Фишори хориҷиву норизоиятии дохилӣ то куҷо ба ҳам рабт доранд?
Нависанда: Нависанда: Муҳаммад Қодир Мисбоҳ, коршиноси масоили минтақа
Дидори Доналд Трамп бо Бенёмин Натаняҳу дар Флорида ва изҳороти ҳарду бахше аз як паёми сиёсӣ ва амниятии ошкор буд, ки бар тадовуми ҳимояти комили Амрико аз Исроилу ташдиди фишор бар Эрон таъкид нишона рафтанд. Трамп бо барҷаста кардани нақши Натаняҳу дар бақои Исроил ва бо ишора ба вазъияти номатлуби иқтисодии Эрону таҳдид нисбат ба барномаҳои мушакии он, талош кард тасвири фишори амниятӣ, иқтисодӣ ва равонӣ алайҳи Теҳронро тасбит кунад.
Ин мавзегириҳо дар мақтаъе баён шуд, ки дар дохили Эрон низ нишонаҳое аз норизоятӣ ва эътирозоти иҷтимоӣ дар чандин шаҳр мушоҳида ва аз расонаҳои берунмарзии Эрону форсизабон нашр шуд. Гарчанде решаи аслии ин эътирозот мушкилоти маишатӣ, таваррум ва фишорҳои иқтисодӣ гуфта шудааст.
Дар айни ҳол, дар бархе таҷаммуъот, шиорҳое фаротар аз мутолиботи иқтисодӣ, аз ҷумла бозгашти шоҳ, низ шунида шуд. Ин шиор, беш аз он ки баёнгари як пружаи сиёсии мунсаҷим ё хости аксарияти ҷомеаи эронӣ бошад, нишондиҳандаи радикал шудани забони эътирозу баёни намодини норизоиятии амиқ аз вазъи мавҷуд аст.
Таҳлили умумӣ ва ғолиб ин аст, ки байни ин эътирозоту сафари Натаняҳу ё дидори ӯ бо Трамп, робитаи мустақим, созмонёфта ё иллату маълуле вуҷуд надорад, чунонки шавоҳиди муътабаре дол бар ҳидояти хориҷии эътирозот ё пайванди амалии онҳо бо ин дидори сиёсӣ дар даст нест. Бо ин ҳол, ин ду падидаи комилан беиртибот низ нестанд, зеро дар як фазои муштарак зери номи фишору идроки сиёсӣ қарор мегиранд ва бар наҳваи тафсири якдигар комилан асар мегузоранд.
Аз манзари сиёсати байналмилал, ҳамзамони норизоиятии дохилӣ бо ташдиди фишори хориҷӣ, ба бозигарони берунӣ ин бардоштро мунтақил мекунад, ки Эрон бо чолишҳои ҳамзамон дар дохилу хориҷ мувоҷеҳ аст. Дар ин чорчӯб шиорҳое монанди бозгашти шоҳ на ба унвони бадили воқеии қудрат, балки ба унвони нишонае аз шикофи иҷтимоӣ ва фарсойиши машруъият ақалан дар бахше аз ҷомеа мавриди тавваҷуҳ қарор мегирад. Чунин бардоште метавонад бар лаҳн, замонбандӣ ва шиддати мавозеи хориҷӣ низ асаргузор бошад, бе он ки ба маънои дахолати мустақим дар таҳаввулоти дохилӣ талаққӣ шавад.
Аз суи дигар, фишори хориҷӣ ба танҳоӣ метавонад ба таври ғайримустақим ба радикал шудани шиорҳои дохилӣ кӯмак кунад. Дар шароите, ки таҳдиду таҳрим афзоиш меёбаду уфуқи беҳбуди кутоҳмуддат мубҳам мешавад, бахше аз ҷомеа забони эътирозии ҳаддиаксарӣ ва намодинро бармегузинад. Ин вокуниш бештар бозтоби вазъияти равонӣ ва сиёсии ҷомеа дар як мақтаи буҳронӣ аст то нишонаи шаклгирии як иҷмоъи сиёсии ҷадид.
Дар як ҷамъбандии куллӣ метавон изъон кард, ки эътирозоти дохилии Эрон на маҳсули сиёсатҳои Трамп ва Натаняҳу ҳастанд ва на омили таъйинкунандаи тасмимоти онон, аммо дар канори ташдиди фишори хориҷӣ, фазое аз фишори ҳамзамони дохиливу берунӣ эҷод мекунанд, ки дар он ҳар таҳаввул, маъно ва вазни сиёсии бештаре ба худ мегирад, ки шиори бозгашти шоҳ дар ин чорчӯб, нишонаи радикал шудани бахше аз норизоиятиҳост, на баёни як масири амалӣ ва ғолиб барои ояндаи сиёсии Эрон.