Нависанда: Юнус Нигоҳ, таҳлилгар (Афғонистон)

Иҷоза диҳед ман ҳам бардоштамро аз тоҷик бигӯям.

Ду гуна тоҷик дорем.

Аввал, тоҷики таърихӣ, ки муодили форсивони ғайритурк аст. Аз он ҷое, ки теъдоди қобили таваҷҷуҳе аз туркҳо тайи наздик ба ҳазор сол форсизабон мешудаанд, барои тафкики форсизабонони қадим ва форсизабонони ҷадид, қадимиҳоро тоҷик мегуфтаанд.

Эҳтимолан якҷонишинӣ ва адами ривоҷи кӯчигарӣ низ тоҷиконро аз дигарон тафкик мекардааст. Лузуман ин маънӣ ва нақши ягонаи унвони тоҷик набудааст, вале дар як давраи тӯлонӣ аз ҳокимияти туркҳо ва муғулҳо ва паштунҳо дар минтақаи мо то авоили ҷиҳод, ин корбурдро доштааст.

Ин гуна тоҷик беш аз он ки номи иттиҳодияи қабоил бошад, ба гурӯҳе аз инсонҳои форсизабон ва якҷонишин, ки туркҳои форсигӯ набудаанд, итлоқ мешудааст.

Аммо хеле аз туркҳои форсигӯ ба тадриҷ дар фарҳанги ҳокими форсивон ҳазм гардида ва тоҷик мешудаанд. Марзи тафкики тоҷик ва туркони форсигӯ сайёл будааст.

Қабоили бумӣ, ки форсивон мешудаанд ва туркҳои ҳокиме, ки форсӣ меомӯхтаанд ва паштунҳое, ки форсизабон мешудаанд, камубеш ва ба тадриҷ дар баданаи тоҷик ҷазб мегардидаанд.

Ин гуна тоҷик шабоҳат ба сутуни фарҳангӣ ва сиёсии ин ҷуғрофиёро доштааст. Тоҷикон дар идора ва фарҳанг ва иртиботот мисли ҳаста дар ҷуғрофиёи кунунии Афғонистон ва дар мавориде фаротар аз он нақш адо мекардаанд.

Бо ин таъриф, паштунҳои форсивони бурида аз равобити қабилаӣ, ҳазораҳои суннӣ, ки чандин қарн бо соири тоҷикон зиндагӣ кардаанд, узбекҳои форсивоншуда ва ононе, ки дар даврони Нодири Афшор ва Аҳмадшоҳи Абдолӣ ба шаҳрҳои Афғонистон барои умури идорӣ ва низомӣ аз Эрон оварда шуда буданд (қизилбошон, курдҳо ва баётҳо), тоҷиканд ё ҳадди ақал бар асоси суннати қадими тоҷик шудан, даври ҳастаи фарҳангии тоҷик қарор мегирифта ва ба таври билқувва ба ҷиҳати тоҷик шудан «майлон» доштаанд.

Дувум, тоҷик бо таърифи ҷиҳодии қабилаӣ. Дар даврони ҷиҳод ва пас аз он таърифи тозае аз тоҷик ба миён омадааст, ки барои он решаҳои қабилаӣ ва хунӣ ҷустуҷӯ мешавад. Ин гуна тоҷик худро дар оинаи сохтори қавмии паштун ва ҳазора ва узбек мебинад. Дар ҳоле ки он се қавм бештар иттиҳоди қабоил будаанд ва сирфан бо забон ва шеваи зист муаррифӣ намешудаанд.

Нигоҳи ҷиҳодӣ ва қабилаӣ ба тоҷик мунҷар ба буҳрони ҳувият шудааст. Тоҷикон вақте бо мафҳуми хунӣ ва қабилаӣ дар худ нигоҳ мекунанд, чунон мутанаввеъ ва пароканда ба назар мерасанд, ки дар таърифи ҳувияти «қавмӣ»-и худ дармемонанд.

Намедонанд марзи тоҷик куҷост. Панҷшерӣ ва ҳиротӣ, роғӣ ва аймоқ, дарвозӣ ва парвонӣ наметавонанд мисли «дай»-ҳои ҳазора ва «зай»-ҳои паштун қиссаи муштараки қабилаӣ барои худ бисозанд.

Ҷиҳодгароӣ ва тавассули «модерн» ба суннатҳои қабилаӣ кулли Афғонистонро дучори дардисар кардааст, вале дардисари қавмгароёни тоҷик бештар аст.

Сохтани шаҷараи қавмӣ барои тоҷикон ва ҷудо кардани он аз соири форсизабонон мисли ба мушт гирифтани ҳаво сахт аст ва талош дар ин масир тоҷикро мутафарриқ ва кӯчактар мекунад.

Агар нухбагони тоҷик айнаки ҷиҳодӣ ва қабилаиро канор бигузоранд ва ҳувияти худро бо шиносаҳои фарҳангӣ таъриф кунанд, корашон бисёр осон хоҳад шуд.

Дар он таъриф тоҷикҳои Афғонистон дар қадами аввал мегӯянд паштузабон нестем, форсизабонем, дар қадами дувум мегӯянд форсизабони турк ва муғул (аз ҷумла ҳазора) нестем.

Дар он сурат ҳамаи форсизабонон, ба шумули ҳазораҳои суннӣ, ки бо дигар форсивонҳои ғайриҳазора омехтагии фарҳангӣ ва ҷуғрофиёӣ ва хунии қобили таваҷҷуҳ ёфтаанд, ба тадриҷ нахуст муттаҳидони фарҳангии тоҷик ва баъд дар чатри калонтар — форсивон — ҳамтоёни фарҳангии тоҷик мешаванд.

Дар ин рӯйкард тоҷик ба ҷойи хазидан ба даруни худ ва полидани решаҳои хунӣ ва Ҷамшедӣ, ба воқеиятҳои пешорӯи худ тан дода, мунъатифтар мешавад ва дар ҳавзи калонтар — «форсивон» — бо ҳамаи форсизабонони Афғонистон, аз ҷумла ҳазораҳо, идғом мегардад.

Ташкили Шӯрои Аймоқ барои зеҳнияти ҷиҳодзада ва қабилаии қавмгароёни тоҷик хатар аст, вале барои тоҷиконе, ки худро бо ҳувияти фарҳангӣ ва забонӣ таъриф мекунанд, Шӯрои Аймоқ ва ҳазораи суннӣ ва Иттиҳодияи панҷшериён ва ҷамшедиён ва дарвозиҳо ва шуғнониҳо ва баётҳо ва қизилбошон таҳдид шумурда намешавад.

Чун онон медонанд аймоқ вақте ҳувияти маҳаллии худро барсозад, аз ҳувияти калони фарҳангии форсивон намекӯчад ва вақте форсивон бошад, тоҷик ё ҳамтои забонӣ ва фарҳангии тоҷик аст.

Дар таърифи фарҳангӣ ва ғайриқабилаии ман, масалан, худро тоҷик ё ҳамтои фарҳангии тоҷик медонам, агарчи аз назари қавмӣ ҳазораам.

Дар таърифи ҷиҳодӣ ва қабилаӣ аммо на худамро тоҷик ҳис метавонам ва на иҷоза хоҳам дошт чунон қаробатеро бо тоҷикон иддао кунам.