Ба қудрат овардани Толибон тавассути Амрико як тарҳи сиёсии байни Амрико ва Саудӣ ба хотири аз байн бурдани Эрон аст.
Нависанда: доктор Фарид Юнус, устоди бознишастаи башаршиносии исломӣ ва фалсафаи исломии Донишгоҳи Аёлати Калифорния, Иёлоти Муттаҳида Амрико, узви Шӯрои машвараи "Сангар"
Мунозиъоти Эрону Афғонистон рӯи масълаи оби Ҳирманд як мавзӯъи намоишӣ аст ва аммо асли сухан аз нигоҳи диплуматияи Ховари Миёна ва минтақавӣ чизи дигарест.
Қабл аз ҳамлаи Толибон дар сарҳад/марзи Эрон, мақомоти низомии амрикоӣ сафаре ба Қандаҳор доштанд ва бо таҳрики Толибон гуфтушунудҳое карданд. Баъд аз ин музокирот ҳамла ба сарҳад/марзи Эрон сурат гирифт. Дар ин ҷо Амрико ҳамон бозиеро кард, ки дар байни Кувайт ва Ироқ кард. Агар ба хотир дошта бошед, сафири Амрико Садом Ҳусайнро таҳрик кард, ки ба Кувайт ҳамла кунад.
Диду биниши ин муҳаққиқи таъриху фарҳанги Ховари Миёна ин аст, ки ба қудрат расидани таҳрики Толибон тавассути Амрико як тарҳи сиёсии байни Амрико ва Саудӣ ба хотири аз байн бурдани Эрон аст. Амрико ба ашколи гуногун хостааст то пои Эронро ба як ҷанги минтақавӣ бикашонад ва бад-ин тартиб қуввҳои зидди Эронро тақвият кунад (монанди достони Украина) ва барномаи аслиро, ки Исроил асосан дар зеҳн дорад, ҷомаи амал бипӯшонад.
То ҳол Амрико муваффақ нашудааст то пойи Эронро ба як ҷанг, ки мунҷар ба нобудии Эрон шавад, бикашонад, зеро эрониён хуб медонанд, ки дар ин достони обу ҳаққобаи об сарнах ҷойи дигар аст. Ба қудрат расондани Толибон қисме, ки гуфтем, як равиши сиёсати хориҷии шуми Амрико дар минтақа аст, то бо доштани Толибон ҳамаи Эронро ба чолишҳои сиёсӣ бикашонад ва билохира писари Ризошоҳ Паҳлавиро монанди падараш ба қудрат бирасонад ва ҳам Покистонро, ки бомби атомӣ дорад, оҳиста-оҳиста сарашро ба замми худашон зери болиш кунад, ки ин ҳам як хобу хаёл аст.
Ин ҳама равишҳои санҷидашудаи Исроил дар минтақа аст, зеро мағзи сиёсати хориҷии Амрико Исроил аст, на мардуми Амрико ва ё Қасри сафед. Исроил аз се кишвар бисёр шадид хор мехӯрад: Покистон ба хотири бомби атомӣ, Эрон ба хотири тасаллути стратегии минтақа ва Туркия ба хотири демократияи исломие, ки имрӯз шадид матраҳ аст. Дору дастаи Ғарб дар Туркия бисёр кӯшиш карданд то Эрдуғонро шикаст диҳанд, аммо мардуми Туркия бо ҳама мушкилоте, ки Туркия ба хотири заминларза ва иқтисоди хароб таҷриба кардааст, Эрдуғонро аз даст надоданд.
Оби Ҳирманд ва ҳаққобаву ғайра як баҳона аст барои кашидани пои Эрон дар як ҷанг, ки ҳама ба нафъи ширкатҳои силоҳсозии Амрико ва баргаштондани Эрон ба низоми демократияи амрикоӣ ва ба қудрат расондани писари шоҳи Эрон аст.
Оё Толибон, ки дар нуқтаи мухолифи Амрико қарор дорад, тавони ҷангро бо Эрон дорад? Худ фикр кунед! Кӣ ин ҷангро тамвил мекунад? Саудӣ ба хотири аз байн бурдани низоми шиаи Эрон ва Амрико ба хотири тасаллути минтақа. Ононе, ки ба демократияву интихобот ва ғайра эътиқод доранд, бояд эътироф кунанд, ки ҳатто бохти ҳарифи Эрдуғон дар интихобот як шикасти Амрикову Исроил дар Ховари Миёна буд.
Афғонистон дар замон марҳум Мӯсо Шафиқ дар мавриди оби Ҳирманд ба як файсала расида буд ва аммо ҳоло ин баҳс як баҳона аст. Ин баҳона як пасманзари хароби дигар метавонад дошта бошад, он ҳам дар сурати итоати Толибон аз равишҳои сиёсии амрикоӣ, Амрико ва муттаҳидонаш метавонанд ҳукумати Толибонро ба расмият бишносанд.