Борандагӣ дар Эрону Афғонистон падидаи табиӣ ё тавтиаи фанноварӣ аст?

Нависанда: Козим Ҳумоюн, таҳлилгар (Афғонистон)

Дар рӯзҳои ахир, ҳамзамон бо ҳамалоти мушакии нерӯҳои эронӣ ба пойгоҳҳои низомии Амрико дар Халиҷи Форс ва дар пайи он афзоиши борандагӣ дар бархе манотиқи Эрону Афғонистон, иддае ин дуро ба ҳам марбут медонанд. Бархе ҳатто иддао мекунанд бо нобудии радарҳои амрикоӣ, “таҳрими обуҳавоӣ” поён ёфта ва борон бозгаштааст. Ин иддао дар шабакаҳои иҷтимоӣ сареъ пахш шуда, аммо аз назари илмӣ беасос аст.

Ман ҳам ҳудуди понздаҳ сол пеш дар бораи пружаи “Ҳарп” чунин тасаввуре доштам; инки Амрико метавонад бо антеннаҳои қудратмандаш обуҳаворо контрол кунад ё ҳатто заминларза бисозад. Аммо бо мутолиаи манобеи илмӣ, гузоришҳои расмӣ ва каме мутолиа дар хусуси физики ҷав, бароям рӯшан шуд ки инҳо намунае аз назарияҳои тавтиаанд.

Бибинед; борандагӣ падидае печида аст, ки ба омилҳои бузурге мисли улгуҳои ҷавӣ, дамои сатҳи дарё (Эл-Нинйо ва Ла Нинйа), тағйироти иқлимӣ, бодҳои мавсимӣ ва рутубати минтақа вобаста аст. Эрон ва Афғонистон солҳо бо падидаи хушксолии шадид рӯбарӯ буда ва ҳатто дар пойизи 2025 боришҳо дар бархе манотиқ то 89 дарсад камтар аз ҳадди маъмул гузориш шудааст. Афзоиши борандагии ахир (бавежа дар авохири апрели 2026) метавонад бахше аз навосоноти табиии ҷав ё таъсири маҳдуди “борварсозии абрҳо” бошад; амалиёте, ки худи Эрон низ анҷом медиҳад.

Радарҳои низомии Амрико (монанди сомонаҳои Патриот ё ҳам “Гунбади оҳанин”) фақат барои шиносоии мушак ва ҳавопаймо тарроҳӣ шудаанд ва тавоноии тағйири обуҳаворо надоранд. Пружаи “Ҳарп” низ як маркази пажӯҳишӣ дар Аляска барои мутолиаи лояи болои ҷав аст ва таъсири он маҳдуд ва берабт бо ташкили абр ва борон дар лояҳои поини ҷав аст. Ҳатто энержии як тӯфони маъмулӣ бисёр бештар аз кулли тавони чунин сомонаҳое аст.

Агар фанноварии контролии обуҳаво вуҷуд дошт, пас чаро вақат Эрон ҳадаф қарор мегирифт ва чӣ гуна нобудии чанд радар метавонад бориши як ҷуғрофиёи бузургро тағйир диҳад? Ва ҳоказо чаро ҳеч мадраки илмии муътабари ироа нашудааст?

Ҷави замин як системаи якпорчаи ҷаҳонӣ аст ва тағйироти кӯчаки маҳаллӣ наметавонад борандагии густарда эҷод кунад. Ончи воқеан бар иқлими минтақаи мо асар гузошта, гармшавии ҷаҳонӣ ва тағйироти иқлимӣ аст, ки мӯҷиби коҳиши бориши муассир ва афзоиши табхир шудааст.

Иддаои “силоҳи обуҳавоӣ” бештар шабеҳи достонҳои ҳолливудӣ аст то воқеияти илмӣ. Илм бар пояи додаҳои моҳвораӣ ва моделҳои дақиқ амал мекунад ва ҳеч иртиботеро байни ин рӯйдодҳо нишон намедиҳад.

Дар ниҳоят, бояд бар роҳҳалҳои воқеӣ тамаркуз кунем: мудирияти манобеи об, идомаи борварсозии абрҳо бо арзёбии илмӣ, коҳиши олудагӣ ва ҳамкории минтақавӣ. Шоеъот фақат моро аз масоили аслӣ дур мекунанд.

Натиҷагирии ахир ҳамин ки борандагии ахир як падидаи табиӣ аст, на натиҷаи ҷангу радар. Инро илм ба равшанӣ нишон медиҳад.