Монеи умдаи сулҳу тафоҳум паштунҳо ва тафаккури тамомиятхоҳонаи онҳо аст.

Нависанда: Рустам Рушангар, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Дирӯз баҳсе бо яке аз дӯстони тоҷикистонӣ доштам дар мавриди буҳрони сиёсии Афғонистон ва роҳиҳалҳо. Дӯсти тоҷикистонии мо ба ин бовар аст, ки кишварҳои ҳамсоя ва қудратҳои минтақаӣ ба ҳеҷ унвон намехоҳанд, ки Амрикову Инглис дар Афғонистон дахолату нуфуз дошта бошанд. Ба гуфтаи ӯ, кишварҳои минтақа дар садади он ҳастанд, ки байни ҷараёнҳои мухталифи сиёсиву низомӣ дар Афғонистон сулҳу оштӣ барқарор намуда ва тазмин ҳосил кунанд аз ин ки Афғонистон бо минтақа аст ва на бо кишварҳои фароминтақа, ба вижа Амрикову Англис.

Албатта, то ҷое, ки баҳси кишварҳои минтақа аст, қобили дарк аст, ки онон барои сифрсозии ҳузуру мудохилаи Амрикову Англис дар Афғонистон, поча бар зада ва дар ҳамин росто талош мекунанд. Чун мо дар минтақае воқеъ шудаем, ки ба истиснои Покистон, ҳама кишварҳои атрофи мо ба наҳве дар ҷабҳаи мухолифи Амрико ҳастанд.

Онон дарвоқеъ парвои Афғонистонро надоранд, балки аз тарси ҳузури Амрико мехоҳанд коре анҷом диҳанд, ки Амрико дар Афғонистон ҳузур пайдо накунад. Ба баёни дигар онон парвои инро надоранд, ки дар ғиёби Амрико халое, ки ба вуҷуд омадаву меояд ва табаоти манфии ин хало бар зиндагии фалокатбори мардуми Афғонистон чӣ гуна бартараф хоҳад шуд.

Мо дидем, ки бо хурӯҷи Амрико чӣ мусибате бар сари мардуми мо омад. Як гурӯҳи террористӣ бар мо ҳоким шуд, ки қомати мардумро аз гуруснагӣ хам карда ва аз тани наҳифи мардум хун мемакад. Миллионҳо нафар овораву бехонумон шуданд. Ҳоло кишварҳои минтақа ба содагӣ мегӯянд, ки ин вазъиятро Амрико эҷод кард, ки хурӯҷи ғайримасъулона кард ва кишварро ба Толибон вогузар кард.

Аммо бояд гуфт, ки кишварҳои минтақа низ мухолифату мамониате накарданд. Агар Амрико ба Толибон як имтиёз дод, кишварҳои ҳамсояву минтақа чанд имтиёз доданд, яъне дар мусаллат шудани Толибон кишварҳои минтақа ҳам масъулу муқассиранд. Чун ҳама ҳаму ғамашон ин буд, ки Амрико биравад ва толиб биёяд.

Аммо тарҳи сифрсозии ҳузуру мудохилаи Амрико дар Афғонистон бо чанд монеъ ва чолиш мувоҷеҳ аст. Аввал, худи Амрикову Англис аст. Онон ба ин содагӣ майдонро раҳо намекунанд. Дувум, мушкилоти дохилии Афғонистон аст.

Пешшарти сифрсозии мудохилаи ғарбиҳо ин аст, ки ҷиноҳҳои мухталифи сиёсиву қавмӣ бо ҳам ба сулҳу тафоҳум бирасанд. Монеи умдаи сулҳу тафоҳум паштунҳо ва тафаккури тамомиятхоҳонаи онҳо аст. Паштунҳо мехоҳанд, ки ҳокими мутлақ бошанд ва дигарон тан ба итоату бардагии онон бидиҳанд. Ин хост қобил қабул нест. Муқовимат дар ашколи гуногун идома меёбад. Паштунҳо аз кишварҳои минтақа ҳарфшунав нестанд ва ҳатто агар гоҳе тааҳҳуде бидиҳанд онро зери по мекунанд.

Севум, мушкили кишварҳои минтақа аст. Кишварҳои минтақаи мо бо ҳам созишу иттиҳод ва ҳамсӯӣ надоранд ва арзишҳои муштарак низ надоранд. Ҳар кишвари минтақа роҳи худро меравад ва касе ҳозир нест кӯтоҳ биёяд. Эрон ҳамсӯ бо Русия аст ва Покистон ҳамсӯ бо Амрикову Инглис. Ҳинду Чин сози худро мезананд. Кишварҳои Осиёи Миёна қудрати таъсиргузории чандоне надоранд, ки мустақилона тарҳеро иҷро кунанд. Туркияву Арабистон низ рафторашон мушаххас нест.

Ба ақидаи ман, роҳи ҳал эҷоди тавозуни қуво аст. Байни паштуну ғайрипаштун бояд тавозуни қуво эҷод шавад. Паштунҳоро як нерӯи мусаллаҳи дохилии қудратманд метавонад водор ба тамкин дар баробари хостҳои сулҳталабонаву адолатталабонаи миллӣ намояд. Ононро тавсияву насиҳати ахлоқӣ ё фишорҳои мутазалзили кишварҳои минтақа наметавонад ба роҳи сулҳ бикашонад. Онон, ки сулҳ накунанд, сулҳи таҳмилие, ки бар дигарон таҳмил шавад ва аз дигарон бихоҳад, ки аз арзишҳо бигузаранд ва хатари эътимод кардан ба паштунҳоро барои чандумин бор дар сад соли ахир ба ҷон бихаранд, як сулҳи золимона ва нопойдор аст.

Кишварҳои минтақа ба заъми худашон мепиндоранд, ки чунин сулҳе бояд таҳмил шавад. Аммо таҳмил таҳмил аст. Ҳатто агар гурӯҳҳои мухолифи мусаллаҳи мавҷуд дар саҳна ба чунин сулҳе таҳти фишор тан диҳанд, неруҳои дигаре дар миёни ақвоми ғайрипаштун шакл хоҳанд гирифт, ки пазириши чунин сулҳеро зиллати таърихӣ талаққӣ карда ва алайҳи он бишӯранд, ки боз ҷанг давом хоҳад кард.

Барои эҷоди тавозуни қуво бояд кишварҳои минтақа нерӯҳои мухолифи мусаллаҳи Толибонро таслиҳ, таҷҳиз ва ҳимоят кунанд, то онон битавонанд бахше аз қаламравро аз чанги толиб берун кунанд. Он гоҳ толибон/паштунҳо омодаи сулҳ мешаванд. Он гоҳ бояд кишварҳои минтақа подармиёнӣ карда ва ба эҷоди як сулҳи одилона кӯмак кунанд. Ин як роҳи ҳали бунёдӣ аст, ки минтақаро аз ноҳияи Афғонистон хотирҷамъ месозад.