Дар минтақа чӣ гуна назми таърихӣ фурӯ мепошад?

Нависанда: Ориф Ҳасанхон Охундзода, муҳаққиқ ва таҳлилгари масоили минтақаӣ ва Покистон, узви Шӯрои машваратии ”Сангар”

Харитаи боло нишон медиҳад, ки чӣ гуна ҳамсоягии давлат-миллатҳои модерн дар маркази Осиёи Ҷанубӣ таҳти таъсири Бритониё, Русия ва импературии Усмонӣ шакл гирифтааст: сарзаминҳое, ки бахше аз давлати қадими Эрон буданд, монанди Афғонистон, Покистон, Туркманистон ва ҳамчунин минтақаи Қафқози Ҷанубӣ, таҳти нуфузи Инглису Русия - истеъмори ҷадидтар идғом шуданд. Бритониёиҳо бо эҷоди як “сангар”-и минтақаӣ (Афғонистон+манотиқи дараи Синд-баъдан Покистон) машғул буданд, то аз сарзаминҳои императории Ҳинд дар баробари Русия муҳофизат кунанд, дар ҳоле, ки худи Русия дар ҳоли густариши нуфузаш ба самти ҷануб буд. Сангари Бритониё баъдан бар давлати ҷадиди Покистон мутамаркиз шуд, ки аз соли 1947 ба баъд барои истифодаи амрикоиҳо ба таври муқтазӣ "ба мерос гузошта шуд".

Дар ин бурҳаи ҳассоси таърих, мо шоҳиди фурӯпошии сохторҳои сиёсии пӯсидаи ҷаҳонӣ ҳастем, ки дар 100 соли гузашта бар ҷаҳон мусаллат буда ва авоқиби вайронгареро дар пай доштааст. Теъдоди каме воқеан аз ин равандҳо огоҳ ҳастанд ва шояд камтар касе ҳатто алоқа ба донистани онҳо дошта бошад. Ба ҳар ҳол, дунёи имрӯз ин аст, ки чӣ гуна метавон муроқиби худро дар ғафлат андохт ва пас "лагад зад".

Бо ин ҳол, решаҳои ин сохторҳо ба замони бисёр дуртар бармегардад - ба замоне, ки асри илмӣ ва фановарии “модерн”-и башар дар Аврупо тулӯъ карда буд ба номи Ренесанс. Харитаи қобили тааммуле, ки дар тасвири боло нишон дода шудааст, танҳо ба бахши хосе аз ин сохторҳо марбут мешавад, албатта, бахши муҳимме. Боз ҳам асрори пинҳон ё ношинохтаро дар сутӯҳи маъмулӣ ё рӯзмарраи ҷомеаву гуфтумон, дар робита бо мавзӯъоте, ки мардуми одӣ дар мавриди онҳо бардоштҳои соддае доранд, бисёр мутафовит ҳастанд, аммо асосан онҳоро таҳти таъсир қарор медиҳанд, ифшо мекунад.

Ин нақша сарзаминҳоеро нишон медиҳад, ки ба таври худсарона аз давлати қадими Эрон тавассути Бритониёи императорӣ, дар даврае, ки он дар ҳоли сохти сангари дифоъии аслӣ барои "нигин" ("Роҷ"-и ҳиндӣ) буд, тасоҳуб шуда буд. Ғорати 300-сола як ҷазираи кӯчаки Аврупо дар савоҳили уқёнуси Атлантикро ба як бартари ҷаҳонӣ табдил кард, ки қаблан ҳаргиз дида нашуда буд. Ҳадаф аз сангари мавриди баҳс, дафъи танҳо душмани воқеӣ дар ҷаҳон буд, ки нажоди инглисӣ то ба ҳол, ҳадди ақал дар даврони “модерн” доштааст ва он ҳам Русия - чӣ императории тазорӣ, чӣ Шӯравӣ ё чӣ “ҷумҳурӣ”-и пас аз ҷанги сард буду ҳаст. Агар бихоҳем мунсиф бошем, нақшаи зикршуда ҳамчунин сарзаминҳоеро нишон медиҳад, ки Русия тариқи муоҳидаҳо бо моҳияти мушобеҳ аз Эрон гирифтааст.

