То Амрико ҳукми оташбасро содир накунад, Исроил ҳаргиз оташбас нахоҳад кард.

Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари умури Афғонистон ва минтақа (Олмон), махсус барои “Сангар”

Чанд рӯз пеш яке аз қумандонони муҳимми Сипоҳи посдорони Эрон тавассути Исроил дар яке аз пойгоҳҳои Сурия кушта шуд.

Ин қумандон ҳамон шахсест, ки бо Қосим Сулаймонӣ равобити танготанге дошт ва аз ёрони сарсахти Сулаймонӣ буд.

Бо куштани ин намояндаи Сипоҳ раисҷумҳурb Эрон оқои Раисӣ аксуламали шадиде дошт ва вазири хориҷаи Эрон низ ваъдаи гирифтани интиқом аз Исроилро дод.

Аммо оё бо ин ваъдаи интиқом як ҷанги тамомайёр дар минтақа ҳамвор хоҳад шуд ё хайр?

Гарчи ба бовари ман иҷолатан ҷанги тамомайёр барқарор нахоҳад шуд, аммо Ҳизбуллоҳи Лубнон ва ёрони Эрон дар минтақа фаъолтар ва баъзе манобеъи Амрикову Исроилро нишона хоҳанд гирифт.

Феълан Исроил бо пуштибонии комили Амрико (нигарон аз густариши ҷанг ба минтақа) ва Аврупо, сиёсати замини сӯхтаро алайҳи Навори Ғазза бар асоси эъломи бесобиқаи вазъияти ҷангии аз 50 соли пеш дар пеш гирифта ва ҳаҷми бомбаборони ин минтақа дар чанд даҳаи ахир бесобиқа аст ва ба шакли ҷунуномезе зерсохтҳои Ғазза бомбаборону тахриб мешаванд, аммо ҳамалоти фаластиниҳо мутаваққиф нашудааст. Дар канори он ҳам, давлати Натаняҳу аз қатъи об, барқ ва ғизову дору ба рӯи мардуми ин минтақа хабар додааст ва барои шурӯъи ҳамалот Ҳамосро ба мушкилоти гуногуне гирифтор кардааст.

Ин ҳаҷми бесобиқаи бомбаборони ҳистерики Ғазза чанд ҳадафро думбол мекунад:

1 - Боло бурдани ҳазинаи ҳамалоти Ҳамос ва хориҷ кардани ин минтақа аз доираи мунозиа барои чанд даҳаи оянда, ки фикр намекунам, имконпазир бошад;

2 - Ирсоли ин паём ба ҷабҳаҳои дигар, ки дар сурати ҳамла ба Исроил бо чунин баҳое мувоҷеҳ хоҳанд шуд, монанди Ҳизбуллоҳи Лубнон ва тарафдорони дигари Эрон.

3 - Афзоиши сарсомовари қурбониёни фаластинӣ. Аз ин рӯ, ки ҳамеша дар ҷангҳову даргириҳо омори куштаҳои Исроил хеле камтар аз тараф ё тарафҳои муқобил будааст. Аммо акнун ин қазия баръакс шудааст ва эҳтимолан Натеняҳу то ин муодиларо ба қабл бознагардонад ва омори қурбониёни фаластиниро аз 20 ҳазор чанд баробар ва ё дасти кам бештар накунад, ризоият намедиҳад.

4 - Маҷбур кардани Ҳамос ба озодии асирон бидуни гирифтани ҷуброн, ки барои Натеняҳу дардисари бузургест.

Ногуфта ҳам намонад, ки Исроил дар ҷангҳои пешин алайҳи Ғазза низ аҳдофи мушобеҳро думбол мекард, аммо ин аҳдоф муҳаққақ нашуд.

Дар муқобил ҳам ҳамалоти тарафи фаластинӣ чӣ мушакӣ ва чӣ заминӣ бо вуҷуди ин ҳаҷм ҳамалоти бесобиқаи Исроил ҳамчунон идома дорад, вале натиҷаи камтаре дорад.

Лаби калом ин, ки раванди таҳаввулот то ин ҷо нишонгари вуҷуди тасмиме барои шурӯи ҷанги минтақаӣ аст магар ин, ки таҳаввулоти майдонӣ, онро таҳмил кунад, аммо агар ҷанг аз Ғазза фаротар наравад, ки хоҳад рафт, дар ҳамин сатҳ низ паёмадҳои муҳимме дар сутӯҳи мухталифе дар сатҳи минтақа дар ҷиҳати ташдиди контролшудаи танишҳо дар оянда хоҳад буд.

Аксар кишварҳо талош доранд, то Исроил оташбас кунад, аммо ба бовари ман, беҳтар аст, ки файсала кунанд, то Амрико оташбас кунад, чун танҳо оташбаси Амрико метавонад пойи Исроилро ба мизи музокира бикшонад ва оташбас сурат гирад, то Амрико ҳукми оташбасро содир накунад, Исроил ҳаргиз оташбас нахоҳад кард.