Чӣ гуна вазъияти геополитикӣ дар Осиёи Марказӣ ва сарнавишти Афғонистон ба “амалиёти низомии вежаи Русия дар Украина” бастагӣ дорад?

Нависанда: Фарид Аҳмад, сардабири “Сангар”

Тамоми бистарҳои геополитикӣ ва нуфузе, ки Русия қабл аз соли 1917 ва пас аз инқилоби Октябр тавассути болшевикҳо то соли 1991 эҷод кард, бо фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ фурӯ пошид.

То авоили даҳаи 2000-и ин қарн Русия умдатан нигарони мушкилоти дохилии худ буд. Дар кишварҳое, ки пас аз фурӯпошии Шӯравӣ ба вуҷуд омаданд, илова бар ҷумҳуриҳои Балтика ва Гурҷистон, Русия дар Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ (ИДМ) нуфуз ва бистарҳои геополитикии худро барои тазмини амнияти миллии худ ҳифз кард.

 Русия аввалин иштибоҳи геополитикии худро замоне муртакиб шуд, ки (Ғарб дар натиҷаи яке аз бузургтарин тавтеаҳои қарн, яъне ҳамлаи террористӣ ба Амрико дар 11 сентябри 2001, ҷанг алайҳи созмони террористии Алқоидаро дар Афғонистон оғоз кард) мувофиқат намуд, ки фазои худро ба рӯи Амрико ва муттаҳидонаш боз кунад ва ҳамчунин бо ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз бо Вашингтон ва муттаҳидонаш мувофиқат кард. Дар натиҷа Амрико ва муттаҳидонаш ба аҳдофи худ даст ёфтанд, ки ба хотири он бо кӯмаки террористҳо даст ба ин тавтеа зада буданд.

Дар ин солҳо умдатан ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар сиёсати хориҷии худ аз мафҳуми рӯйкарди чандбардор (консепсияи бисёрсамтӣ) истифода карданд, ки ҳадафи аслии он ҳамкорӣ бо Ғарб, он ҳам ба хотири тазмини амнияти худ аз зовияи Афғонистон ва ҳам ҷалби сармояи хориҷиву созмонҳои байнулмилалии молиявӣ барои рушди иқтисодҳояшон буд.

Боз ҳам ҳузури 20-солаи нерӯҳои амрикоӣ ва неруҳои ҳофизи сулҳи НАТО дар Афғонистон нишон медиҳад, ки ҳадафи онҳо аз ҳамон ибтидо беҳбуди вазъият дар он кишвар ва ҳам кишварҳои ҳамсояаш набудааст. Ҳадафи аввалии онҳо ҳузур дар манотиқи таҳти нуфузи Русияву Чин ва ҳадафи ниҳоиашон берун овардани ин ҷуғрофия аз ин ду буд. Ин ҳадаф ҳамоно пайгирӣ мешавад.

Пас аз хурӯҷ аз Афғонистон, Амрико ва НАТО қудратро ба ҷунбиши мазҳабии радикалтар, Толибон супурданд, ки барои ба ҳадафи аслӣ расидани онҳо кӯмак мекунад. Ҷунбиши Толибон, ки тавассути истихбороти Покистон дар авоили соли 1993 дар вилояти Кандаҳори Афғонистон бо талошҳои англосаксонҳо созмондеҳӣ ва то ин замон худро дар саҳнаи Афғонистон тақвият кард. Толибон идеологияи фирқаи девбандиеро густариш медиҳанд, ки дар нимаи дувуми қарни нуздаҳум дар Ҳинди Бритониё аз сӯи истихбороти инглис ва бо истифода аз шахсиятҳои мазҳабии мусулмони маҳаллӣ ба майдон омад. Намунаи дигар, Арабистони Саудӣ аст, ки умтадан бар пояи ақидаи ҷараёни салафӣ тақвият шуд. Вазифаи салафиҳо рақобат бо Эрони шиа – рақиби дигари англосаксонҳо дар минтақа аст.

