Бардоштҳо аз нишастҳои Доҳаву Вена, ки барои Афғонистон ихтисос доштанд.
Нависанда: Рустам Рушангар, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”
Дунё тасмим гирифта, ки Толибон ҳар баду раде бошанд, бояд роҳи таомул бо ононро пайдо кард, то корҳое, ки ҷаҳониён мехоҳанд аз тариқи Афғонистон анҷом шавад, ба монеъ ва мушкил барнахӯрад. Ҷаҳониён ҳама масоили дигарро масоили дохилаи Афғонистон медонанд ва инро замоне эълом карданд, ки қудратро ба як гурӯҳи террористӣ сипурданд. Толибон низ, ки медонанд барои ҷаҳон зиёд масоили дохилии Афғонистон муҳим нест, пайваста онро нушхор доранд, ки дар масоили дохилии мо мудохила накунед ва мо ҳал мекунем.
Аммо Толибон масоили дохилиро чӣ гуна ҳал мекунанд? Бояд гуфт, ки ин гурӯҳи ҷоҳил ва мутакаббир дар қадами аввал мункири вуҷуди масоил аст. Чанд рӯз пеш онон дар вокуниш ба изҳороти як мақоми эронӣ гуфтанд, ки масоили Афғонистон ҳал аст ва ниёзе нест, ки дар ин хусус баҳсе шавад. Ин гурӯҳ аз вазъияти мавҷуд, ки мардум ба ҳар ҳоле даст ба кадом шӯриш ва қиёми бузург алайҳи ин гурӯҳ назада, ин натиҷаро гирифта, ки авзоъ дар контрол аст ва мушкили хосе вуҷуд надорад.
Дар қадами дувум, роҳи ҳалли мавриди назари Толибон барои ҳалли масоили коргирӣ аз зӯр ва хушунат дар саркӯби эътироз, интиқод ва норизоиятӣ аст. Ҳарфи ин гурӯҳ ин аст, ки ҳар кӣ мушкил биёфаринад ва масъала халқ кунад, саркӯбаш мекунем ва то ҳол чунин низ кардааст.
Хуб, ҳоло бино бар ин, тӯб дар майдон мардум аст. Мардум чӣ фикр мекунанд? Оё масъалае барои ҳал кардан вуҷуд дорад? Агар бале, мардум чӣ роҳкоре ироа медиҳанд? Ҳарфи толиб, ки возеҳ аст. Зӯргӯӣ ва задан.
Ба эътиқоди ман, мардуми Афғонистон дар робита ба масоили калони лоянҳал то кунун кадом тарҳе ироа накардаанд. Ҳатто эълом накардаанд, ки масъала вуҷуд дорад. Мардум дар як навъ сукут ба сар мебаранд. Нерӯҳои мухолифи мусаллаҳи Толибон, ки бо пешфарз гирифтани вуҷуди масоили лоянҳал аслиҳа бардошта, на аз ҳимояти қотеи мардум бархӯрдоранд ва на аз хориҷиҳо. Мардум аксаран дар бораи нерӯҳои мусаллаҳи мухолифи Толибон дучор тардиду васвосанд ва ин нерӯҳоро ғолибан озмудашуда унвон мекунанд. Ин рӯйкарди мардум ғайримустақим, таъйиди ҳокимияти Толибон аст.
Занони мӯътариз ба манъи дарсу таҳсил низ аз сӯи мардум танҳо гузошта шудаанд. Мардум то кунун зерзабонӣ дар бораи вахомати авзои зиндагиашон ҳарф мезананд, аммо шуҷоати иқдомро намоиш надодаанд. Мардум ба сабр, таҳаммул, фирор ва мунҷии берунӣ фикр мекунанд, аммо ангор фикр кардан ба иқдом барои сарнагунии режимро дар охири феҳрист ҷо додаанд.
Ҷаҳониён ин вазъро, ки нигоҳ мекунанд, фикр мекунанд, ки мардум ҳатман чандон аз вазъ нороз нестанд. То нигаред тифли кӣ нӯшад лабан? Ҷаҳон ангор аз ҳамин мантиқ дар бораи мардуми Афғонистон пайравӣ мекунад. Мунтазиранд, ки фиғони мардум боло шавад, то дастовезе барои иқдом алайҳи толиб фароҳам шавад. Мардум мунтазири ҷаҳон, ҷаҳон мунтазири мардум! Дар миёни ин интизор толиб аст ва иддаои пирӯзӣ, акту адои қаҳрамонӣ ва чакару сафари байналмилалӣ ва иштирок дар нишастҳое, ки созмонҳои даллоле мисли СММ барояшон баргузор мекунанд.
Шояд дар ин миён, талхтарин ва дар айни ҳол хандадортарин бахши достони мо ин аст, ки ҷамоате аз муддаиёни раҳбарӣ ва мухолифат бо толиб, ки аз назари синнӣ пир ва аз назари пулӣ пур ҳастанд ва дар кишварҳои минтақа ба воситаи пулҳои захирашуда дар бонкҳо, заминаи зиндагии амну мураффаҳ ва бедағдаға барояшон фароҳам шуда, дар вокуниш ба баргузории ҳар нишасте барои Толибон эъломияе содир мекунанд ва аз лабрез нашудани косаи сабри стратегиашон дар марҳалаи интизор барои гуфтугӯ бо Толибон сухан мегӯянд ва ба истилоҳ ба гурӯҳи ҳоким паём медиҳанд, ки мо ҳанӯз сабурем ва мардумро низ мунтазир мемонем, шумо ба коратон идома диҳед.
Хуб, ҳоло мову шумо сар дар гиребон кунем, ки ҷаҳонро чӣ ғам, ки мо чӣ ғам дорем? Ҷаҳоне, ки ба хотири шароити ҷангии ҳоким бар он, ҳама дар ғами худанд. Кишварҳои қудратманд ё даргири ҷанганд, ё барои ҷанг омодагӣ мегиранд, кишварҳои мутавассит ба фикри ҳифзи суботи худашон ва касби масуният аз табаоти манфии ҷанг ҳастанд ва кишварҳои заиф ҷонканӣ доранд, ки чӣ гуна аз майдони ҷанг шудан худро наҷот диҳанд.
Дар чунин ҷаҳоне, барои мардуме аз кишвари Афғонистон болотарин эҳсоне, ки кишварҳои дигар дар назар мегиранд, ин аст, ки паноҳандагон ва муҳоҷирини Афғонистониро каме камтар латукӯб ва ихроҷ кунанд. Албатта, Эрон, Покистон ва Туркия, гоҳе дар ихроҷи муҳоҷирини мо мусобиқа медиҳанд, аммо гоҳе раҳмашон меояд ва лутф намуда, чанд сабоҳе аз задучаки муҳоҷирин даст бармедоранд.