Як нависандаи амрикоӣ дар бораи маънои ахлоқӣ ва маънавии марги Линдси Грэм назар медиҳад.

Нависанда: Перрин Ловетт, нависанда, рӯзноманигор ва мушовири ҳуқуқии амрикоӣ аз иёлати Каролинаи Ҷанубӣ.

“Вақте ки шарирон нобуд мешаванд, шодӣ барпо мешавад.”

— Амсоли Сулаймон 11:10

Ситоиш бодо Худовандро! Линдси Грэм, сенатори Иёлоти Муттаҳида аз иёлати Каролинаи Ҷанубӣ, шоми рӯзи шанбе дар Вашингтон, пас аз бозгашт аз Украина, ки он ҷо аз корхонаи тавлиди паҳподҳои Vampire боздид карда буд, даргузашт.

Дастикам, ҳамин чизест, ки дар хабарҳо гузориш ё иддао шудааст; ҳарчанд Грэм ҳамвора шахсияте буд, ки дар атрофи ӯ иддаоҳо ва иттиҳомҳои фаровоне вуҷуд дошт.

Ӯ ба доштани равобити ҳамҷинсгароёна муттаҳам шуда буд ва ҳамчунин овозаҳое дар бораи эҳтимоли иртиботи ӯ бо кӯдакомезӣ низ матраҳ буданд.

Агар овозаҳоро канор бигузорем, метавон гуфт, ки бар асоси рафторҳо, изҳорот ва даъватҳои ошкори худи ӯ, вай шахсе бисёр шарир буд; ҳатто бар пояи меъёрҳои паст ва мунҳати нухбагони сиёсии имрӯзи Ғарб.

Грэм дар Русия бо унвони “террористи рақами 3967” дар феҳристи афроди таҳти таъқиб қарор дошт ва ба иртикоби ҷиноятҳои ҷангӣ ва наслкушӣ алайҳи давлат ва мардуми Русия муттаҳам шуда буд.

Тамоми фаъолияти сиёсии ӯ бо ҷиноятҳои ҷангӣ гиреҳ хӯрда буд. Грэм амалан дар тақрибан ҳар кишваре, ки аз вуҷуди он огоҳ буд, ба бомбаборон ва куштор фаро мехонд.

Ӯ аз ҳомиёни неруҳои саҳюнистии мусаллат бар Фаластин буд ва, бино бар ин дидгоҳ, душмании вижае бо фаластиниён, ба вижа сокинони Навори Ғазза, дошт. Ӯ рӯзе дар бораи Ғазза, ки дар муҳосира ва фақр ба сар мебурд, гуфта буд: “Он ҷоро бо хок яксон кунед.”

Ҷиноятҳои шайтонӣ ва бадкориҳои ӯ он қадар шинохташуда ва мустанад ҳастанд, ки ниёзе ба бозгӯии онҳо дар ин ҷо нест.

Ба ҷойи ин, биёед бар мавзӯе ғайримаъмул, аммо зарурӣ, тамаркуз кунем.

Ман ба ин нукта таваҷҷуҳ дорам, ки Грэм дар 11 июл даргузашт, дар ҳоле ки дар Русия эҳтимолан аллакай 12 июл фаро расида буд. Аз ин рӯ, метавон ба гунаи рамзӣ гуфт, ки ӯ дар рӯзи ёдбуди муқаддасон Петрус ва Павлус, ду ҳавворие, ки ба оштинопазирӣ дар баробари шар маъруф буданд, аммо ҳамзамон раҳмат ва умедро низ таълим медоданд, аз ҷаҳон рафт.

Пас аз шунидани хабари марги Грэм, масеҳиён бояд бикӯшанд рӯҳи *Charmolypi-ро дар худ пайдо кунанд; ҳолате, ки шодӣ ва андӯҳро дар канори ҳам ҷамъ мекунад: шодӣ аз худи ин хабар ва ҳамзамон огоҳӣ аз он ки ҳар марге хилофи сиришти нахустини инсон буда, нишони паёмадҳои суқути башарро бар худ дорад ва аз ҳамин рӯ мояи андӯҳ аст.

Аз ин рӯ, дар ҳоле ки рафтани ин торикии бузургро гиромӣ медорем, биёед дуо кунем, ки Грэм андаке пеш аз марг ё дастикам дар вопасин лаҳзаҳои зиндагии худ аз гуноҳонаш тавба карда ва файзи наҷотбахши Худованди Исои Масеҳро пазируфта бошад.

Гарчанде зиндагӣ ва марги ӯ намунае ифротӣ ба шумор меравад, ҳамин намуна ҳамчунон ҳушдоре омехта бо умед барои ҳамаи мо боқӣ мемонад.

Deo vindice.

*Charmolypi - вожаи юнонии χαρμολύπη.

**Deo vindice: ибораи лотинӣ ба маънои “Худо интиқомгиранда аст” ё “Худо ба адолат подош ва кайфар медиҳад”.