Ҷаҳони пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии собиқ дар авоили даҳаи 90 – и қарни гузашта, ки дар натиҷаи он Амрико ба танҳо қудрати яккатози ҷаҳон табдил ёфт, бисёр тағйир кардааст. Чин ба дувумин иқтисоди бузурги дунё табдил шуда ва зарфияти низомии худро тақвият кард. Русия пас аз суботи сиёсӣ ва иқтисодӣ дар поёни қарни гузашта ва оғози даҳаи 2000 – и ин қарн, шурӯъ ба тақвият ва бозгардондани нуфузи геополитикии аздастрафта дар атрофи худ ва ҷаҳон кард.

Англосаксонҳо, ки пас аз фурӯпошии Шӯравии собиқ худро танҳо арбоби ҷаҳон медонистанд, аз ҳамон ибтидо ин тағйиротро пешбинӣ карданд ва омода шуданд. Агар дар ибтидо пружаи Украина ва пружаи Афғонистон ду пружаи геополитикии алоҳидаи Ғарб барои тавсеа ва тақвияти нуфузи геополитикӣ дар фазои Русия буданд, акнун ҳар ду пружа бисёр ба ҳам пайваста ва вобаста ба якдигар ҳастанд. Замоне, ки Ашраф Ғани Аҳмадзай, раисҷумҳури Афғонистон дар 15 августи соли гузашта ба таври мармузе аз кишвар фирор кард ва Толибон қудратро ба даст гирифтанд, теъдоди каме бовар доштанд, ки агар кӯмакҳои хориҷие, ки 80 дарсади будҷаи кишварро ташкил медиҳад, мутаваққиф шавад, Толибон наметавонанд қудратро ҳифз кунанд. Беш аз як сол мегузарад ва “муллоҳои хашин” на танҳо дар қудрат монданд, балки пули кишвар – афғонӣ, монанди қабл аз ба қудрат расидани онҳо, дар баробари арзҳои хориҷӣ устувор монд.

Ин ҳам аз баракати англосаксонҳо ва шарикони осиёии онҳост. Бар асоси иттилооти таъйиднашуда, Толибон моҳона то 600 миллион доллари амрикоӣ аз кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форс (Арабистони Саудӣ, Иморот, Қатар ва соири кишварҳо дар қолаби кӯмакҳои башардӯстона) дарёфт мекунанд. Том Вест, намояндаи вижаи Амрико, чанде қабл изҳор дошт, ки Амрико тайи як соли ахир ба Толибон 1 миллиарду 200 миллион доллар кӯмак кардааст. Ин пул барои ҳифзи қудрати худи онҳо ва ҳамчунин артишу муздурони хориҷии мустақар дар Афғонистон истифода мешавад.

Нуфузи геополитикии Русия дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз авоили даҳаи 2000 рӯ ба коҳиш буда ва дар ҳоли ҳозир ба далоиле бисёр заиф аст. Аввалан, ҳамкориҳои иқтисодиву сиёсии кишварҳои минтақа бо Ғарб, бахусус, дар соҳаи нафту газ, мӯҷиби пайдо шудани ҳисобҳое дар бонкҳои ғарбӣ ва манотиқи фаросоҳилии таҳти контроли Ғарб шуда, амалан онҳоро ба гаравгонҳои Ғарб табдил кардааст. Дуввум, созмонҳои ғайридавлатии мухталиф, ки бо “грант” – у кӯмакҳои молии Ғарб вуҷуд доранд, амалан ба пешгомони ҷабҳаи таблиғоту корҳои истихборотӣ алайҳи Русия табдил шудаанд. Солисан, бархе аз ҷумҳуриҳои аз лиҳози иқтисодӣ заъиф барои бақои худ аз кӯмакҳои молӣ ва фаннии марокизи молии ҷаҳонӣ (IMF, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд) бастагии шадид доранд.

