Хисороти иғтишоши хунин камтар аз хисороти ҳамалоти Амрикову Исроил дар ҷанги дувоздаҳрӯза набуд.

Нависанда: Исмоил Фурӯғӣ, таҳлилгар (Олмон)

Дар ҳоле ки тамоми ҷаҳон дар интизори ҳамалоти танбеҳии Амрико ба Эрон буданд, бар хилофи интизори ҳама, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, бо ин баҳона, ки куштор дар Эрон мутаваққиф шудааст ва давлат барномае барои эъдом надорад, аз майдон ақибнишинӣ кард ва бо сароҳат ба журналистон гуфт, ки Ризо Паҳлавӣ ҳимояти кофии мардуми Эронро бо худ надорад.

Арчанд душвор аст бидонем, ки Доналд Трамп аз ин ақибнишинии тактикӣ воқеан чӣ дар сар дошта ва барои ғофилгир кардани Эрон боз аз чӣ тарфанде суд хоҳад бурд, аммо ҳар чӣ дар сар дошта бошад, ҳоло мушташ боз шудааст ва ҳамаи эрониён медонанд, ки яке аз мушаввиқини аслии ошӯбҳои харобкорона, ки хунрезиҳо ва вайрониҳои ваҳшатноке ба бор овард, ҷаноби эшон мебошанд. Мардуми Эрон ва ҷаҳон он паёмҳо ва дастуроти харобкоронаи Доналд Трампро ба ҳофиза хоҳанд супурд, ки мегуфт: “Ба эътирозот идома диҳед. Ҷодаҳо ва идороти муҳими давлатиро тасоҳуб кунед. Кӯмак дар роҳ аст”.

Оқои Трамп, ки ҳеҷ эътиное ба қавонини байналмилалӣ ва ҳатто қавонини кишвари худ надорад, ҳамаро ба охирин зарбаи файсалакун аз сӯи Амрико дилгарм нигаҳ дошта, ҳамроҳ бо Нетаняҳу тамоми оташсӯзиҳо, вайронгариҳо ва қатлҳоро назора мекард ва мунтазир буд, то пас аз он ки низомиёни эронӣ аз дарун дупорча ва мунҳал шаванд, мардум ва низомиён аз раҳбарони давлат рӯй гардонанд, вориди маърака шавад, ки чунин нашуд. Низомиёни Эрон барои бақои низоми исломӣ мунсаҷимтар аз пеш шуданд; Ҷумҳурии Исломӣ ошубгаронро саркӯб кард ва Амрикову Исроил аз майдони зӯрсанҷӣ ақибнишинӣ карданд.

Аммо натиҷаи ҳавлноки ин ошӯб ва иғтишош чӣ буд: садҳо ва шояд ҳазорон кушта ва захмӣ аз ҳар ду сӯ (муътаризон ва масъулони амниятӣ), вайронӣ ва оташсӯзии ҷодаҳо, оташсӯзӣ ва вайронии мукаммали чандин бозор ва маркази харид, ба оташ кашидани ҳудуди 50 бонк, беш аз 50 масҷид ва макони муқаддас, ба оташ кашидани даҳҳо автобуси шаҳрӣ, 180 адад мошини ёрии таъҷилӣ бо тамоми таҷҳизот, 53 дастгоҳи муҷаҳҳази оташнишонӣ, садҳо воситаи нақлияи давлатӣ ва шахсӣ, ба оташ кашидани аксари навоҳии пулис ва ҳатто марказҳои пост. Мегӯянд, танҳо дар шаҳри Теҳрон 26 бонк ва 25 масҷиду макони муқаддас ҳамагӣ ба оташ кашида шудаанд.

Бе тардид, ки хисороти воридшуда аз ин иғтишоши хунин камтар аз хисороти воридшуда аз ҳамалоти Амрикову Исроил дар ҷанги дувоздаҳрӯза набудааст.

Ҳама медонем, ки ин ҳама ошӯб аз як эътирози синфии бозориёни Теҳрон оғоз шуд. Эътирози мусолиматомез ҳаққи мардум аст. Бидуни шак, норозигиҳои фаровони иқтисодӣ-иҷтимоӣ дар Эрон вуҷуд дорад. Фасоди молӣ ва давлатӣ дар авҷи худ расидааст; аммо ин норозигӣ ва шикоят аз сахттар шудани зиндагӣ, ин густардагии фасодро набояд ба маънои фуқдони машрӯъияти Ҷумҳурии Исломии Эрон пиндошта, мардумро бо силоҳи гарм, қама, корд ва шамшер ба дунболи худ кашонд ва бо эҷоди вайронӣ ва оташсӯзиҳои амдӣ режимро ба зону даровард. Ва боз тамоми моҷароро ба таҳрик ва ёрии кишварҳои хориҷӣ — он ҳам ба ёрии Амрико ва Исроил анҷом дод, ки наметавонад эрониёни боҳуш ва мутамаддинро қонеъ созад.

Ба ҳамин далел, дуруст дар авҷи хушунатҳо ва ба оташ кашидани амволи давлатӣ ва шахсӣ буд, ки мардум хатти худро аз хатти иғтишошгарон ҷудо карданд. Ва Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ки аз густариши доманаи шӯриш ноумед шуда буд, бо дарки ин ҳақиқат, ки Ҷумҳурии Исломии Эронро наметавон аз берун суқут дод, ба суръат аз маърака по пас кашид.

Аз назари аксари нозирон, умдатарин далели ақибнишинии Трамп аз маърака, санҷиши дақиқи тими амниятии ӯ аз қудрати посухгӯӣ ва боздорандагии Эрон аст. Имрӯз Амрико беҳтар аз ҳама медонад, ки Эрон чӣ зарфият ва тавоноии бузурги низомӣ (бавижа тавоноии мушакӣ) ва чӣ қудрати қобили таваҷҷуҳи боздорандагӣ дар ҷаҳон дорад. Амрико хуб медонад, кишваре ки Исроили қудратмандро — Исроиле, ки ҳамаи раҳбарони Аврупо ва НАТО аз ӯ итоат мекунанд — ба чолиш кашидааст, кишваре, ки ҳатто мавҷудияти низомии Амрикоро дар минтақа зери суол бурдааст, наметавон аз берун сарнагун кард.

Далели дигари ақибнишинии сареъи Трамп аз маърака ин ҳам метавонад бошад, ки мушовирони иқтисодӣ ва амниятии ӯ ӯро аз хатароти ҷиддӣ ва ҳалокатбори даргир шудан дар як ҷанги фарсоишӣ бо Эрон (ки орзуи Чину Русия аст) ба хубӣ огоҳ намуда ва қонеъаш доданд, то аз ин маърака по пас кашад.

Ба ҳар ҳол, тавре ки маълум аст, Эрони мазҳабӣ ба ёрии арзишҳои бузурги тамаддунӣ-таърихии худ бори дигар аз азмуни бузурги дигаре муваффақона убур кард. Эрониёни азизе, ки бештар аз дур мехостанд ба кӯмаки Амрико ва Исроил Ҷумҳурии Исломиро аз по дароранд, бояд аз ҳақоиқи ҷории кишвари худ ва таърихи соири кишварҳо — бахусус кишварҳои исломӣ — дарс гиранд ва бидонанд, ки Амрико дар тӯли таърихи худ наҷотбахши ҳеҷ миллате набуда ва наҷотбахши миллати шарифи Эрон ҳам наметавонад бошад. Амрико на барои Либия, Ироқ, Афғонистон ва Сурия хушбахтӣ ва озодӣ овардааст ва на барои Эрон хушбахтӣ ва озодӣ хоҳад овард.