Русия бузургтарин давлат дар ҷаҳон аст, як императории заминии васеъ дар Авруосиё, ки дар авохири қарни ҳаҷдаҳум дар замони император Екатеринаи Кабир, замоне, ки Бритониё дар ҳоли мулҳақ кардани қаламравҳои охирин ба султаи “ширкат”-и худ дар Ҳинд дар замони подшоҳ Ҷорҷи севум буд, шаклу абъоди кунунии худро ба даст овард. Русия бо як кишвари ҷазираии кӯчак, ки таҳти султаи моликони ҳарис аст, фосилаи зиёде дорад. Ин рақобат фасле ба номи "Бозии Бузург" дар марказу ҷануби Осиёро 250 сол пеш оғоз кард, чандин марҳаларо пӯшиш дод ва амалан танҳо ду сол пеш ба поён ёфтан шуруъ кард. “Бозии бузург” шояд амиқтарин, шадидтарин ва тӯлонитарин даргирии геополитикии “бераҳмона” байни қудратҳои ҷаҳонии даврони модерн бошад, агарчи амалан ба назар намерасад.

Бо бозгашт ба сангаре, ки дар боло ишора шуд, ҳатто пас аз ин ки Бритониёи Кабир аз Ҳинд – нигини императории худ пас аз соли 1945 даст бардошт, машъалро ба ҳомии худ дар Амрикои Шимолӣ дод, ки шохае аз Бритониё буд, оне, ки ба таври ҷудогона дар як тарафи дунё рушд карда, ба равиши хориқулода, ки волидайнаш дошт, ба парвоз даромада буд.

Созаи сангари Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ низ ба таври муқтазӣ бо тамоми лавозими он ба Амрико мунтақил шуд то дар шароити ҷадид ва дар сурати ниёз мавриди истифода қарор гирад. Агар шароити қадимӣ ба ин маънӣ буд, ки сангари дифоъ аз Ҳинди Бритониё дар баробари таҷовузи Русия буд, шароити ҷадид онро эҷоб мекард, ки аз манофеъи Ховари Миёнаи Амрико (муртабит бо нафт) дифоъ кунад, ҳамчунин аз Русияи Шӯравии ҳатто бузургтар. Ҳамон тур, ки ғорати Ҳинд дар савқ додани Бритониё ба султаи ҷаҳонии муассир буд, нафт низ хуни ҳаётиест, ки тамаддуни технологии модерн бидуни он қодир ба анҷоми коре нест. Ҳадди ақал дар ҳоли ҳозир.

Ин сангари геостратегии Бритониё аз сарзамине ташкил шуда буд, ки марҳала ба марҳала ба ду ҷузъи муҷаззои давлатҳои миллӣ, ки дар дунё ба номи Покистон ва Афғонистон шинохта мешуд, тарсим шуда буд. Покистони каме пешрафта навъе маркази фармондеҳии ниёбатӣ буд, дар ҳоле, ки Афғонистон аз назари физикӣ беш аз ҳар чизи дигаре ба ҳоил будану шудан наздик аст.

Тамоми ин минтақа масири бостонии транзитӣ барои ҳамлаи урдаҳои авруосиёӣ ба сарзаминҳои пурнуфусу ғании эрониву ҳиндӣ буд ва аз ин рӯ, кӯдакону бақоёе аз ин қабил дар ин қаламравҳо ускон ёфтанд, ки бо шеваҳои саркашу мутазалзили худ наметавонистанд бо ҳам муттаҳид шаванд ва миллатҳои босубот ташкил диҳанд ё сукунат кунанд, аммо дар иваз бо хушҳолӣ ба унвони маводи буферӣ барои манофеъи дигарон амал карданд.

Аз ин рӯ, танҳо ба чунин тартиботе ниёз буд то ин гуна ниҳодҳои сиёсӣ дар шакли аввалия ва мавҷудияти худ барои таҳаққуқи аҳдофи аслии геополитикӣ боқӣ бимонанд. Ин миллатҳои “рифоҳ” набуданд, ки ба таври идеал барои авлавият додан ба осоиш, тавсеа ва рифоҳи шаҳрвандони худ сохта шудаанд, балки сирф абзорҳои геополитикӣ буданд, ки тавассути дуздону раҳзанон дар ҳама сутӯҳ идора мешуданд ва ҳамеша омодаи хадамоти хоинона барои анҷоми ҳар гуна шарорати мавриди ниёз моил буданд.

