Нависанда: Ҷамол Содиқӣ, расонаи "Котиб"
Сиёсати "ҳазфу ақиб рондан"-и ҷомеаи ҳазораҳо дар Афғонистони таҳти ҳокимияти Толибон маҳдуд ба рафторҳои табъизомез дар донишгоҳҳо ё мусодираи заминҳои кишоварзӣ дар вилоятҳо нест. Ин парванда абъоди амиқтар, печидатар ва хашинтаре дорад, ки аз марказияти иқтисодиву иҷтимоии пойтахт то ҳарими хусусии хонаводаҳо ва каромати духтарони ҳазораро нишона гирифтааст.
Дар канори ин саркӯби ҳамаҷониба, ҳузури мақомҳои пӯшолии ҳазора дар ҳукумати истибдодии Толибон, ки амалкарди абдурраҳмонии ин гурӯҳро тавҷеҳ мекунанд, воқеан ноумедкунанда аст. Ҳарчанд шуморе аз афроди шиамазҳаб бо номи сайид низ ба унвони муҳраҳои аслии Толибон дар даруни ҷомеаи ҳазора ҳузур доранд, ки қатъан ҳисобу китоби онон ҷудо аз баданаи ҷомеаи ҳазора нест, аммо ҳамвора зарбаҳои муҳлике ба баданаи ҷомеа задаанд, ки намунаҳояш дар таърих фаровон аст.
Дашти Барчӣ ба унвони қалби ҷамъиятиву фарҳангии ҳазораҳо дар Кобул ва шаҳракҳое чун "Шаҳраки Ҳоҷӣ Набӣ" ба унвони намодҳои сармоягузорӣ ва маскансозии ин ҷомеа зери фишори дучандони амниятӣ, иқтисодӣ ва идорӣ қарор гирифтаанд. Толибон бо эҷоди фазои пурфишори амниятӣ, парвандасозӣ бар сари амлок ва эъмоли маҳдудиятҳои ғайрирасмӣ дар садади бесуботсозии пойгоҳҳои аслии таҷаммуъ ва рушди иқтисодии ҳазораҳо дар пойтахт ҳастанд. Ин кор на танҳо дар Кобул, балки дар Мазор, Ҳирот, Ғазнӣ, Бомиён, Дойкундӣ ва дигар ҷойҳо низ ҷараён дорад.
Ҳамчунин тахриби намодҳое мисли Чавки Бобо Мазорӣ ва ҷодаи Файзмуҳаммад Котиби Ҳазора ва мусодираи амвол, манозилу дороиҳои раҳбарони сиёсиву суннатии ҳазораҳо, монанди Карим Халилӣ, Муҳаммад Муҳаққиқ ва дигарон, танҳо як иқдоми талофиҷӯёнаи шахсӣ нест. Ин иқдом дар ростои "намодзудоӣ" ва маҳви таърихчаи мушорикати сиёсии ҳазораҳо дар ду даҳаи гузашта сурат мегирад, то ҳеҷ марҷаъият ё ҳофизаи таърихии ҷамъӣ дар дохили кишвар боқӣ намонад.
Дар канори он, дар тарҳҳои мавсум ба "мубориза бо бадҳиҷобӣ", бештарин шиддати амал, таҳқир ва боздоштҳои худсарона дар манотиқе монанди Дашти Барчии Кобул эъмол шуд. Боздошти духтарони ҳазора на танҳо абзоре барои иръоби умумӣ ва шикастани ғурури ҷомеаи ҳазора буд, балки мустақимтарин зарбаро ба ҳузури иҷтимоӣ ва таҳсили занони ин қавм ворид кард.
Ҳамчунин таркиби мусодираи заминҳо дар Ғазнӣ ва Дойкундӣ, лағви расмии фиқҳи ҷаъфарӣ, маҳрумсозии донишҷӯён аз хобгоҳҳо ва боздоштҳои ҳадафманд нишон медиҳад, ки Толибон роҳбурди "инзивои комил"-и ҳазораҳоро пеш мебаранд.