Бо ин ҳол, авомили мусбате низ вуҷуд дорад, ки ба навъе нуфузи Русияро дар минтақа ҳифз мекунад. Ин ҳимоят ва эҳсосоти тарафдории Русия дар ҷомеаи ин ҷумҳуриҳост. Агар дар Қазоқистон аксарияти ҷамъият аз “амалиёти низомии вижаи Русия дар Украина” ҳимоят намекунанд, дар Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон, баракс, аксарияти ҷамъият тарафдори Русия ҳастанд. Ба таври табиӣ, омили аслӣ дар ин ҷо муҳоҷирони корӣ ва ҳамчунин афзоиши рӯзафзуни касби шаҳрвандии Русия тавассути мардуми ин ҷумҳуриҳо аст.

Карикатураи "Мушкилоти воқеӣ бо "бедорӣ" оғоз хоҳад шуд", 1900 (Русия, Инглис, Олмон, Италия, Фаронса ва Япония бар пайкари Чин меҷанганд. Амрико тамошо мекунад)

Афғонистон дар ҳамсоягӣ бо ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқи Осиёи Марказӣ, беш аз чиҳил сол аст, ки майдони бозиҳои геополитикӣ - ибтидо байни Ғарб ва Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии собиқ буд ва акнун байни қудратҳои ҷаҳониву минтақаӣ аст ва ҳамоно ҳамчун конуни таниш боқӣ мондааст.

Ин конун, ки ба дасти Ғарб ва умдатан англосаксонҳо эҷод шудааст, ҳар лаҳза метавонад мунфаҷир шавад ва кулли минтақаро бесубот созад. Бинобарин, Ғарб барои контроли Русия дар пружаи Украина, Русияро бо кӯмаки пружаи Афғонистон дар ҳолати таълиқ ё режими интизор нигаҳ медорад. Дар сурати лузум, яъне муваффақият ё шикасти “амалиёти низомии вижаи Русия дар Украина”, бо кӯмаки ин пружа, вазъияти минтақаро бесубот ва ҷабҳаи дувумро алайҳи Русия боз мекунад.

Пружаи Афғонистони англосаксонҳо ҳамчунин як омили боздоранда дар баробари мушкилоти ҷудоиталабии Чин дар минтақаи худмухтори Уйғуру Шинҷони ҳаммарз бо Афғонистон аст. Мумкин аст ин савол пеш биёяд, ки ҷунбиши Толибон ба лутфу ҳимоятҳои сиёсӣ ва ғайраи Чину Русия, Амрико ва муттаҳидонашро маҷбур ба хуруҷ аз Афғонистон кард ва Толибон даст ба ин таҳрик (провокатсия) намезананд.

Ҳамон тур, ки мегӯянд, Шарқ мавзӯъи зарифест. Аввалан Толибон ба унвони як пружаи хориҷии эҷодшуда, мустақил нест ва бозигари аслии ин пружа англосаксонҳо ва Покистон ҳастанд. Покистон, ки аз ибтидои таъсис то ба имрӯз тавассути инглисҳо ба таври маснӯъӣ эҷод шудааст, аз назари сиёсӣ ва иқтисодӣ вобаста ва бидуни ҳимояти онҳо маҳкум ба шикаст аст. Қудрати воқеӣ дар ин кишвар дар дасти артиш аст, ки фармондеҳонаш умдатан донишҷӯён ва фориғуттаҳсилони донишгоҳҳои низомӣ дар Амрико ва Бритониё ҳастанд.

Дар таърихи Покистон, ду раҳбар, ки саъй дар тағйири вобастагӣ доштанд, яке ҷон бохт (генерал Зиёулҳақ дар сониҳаи ҳавоӣ), дигаре пас аз сафар ба Маскав дар 23 феврали 2022, қабл аз шурӯъи “амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина”, рӯзе баъд бо кӯмаки артиш аз симмати худ барканор шуд (сарвазир Имронхон). Ҳар ду аз назари миллият паштун буданд.