Тавсифи паёмадҳое, ки ин сангар дар мароҳили мухталифе истифода ва вуҷуди худ эҷод кард, дар ин ҷо мавриди назар нест, зеро ин амр мусталзими инҳирофи тӯлонӣ аз мавзӯъи мавриди баҳс аст. Кофист бигӯем, ки бо поён ёфтани умр ва корбарии он, ин соза низ акнун ба ҳам рехтаву матрук аст ва дигар қобили нигаҳдорӣ нест. Он дарвоқеъ ба худии худ манбае барои ғайри қобили пешбинӣ будан ва хатар шудааст, бар замми ин, ба маҳалле, ки дар он тоун аз анвоъи мухталиф метавонад рушд кунад. Забоне, ки ман ба кор бурдаам мумкин аст истиораи болое дорад, аммо маънои он бояд ба вузӯҳ барои ҳама ошкор бошад.

Дар мавриди вазъияти худи сангар - Афғонистон ба далели вақоеъи чиҳил соли гузашта тале аз хокистару вайрон шудааст, аммо дар даврони муосир ҳаргиз ҷое барои шурӯъи як сарнавишти ҷадид  набуд, бахусус, аз замони тасаллути паштун-афғон бар шарқи Эрон/Хуросон. Ман дар мавриди даврони шукӯҳи императории Эрони бостон ва устони афсонаии он Бохтар сӯҳбат намекунам, ки 1000 сол пеш дуруст дар оғози зуҳури Афғонистон аз байн рафт. Афғонистон акнун таҳти султаи Толибони паштун аст ва ман интизор надорам, ки битавон дар ояндаи қобили пешбинӣ дар мавриди беҳбуди вазъияти он кори зиёде анҷом дод.

Покистон дар остонаи фурӯпошии куллии молӣ ва системӣ печидааст. Аз замоне, ки ба ҳомиёни инглисӣ-амрикоии худ кӯмак кард то дар ҷиҳоду ҷанги сард пирӯз шаванд, пайваста дар ҳоли нузул будааст. Аммо ҳукми марги он дар авохири соли 2021 имзо шуд, замоне, ки Иёлоти Муттаҳида аз Кобул рӯ ба фирор овард ва амалан ин саҳнаи геополитикиро раҳо кард ва ба Толибон иҷоза дод дубора маркази Афғонистонро пас аз бист соли "тӯлонитарин ҷанг" ва рехтани триллионҳо доллар дар сиёҳчола пас бигиранд.

Толибон ин бор натанҳо маҳдуд ба марзҳои давлати Дурронӣ аст, балки ба унвони Таҳрики Толибони Покистон дар манотиқи паштун-афғони Покистон вуҷуд дорад. Ин бор онҳо ҳамон дороиҳои иттилоотӣ ва стратегии артиши Покистон нестанд, ки дар ибтидо дар соли 1994 ва солҳо пас аз он буданд. Онҳо акнун дар миёни душманони аслии давлати Покистон ҳастанд ё он чӣ аз он боқӣ мондааст.

Ва то он ҷо, ки ба Амрико рабт мегирад, Толибон як дарди сари Покистон аст, ки акнун ба танҳоӣ бояд бо он муқобила кунад. Аксар покистониҳо ҳаргиз наҷобат ё шарми эътироф ба нақшофаринӣ ва костиҳои пасти худро нахоҳанд дошт ва дар иваз тарҷеҳ медиҳанд бо теорияҳои тавтеаи печида ва дар айни ҳол музҳику хандадори худро шево ва мубтазал дар талоше хом барои пинҳон кардани ҳақоиқи зишти худ баён кунанд.

Имронхон, тозакори сиёсӣ ва марди бадахлоқ ба сабки “секс-намоди исломӣ”-и ҳоким бар Покистон, пас аз солҳо эҷоди ошуфтагӣ дар ҳукумат, ҳамон тур, ки ҳамеша дар ин кишвар вуҷуд дорад, саъй кард аз ҷаззобияти ситораи маҳбуби крикет ва тасвири умумии худ барои ироаи роҳе барои хурӯҷи Покистон аз ин махмаса истифода кунад. Ӯ дар ҳамон шабе, ки Русия амалиёти худ дар Украинаро оғоз кард, меҳмони Владимир Путин дар Маскав буд ва ҳимояти комили худро аз иқдоми мизбонаш анҷом дод. Аммо ин як иштибоҳи муҳосиботии пурҳазина аз сӯи ӯ буд, ба далели дарки соддалавҳонааш аз воқеиятҳои геостратегӣ, бавежа воқеиятҳои Покистон ва камтар аз ду моҳ баъд, замоне, ки Амрикои хашмгин аз иқдоми ӯ дастури барканории вайро содир кард, кораш тамом шуд.

