Кай ҳайвонот барои таҳқири якдигар хоҳанд гуфт: "Эй одам!"?
Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари умури Афғонистон ва минтақа (Олмон), махсус барои “Сангар”
Як идда чоплусону мутамаллиқин, ки дирӯз аз Ашраф Ғанӣ ҳидоят мегирифтанд ва имрӯз аз толиб ҳидоят мегиранд, ба ман супориш мекунанд, ки хомӯш бош, интиқод накун, нанавис, бароят хатар дорад.
Ин одамакҳо бояд бидонанд, ки сукут дар муқобили беадолатӣ марг аст, вале ман то ҳанӯз зиндаам.
Чаро сукут кунам? Ҳаргиз дар муқобили беадолатиҳо сукут нахоҳам кард, чун бовар дорам беҳтарин ҷиҳод сухан гуфтан аз адолат назди ҳокими ситамгар аст. На танҳо фарзандонам, балки теъдоди зиёде аз дӯстон бор-бор ба ман гуфта ва мегӯянд, хомӯш бош, дигар дар расонаҳо мунтақидона сӯҳбат накун, ба истилоҳи мардуми ом, шӯлаи худро бихӯр ва пардаи худро бикун, террор мешавӣ, каме ба худ раҳм кун, аммо…
Ноларо ҳарчанд мехоҳам, ки пинҳон сар диҳам,
Сина мегӯяд, ки ман танг омадам фарёд кун.
То чӣ вақт? Рӯзе нест, ки дар кишвари мо касе кушта нашавад, рӯзе нест модаре ба сӯги фарзанди дилбандаш фарёд назанад. То чӣ вақт, чаро ва барои чӣ ҳар рӯз шоҳиди ин ҳама дарду ранҷ ва идомаи ин вазъияти буҳронзо бошем? То чӣ вақт болои миллати мо зулм шавад? То чӣ вақт мардуми мо гуруснагӣ ва бечорагиро таҳаммул кунанд? То чӣ вақт бовар кунем бо тақаддусҳои ҷаълӣ, бемӯҳтаво ва фиребанда? То чӣ вақт хориҷиҳо моро таъйини сарнавишт кунанд?
Агар мо мардуми Афғонистон ба хотири таҳаққуқи адолату ҳамгароӣ мубориза накунем, сарзамини мо табдил ба мурдобе истода хоҳад шуд, ки дар он золуҳои муқаддаснамое ҷилванамоӣ кунанд, золуҳое, ки фақат бо хуни инсонӣ тағзияи рушду нумуъ мекунанд. Ин золуҳои муқаддаснамо ва қудратталаб фақат бо витамини таъзимҳо ва боварҳои бемавриди ману ту бо гузашти ҳар рӯз чоқу фарбеҳ мешаванд.
Ноамниҳо ва мудохилоти бегонагон, фақр, бекорӣ ва нобасомониҳо тавҳину таҳқирро нигоҳ кунед.
Чӣ қадар хиҷолатовар аст! Аз вуҷуди як ҳукумате ба номи толиб, ки наздик ба ду сол мегузарад, на қонун дорад ва на усул ва на ҳам ӯро ба расмият шинохтаанд ва то ҳанӯз теъдоде аз вузарои онҳо шомили листи сиёҳ ҳастанд, на шарме вуҷуд дорад ва на ҳаёе. Дар мизҳои мудаввар бояд бишнаванд, ки мардум чӣ мехоҳанд ва чӣ орзуе доранд.
Кор ба ҷое расида, ки дузд ҳам Худо мегӯяд ва соҳибхона ҳам! Аз тарафи дигар, теъдоде ҳанӯз монанди ҷуғде дар шохе нишаста, думаку сарак мезананд. Худованд оқибати ин ҷуғдҳои думбуридаро ба хайр кунад.
Як теъдод бешармонаву хоинона таассуботи қавмӣ ва забониро доман мезананд, талош доранд, то ақвоми бо ҳам бародари Афғонистонро алайҳи якдигар қарор диҳанд ва ба ҷангондани бидуни тардид имрӯз аксари мардуми Афғонистон монанди чӯб сӯхти қурбонии сиёсатҳои нооқибатандешонаи худхоҳон ва ҷоталабон гардидаанд. Мардуми авом гуноҳе надоранд, танҳо қурбонианд.
Мегӯянд, ки моҳӣ аз сар мегандад, на аз дум. Биёед, ин сарҳои гандидаро агар қобили илоҷ аст, муолиҷа кунем, вагарна ин думҳоро бурида дур биандозем, то кулли ҷомеа аз ганди инҳо дар амон бошанд.
Агар вазъият ҳамин тавр идома ёбад, бовар дошта бошед, ки рӯзе хоҳад расид ва дере нахоҳад гузашт, ки ҳайвонот барои таҳқири якдигар бигӯянд: "Эй одам!"