхона. Рӯйи толиб сафедшаванда нест; пас ба муборизаи худ бовар дошта бошед. Натарсед.

Нӯҳум: муборизаи шумо рӯйи асаби толиб фишор оварда, хурду бузурги онҳо ба дашномдиҳӣ ва адабиёти кӯчабозорӣ рӯй овардаанд. Ҳар тарафе, ки аз мантиқ тиҳӣ шавад, ба дашном мутавассил мегардад.

Даҳум: толиб нуқтаҳои заъфи бисёр зиёде дорад, аммо бештари мардум тамаркузашон рӯи нуқтаҳои қуввати онҳост. Агар рӯи нуқтаҳои заъфашон тамаркуз кунед, мебинед, ки сарнагун кардани онҳо осон аст ва шумо барои мубориза ба ваҷд меоед. Дидатонро тағйир диҳед. Масалан, хонаводаҳои толиб дар кӯчаҳои Кобул аз робита бо аҳолии кӯча ибо меварзанд, зеро метарсанд ва медонанд, ки ин кӯчаҳо рӯзе барояшон дом хоҳанд шуд. Иншоаллоҳ.

Ёздаҳум: буҳрони миллӣ дар Афғонистон маҳдуд ба масъалаи омӯзиши занон ва ҳуқуқи занон нест. Аз ин ривояти қалилёфта дурӣ кунед. Баҳс бисёр бузург ва амиқ аст. Ривоятеро, ки дар сохтани он нақш надоштаед, амиқ мутолиа кунед, ҳазм кунед, пай баред ва баъд такрор намоед. Маҳдудият бар омӯзиш ва кори занон яке аз масъалаҳост, на тамоми он. Дастгоҳи қудратро нишон гиред, на сиёсаташро. Мардуми мо бо сохтор, аҳдоф ва раҳбарии Толиб мушкили оштинопазир доранд. Ҳамин сохтор агар дарвозаи донишгоҳро ҳам бигшояд, маъно надорад. Мушкилоти Афғонистон ҳал намегардад.

Саволи бунёдӣ ва таърихӣ ин аст, ки Ватан аз кист ва соҳиби Ватан кист? Ин хок моли кист ва чаро бояд як гурӯҳ барои ману ту ҳудуди арбаъаро муайян кунад? Бар асоси чӣ? Ин асосро бояд таъриф кунем. То замоне ки таърифгар ва тақсимгар — як гурӯҳи номашруъ ва мутаассиб бошад, буҳрон ҳал намегардад. Бояд ба ёд дошт, ки фоҷеаҳо ва ҷиноятеро, ки бегонаи дохилӣ муртакиб шудааст ва мешавад, бегонаи хориҷӣ муртакиб нашудааст. Инро ҳар фарди Ватан дар зиндагии рӯзмарраи худ эҳсос мекунад.