Ниёбатиҳои суннатӣ ва фармондеҳони Покистон бисёр хушҳолона амри Амрикоро ба ҷо оварданд ва фикр карданд, ки мумкин аст ба наҳве лутфу фазли қадимии ҳомиёни собиқи худро, ки акнун дар ҳоли коҳиш буд, дубора баргардонанд. Ба гунае, ки мамлув аз киноя аст, ҷаззобияти ин мард барои тӯдаҳои покистонӣ ҳавли таҷассуми ӯ аз зарқу барқи бозии крикет, яке аз намодҳои аслии имтиёзоти нухбагони истеъмории бритониёӣ аст. Ва бар хилофи аксар тасаввуроте, ки акнун мунташир мешавад, нишонаҳои суқути ниҳоии Покистон дарвоқеъ дар даврони тасаддии Имронхон дар қудрат ошкор шуд, на дар натиҷаи барканории ӯ. Ӯ қаблан дар ин робита мавриди нафрин қарор мегирифт, аммо хотираи ҷамъии Покистон на танҳо кӯтоҳ аст, балки гароиш ба фиреб дорад.

Дар ҳоли ҳозир авзоъ барои идомаи ҳаёти Покистон аз чӣ қарор аст? Биёед, аз он чӣ, ки масъулони идораи Покистон фикр мекунанд, огоҳ шавем. Фалсафаи соддаи онҳо, ки дар ягон луғату истилоҳ нест, ин аст: “То замоне, ки саги ин ё они дигаре бошем, хушҳолем. Аммо мо мехоҳем сагҳои арбобе бошем, ки бо мо меҳрубононанд, мураттабан моро навозиш мекунанд ва ҳар аз гоҳе устухонҳои хубе ба мо медиҳанд... Ва замоне, ки ин ҷо ҳоламон бад шуд, лонаҳои хубе (муҳоҷират) барои мо фароҳам мекунанд”.

Ҷанбаи ғамангез ин аст, ки онҳо ба дарки ин мавзӯъ намерасанд, ки арбобони қадимиашон дигар ба онҳо дар нақши ҳоиле, ки дар тӯли 200 соли гузашта ё бештар ба он одат доштаанд, ниёзе надоранд. Ва агарчи онҳо ба думболи арбобони ҷадид дар сурати фосила гирифтан аз арбобони қадимӣ мегарданд, онҳо тамоюл доранд Русияву Чинро дар як дидгоҳ дар назар бигиранд, ки ба содагӣ қобили иҷро нест, зеро аҳдофи геостратегӣ ва усули сиёсии ин қудратҳои авруосиёӣ ба шиддат бо фардгароии шахсии англосаксонҳои ҳарис дар тазод аст ва онҳо ҷое барои пазириши як синф аз сагҳои хонагӣ низ надоранд, ҳадди ақал на аз зоти кулии дупо. Дарки ин мавзӯъ барои касоне, ки ҳеҷ усуле барои шурӯъ надоранд, душвор аст.

Аз сӯи дигар, паштунҳои баландовоз дар ҳар ду тарафи хатти Дюранд - каллабурони шарур ва дар айни ҳол соддаву арзон барои истихдом ҳастанд ва муҳим нест, ки чӣ қадар сарватманд ё қудратманд бошанд. Яке фарз мекунад, ки онҳо қарор аст ҳамин тур бошанд. Онҳо ҳамеша бо камоли майл ба ҳар нақши касифе омодаанд, агар фақат як чизро ба даст оваранд - пул. Табиат ва ангезаҳои онҳо дар ғайри ин сурат бисёр печидаву мураккаб аст, аммо пул роҳе барои буридан аз чунин гиреҳҳои Гурдин дорад.

Вежагии аслии онҳо потенсиали манфии ғайриқобили рақобати онҳост ва бештар аз ин тавоноии чизҳои дигареро надоранд. Инглисҳо онҳоро ба унвони лавозими ҷонибӣ ва аҷир дар масъулияти хидматкорони панҷобии худ қарор доданд. Ин потенсиали манфии паштун буд, ки бунёдгароии исломии модернро дар шакли ҷиҳодии он эҳё кард, ки дар ниҳоят хоинона ҳам ба амрикоиҳо ва ҳам ба панҷобиҳо бозгашт. Ин танҳо натиҷаи хуб барои ман дар ин шароит аст.

Маълум аст, ки ошуфтагии ҷолибе дар роҳ аст... Ва барои ҳама ин шахсиятҳои нохушоянд орзу мекунам, ки Худо онҳоро нигаҳ дорад!