Наздикии Покистон ва Чин, ки ҳанӯз дар даҳаи 70 – и қарн гузашта оғоз шуд, моҳияти тактикӣ дорад. Ҳар ду бо як душман, яъне Ҳинд, меҷанганд. Илова бар ин, Покистон ба зӯри калтак, ки контроли қаламрави вилояти мавриди муноқишаи Кашмир бо Ҳиндро дар даст дорад, бахше аз қаламрави мавриди муноқишаро ба Чин мунтақил кард. Онҳо бо доштани равобити дӯстонаи бисёр наздик бо Чин, дар ҳамон замон, ба дастури мутасаддиёни худ, бисёре аз ҷангиёни ӯйғурро дар Вазиристони худ паноҳ доданд, ки нишон медиҳад ин манотиқ таҳти контроли онҳо нест. Бо дар назар гирифтани ин авомил, тавсеаи мавқеиятҳои геополитикӣ ва бозиҳои геополитикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар ин марҳала то ҳадди зиёде бо вазъияти Украина муртабит аст ва метавонад ба таври зер пеш равад:

Аввалан, дар сурати муваффақияти комили “амалиёти низомии вижаи Русия дар Украина”, эҳтимоли бесубот шудани минтақаи Осиёи Марказӣ тавассути Толибон ва ҷангҷӯёни хориҷие, ки ба манзури кушодани ҷабҳаи дувум алайҳи Русия дар Афғонистон паноҳ бурдаанд, бисёр зиёд аст.

Сониян, дар сурати муваффақияти нисбии “амалиёти низомии вижаи Русия дар Украина” дар маҳори Русия, англосаксонҳо бо кӯмаки ин нерӯҳо барои ҷудо кардани минтақа аз Русия ва мадори геополитикии он (яъне пружаи “Осиёи Марказии Бузург”) дар ҳолати таълиқ нигаҳ медоранд.

Солисан, дар сурати шикасти “амалиёти низомии вижаи Русия дар Украина” ва тазъифи нуфузи Русия дар минтақа, англосаксонҳо шурӯъ ба иҷрои барнома ва ҳадафи асли худ мекунанд: эҷоди як камарбанди геополитикӣ аз Балтика то Муғулистон, ки таҳти раҳбарии Бритониё иттиҳоде аз кишварҳои зер эҷод хоҳад шуд: Бритониё, Полша, Украина, Латвия, Литва, Эстония, Туркия, Озарбойҷон, Гурҷистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон. Аммо ин тарҳ низ бидуни ширкати Толибон ва ҳамкорони хориҷӣ – террористон имконнопазир аст. Далели умдаи вогузории Афғонистон дар ихтиёри онҳо низ ҳамин аст.

Дар ҳоли ҳозир Русия барои тақвияти нуфузи геополитикии худ дар Осиёи Марказӣ бояд ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодиро дар кишварҳои минтақа, аз ҷумла Афғонистон ва Покистон ташдид кунад. Дар шароити феълие, ки таҳримҳои Ғарб эълом шуда ва ширкатҳои русӣ ҳамкории маҳдуде бо Ғарб доранд, ин минтақа фазои муносибе барои ин ширкатҳо барои содирот ва сармоягузорӣ аст. Аз тариқи ташаккулҳои умумӣ (аҳзоби сиёсӣ ва соири созмонҳои мардумӣ) лозим аст ҳамкорӣ бо созмонҳои мушобеҳ дар минтақа ва дар заминаи амниятӣ, тақвияти кӯмак дар омӯзиши низомиён барои тамоми сохторҳои қудратӣ (артиш, вазорат умур дохилӣ, созмонҳои иҷрои қонун, дафотири додситонӣ ва ғайра) созмондеҳӣ шавад. Дар дунёи модерн, чандин ширкати низомӣ собит кардаанд, ки муваффақияти аслии бозигарони бузурги ҷаҳон дар тақвияти нуфузи геополитикии худ дар минтақа дар, ба истилоҳ, қудрати нарм аст, на истифода аз мушти низомӣ. Ҳамчунин метавон ба ин нукта ишора кард, ки то кунун Осиёи Марказӣ дар авлавияти сиёсати хориҷии Русия набуда ва ин мавзӯъ ба омили аслии тазъифи нуфузи геополитикии Русия дар минтақа табдил шудааст.