Равобити Эрон бо Ҳизбуллоҳ дигар тавре ки дар замони Ҳасан Насруллоҳ буд, пойдор нахоҳад монд.
Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари масоили Афғонистону минтақа (Олмон), махсус барои "Сангар"
Баъд аз кушта шудани Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари Ҳизбуллоҳи Лубнон, навиштаҳо ва табсираҳои зиёде аз таҳлилгарони кишварҳои мухталифро дидам ва шунидам. Аммо бо аксарияти онҳо ман тавофуқ надорам.
Баъзеҳо мегӯянд, ки фулон шахс ё фулон кас ҷонишини Ҳасан Насруллоҳ мешавад ва вазъият дар минтақа ба тарафи оромиш хоҳад рафт, аммо он чи, ки ман медонам ва бовар дорам мехоҳам хидмати шумо арз намоям.
Кушта шудани Ҳасан Насруллоҳ авоқиби хатарнокеро бо худ дорад.
Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, ба унвони яке аз шахсиятҳои калидӣ дар сиёсати Ховари Миёна шинохта мешуд. Ў ба далели раҳбарии муассири Ҳизбуллоҳ ва нақши он дар таодули қудрат дар минтақа, ба як намод табдил шуда буд. Таъсироти эҳтимолии кушта шудани Ҳасан Насруллоҳ бар авзоъи сиёсӣ ва амниятии Ховари Миёна таъсироти ҳамаҷонибае дорад.
Кушта шудани Ҳасан Насруллоҳ метавонад ба афзоиши танишҳои дохилӣ дар Лубнон мунҷар шавад. Ҳизбуллоҳ ба унвони яке аз қудратҳои аслӣ дар ин кишвар, дар сурати фуқдони раҳбарии қавӣ, монанди Ҳасан Насруллоҳ мумкин аст бо буҳронҳои дохилӣ мувоҷеҳ шавад. Гурӯҳҳои мухталиф мумкин аст барои тасоҳуби қудрат дар Лубнон талош кунанд ва ин метавонад ба даргириҳои дохилии Лубнон мунҷар шавад, ки контроли он хеле душвор хоҳад буд.
Аз сӯи дигар Ҳизбуллоҳ башиддат вобаста ба ҳимоятҳои молӣ ва низомии Ҷумҳурии Исломии Эрон будааст. Кушта шудани Ҳасан Насруллоҳ мумкин аст мӯҷиби тағйир дар равобити Ҳизбуллоҳу Эрон шавад. Ҳизбуллоҳ агар раҳбарии ҷадидеро мансуб кунад, ки лузуман бо манофеъи Эрон ҳамхонӣ дошта бошад, ман камтар бовар дорам, аммо, ба фикри ман, эътимоде, ки миёни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҳизбуллоҳ вуҷуд дошт, баъд аз кушта шудани Ҳасан Насруллоҳ дигар вуҷуд нахоҳад дошт.
Дар кулл ин тағйирот метавонад бар стратегияҳои низомӣ ва сиёсии Ҳизбуллоҳ таъсир бигузорад.
Аз тарафи дигар, дар пайи кушта шудани Ҳасан Насруллоҳ, эҳтимоли афзоиши танишҳо миёни Исроил ва Ҳизбуллоҳ бештар вуҷуд дорад. Исроил мумкин аст аз вазъияти нобасомони Лубнон ва кушта шудани Ҳасан Насруллоҳ баҳрабардорӣ кунад ва ба ҳамалоти низомӣ алайҳи Ҳамос ва ҳатто ҳусиҳо дар Яман афзоиш диҳад, яъне ҳусиҳоро дар Яман ба чолиш мувоҷеҳ созад ва Ҳамосро дар дохили манотиқи Фаластин ҳадаф қарор диҳад, ки ин вазъият метавонад ба як даргирии густурдатар дар минтақа мунҷар шавад.
Ман бовар дорам, ки Исроил ором нахоҳад нишаст, ҳамалоти худро болои ҳусиҳо ва Ҳамос идома хоҳад дод. Ҳамчунон Исроил талош хоҳад кард, ки ҳамалоти худро дар дохили Лубнон ҳам анҷом диҳад.
Ҳатто бо кушта шудани Ҳасан Насруллоҳ мумкин аст мӯҷиби тафриқа миёни гурӯҳҳои муқовимат шавад, яъне шакку тардидҳое ба вуҷуд хоҳад омад, ки киҳо иттилоърасонӣ кардааст, ки мӯҷиби қатли Ҳасан Насруллоҳ шуд. Дар ин иртибот шояд кишваре ва ё гурӯҳе муттаҳам шавад. Ин мавзӯъ боиси адами эътимод миёни ҳусиҳо, Ҳамос ва Ҳизбуллоҳ хоҳад шуд. Фуқдони раҳбарии воҳид метавонад ба коҳиши ҳамоҳангӣ миёни гурӯҳҳо мунҷар гардад ва талошҳои муштарак алайҳи Исроил ва дигар таҳдидотро таҳти таъсир қарор диҳад. Ин тафриқа метавонад ба коҳиши таъсиргузории Ҳизбуллоҳ дар сатҳи минтақаӣ бианҷомад, ки ба он бовар дорам.
Аммо дар натиҷа бояд гуфт:
Кушта шудани Ҳасан Насруллоҳ, бо таваҷҷуҳ ба мавқеияти ҳассоси ӯ дар Ховари Миёна, метавонад авоқиби густурдае дошта бошад. Аз афзоиши танишҳо дар Лубнон гирифта то тағйир дар равобити Эрону Ҳизбуллоҳ ва афзоиши хатароти минтақаӣ, ин рӯйдод метавонад ба бесуботии бештаре дар Ховари Миёна ба вуҷуд оварад ва яқин дорам, ки вазъияти Лубнон ҳам ором нахоҳад монд ва мушкилоти зиёд домангири он хоҳад шуд, вақте Исроил метавонад, ки дар як ҷаласаи хеле муҳиму маҳрам Ҳасан Насруллоҳро нишона бигирад, пас бояд ба ин натиҷа бирасем, ки Исроил тавонмандии инро дорад, ки дар байни худ Ҳизбуллоҳ ва касоне ки алайҳи Исроил ҳастанд, ҷосусҳои хеле муздур дошта бошад.
Ҳамчунон баъд аз ин яқин дорам, ки равобити Эрон дигар бо Ҳизбуллоҳ тавре ки бо мавҷудияти Ҳасан Насруллоҳ буд, дигар бо он паймона пойдор нахоҳад монд.