Дар миёни ин нақшаи саркӯб афроде назири Латиф Назарӣ — муовини Вазорати иқтисоди Толибон, Мадоралии Каримӣ ва шуморе дигар аз чеҳраҳои мунтасаб ба ҳазораҳо истодаанд.
Толибон аз ин афрод на ба унвони шарикони қудрат ё тасмимгирандагон, балки ба унвони "пӯшиши таблиғотӣ" барои посух ба фишорҳои байналмилалӣ мабнӣ бар ташкили "ҳукумати ҳамашумул" истифода мекунанд. Ин чеҳраҳои пӯшолӣ дар сохтори тасмимгирии Толибон фоқиди ҳар гуна салоҳияти воқеӣ дар масоили калони амниятӣ, қазоӣ, мазҳабӣ ва сиёсӣ ҳастанд. Қудрати онон ҳатто тавони ҷилавгирӣ аз боздошти як духтари ҳазора дар Дашти Барчӣ ё таваққуфи мусодираи як ҷариб замин дар Қарабоғро надорад.
Талхтарин бахши корномаи ин афрод "татҳири истибдод" аст. Дар ҳоле ки мардумашон аз ҳуқуқи ибтидоӣ — замин, омӯзиш, амният ва мазҳаб — маҳрум мешаванд, онон дар расонаҳо ба дифоъ аз ҳокимияти Толибон мепардозанд, аз "амнияти »аросарӣ" сухан мегӯянд ва зулми систематикиро нодида мегиранд. Ин сукуту тавҷеҳ мусаббибони саркӯбро дар татбиқи сиёсатҳояшон ҷасуртар карда, ин афродро ба шарикони иҷрои ин раванд табдил медиҳад.
Истибдоди Толибон — монанди ҳар ҳукумати инҳисоргарои дигаре дар таърих — ҷовидона нахоҳад буд. Суоли асосӣ ин аст, ки тавҷеҳгарон ва коргузорони намодини ин ҳукумат пас аз фурӯпошии он чӣ посухе барои ҷомеаи худ хоҳанд дошт?
- Тарди дутарафа: Таърих нишон додааст, чеҳраҳои вобастае, ки ба мардуми худ пушт мекунанд, дар ниҳоят аз ҳар ду сӯ ронда мешаванд. Толибон ҳаргиз ононро аз худ надонистаанд ва танҳо нигоҳи абзорӣ ба онон доранд; ҷомеаи ҳазора низ ононро ба унвони муомилагарон бар сари каромат ва дороиҳои қавмӣ хоҳад шинохт.
- Муҳри хиёнат дар ҳофизаи ҷамъӣ: Фардо, дар рӯзи ҳисобрасӣ, иддаоҳое назири «Мо барои таъдили рафтори Толибон рафта будем" ё "Мехостем аз бадтар шудани авзоъ ҷилавгирӣ кунем" пазируфта нахоҳад шуд; зеро бароянди панҷ соли ҳузури онон на таъдили рафтори Толибон, балки машруиятбахшӣ ба саркӯби бештар будааст.
- Посух ба насли қурбонӣ: Онон замоне ки бо духтарони шиканҷашуда, донишҷӯёни маҳрум аз таҳсил ва деҳқонони заминбохта рӯ ба рӯ шаванд, ҳеҷ ҳуҷҷати ахлоқӣ ё мантиқӣ барои дифоъ аз амалкарди худ нахоҳанд дошт.
Сиёсати ҳазфи ҳазораҳо аз сӯи Толибон лоиҳаи ҷомеъест, ки бо абзорҳои амниятӣ, идорӣ, мазҳабӣ ва иқтисодӣ пеш бурда мешавад. Дар ин миён, чеҳраҳои бумии ҳамкор бо Толибон на пули иртиботӣ, балки ба унвони "сипари бало" ва "тавҷеҳгари саркӯб" амал кардаанд. Номи ин афрод дар ҳофизаи ҷамъӣ на ба унвони сиёсатмадорони воқеъгаро, балки ба унвони касоне сабт хоҳад шуд, ки дар ториктарин даврони таърихи ин мардум дар канори саркӯбгарон истоданд.