Федерализм мушкили қудратро аз сатҳи давлат ба даруни мардум мебарад.
Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари умури Афғонистону минтақа (Олмон), махсус барои “Сангар”
Рӯзи гузашта ҷаноби оқои Сарвар Дониш, муовини собиқи раисҷумҳур, эъломи мавҷудияти Маҷмаъ федералхоҳонро тайи конфронси матбуотӣ эълон кард.
Баъд аз эълони мавҷудияти Маҷмаъи федералхоҳон теъдоде аз дӯстон бароям тилфун карданд, ки дар мавриди ҳар мавзӯе менависед ва табсира мекунед аммо дар мавриди ин маҷмаъ чизе нагуфтед?
Дӯстони гиромӣ гарчи ман медонам, ки кишварҳои зиёде, монанди Олмон, Ҳиндустон, Покистон, Канада, Амрико ва як теъдоди кишварҳои дигар низ федералианд, ман бо низоми федералӣ ва ё ҳар низоми дигаре, ки битавонад миёни мардуми Афғонистон хушбахтӣ, иттиҳод ва ҳамдилӣ биоварад, ҳеҷ навъ мухолифате надорам.
Аммо он чиро, ки мехоҳам содиқона бо шумо шарик бисозам, ин аст, ки ман ин суханонро аз забони оқои Сарвар Дониш шунидам, эй кош, аз забони каси дигаре мешунидам.
Ҷаноби оқои Сарвар Дониш як ҳуқуқдон аст дар 20 соли низоми гузашта волии Дойкундӣ буд, вазири адлия буд ва наздик ба 7 сол муовини раисҷумҳур ҳам буд.
Қавонине, ки дар давраи ҷумҳурият сохта шуд, оқои Сарвар Дониш дар он нақши калидӣ дошт ва тамоми қавонинро, ки сохта буд, тамоми он бар зидди низоми федерал ва зидди ҳукумати мушорикатӣ буд ва бор-бор бар зидди федерал сӯҳбат кардааст, аммо ҳоло, ки муовини раисҷумҳур нест, ин ҳарфҳоро мегӯяд, бароям таасуфбор аст.
Фарз мекунем, агар фардо оқои Сарвар Дониш боз муовини раисҷумҳур ё вазири адлия шавад, боз ҳам низоми федералӣ мегӯяд? Бидуни шак, на...
Ман аз сиёсиёни ибнулвақт ба таври табиӣ розӣ нестам. Эй кош ҳарфи низоми федералиро аз забони оқои Дониш намешунидам.
Тасаввур мекунем федерализмро ба унвони роҳиҳалли чолишҳои низомҳои гузашта пазируфтем, аммо оё метавонем дар чигунагии ташкили артиши миллӣ, намодҳои миллӣ, пули миллӣ, сиёсати хориҷӣ, будҷаи миллӣ ва... ба тавофуқ бирасем? Оё мушкил камокон боқӣ намемонад?
Аёлатҳои федерал ба худмухтории дохилӣ қаноат менамоянд? Бо таваҷҷуҳ ба мудохилоти давомдор дар Афғонистон чунин зарфияте вуҷуд дорад, ки мардумони аёлатҳо эҳсоси тааллуқ ба кишвар ва давлати миллӣ намоянд?
Гузашта аз чорчӯбҳои шаклии федерализм, ин навъи низом беш аз дигар сохторҳо ниёзманди фарҳанги мудоро ва ҳамдигарпазирӣ аст.
Федерализм мушкили қудратро аз сатҳи давлат ба даруни мардум мебарад ва низоъи қавмӣ, фарҳангӣ ва забониро бештар доман мезанад. Зарурати мо бештар талош рӯи таҳаввул дар фарҳангу ахлоқи умумӣ аст. То мо аҳли мадоро ва хештандор нашавем, моделҳо ҳалли мушкилоти мо намебошанд.